Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ҷавонмардо, ҷавонмардӣ биомӯз!

Ҷавонмардо, ҷавонмардӣ биомӯз!

18-10-2023, 09:12
Хабарро хонданд: 139 нафар
Назарҳо: 0
Ҷавонмардо,  ҷавонмардӣ  биомӯз!
Зуҳуроти терроризм ва мубориза ба зидди он яке аз мушкилоти байналхалқӣ ба ҳисоб меравад. Ин ду мафҳуми забонзадашудаи ҷаҳонӣ чӣ маъно дорад, яъне экстремизм чист ва террорист кист ва чӣ гуна ба ақидаҳои ҷавонон расидагирӣ мекунанд?
Экстремизм (аз забони лотинӣ (extremes) гирифта шуда, маънои охирин, канораро дорад) - фаъолияти сиёсие, ки барои амалӣ гардидани мақсадҳои авантюристӣ, моҷароҷӯии худ, зӯригарии ҷисмонӣ, услубҳои ҳарбӣ, террор ва фитнаро истифода мебарад. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст.
Терроризм як шакли экстремизм ба ҳисоб рафта, сабабҳои зуҳури он, таъсири он ба ҷаҳони муосир диққати ҷомеаи башарро ба худ ҷалб кардааст, ки дар натиҷаи фаъолияташ ҳолати осоиштагиро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ барҳам мезанад, кишварҳои орому осуда ва ободро вайрону валангор менамояд. Коршиносон бар он ақидаанд, ки ташкилотҳои террористӣ ҳар қадаре амалҳои зӯровариро зиёд намоянд, амалҳои онҳо ва сатҳи афзоиши пайравони онҳо низ зиёд ба назар мерасанд.
Имрӯз тибқи сарчашмаҳо доимо маълумот пайдо менамоем, ки гуруҳҳои террористӣ бо кадом роҳу воситае набошад, аъзоёни худро зиёд карда, аз дониши нокифояи сиёсии ҷавонони мо истифода бурда, бархе аз онҳоро ба сафи худ пайваст намуда, ақидаҳои иғвогаронаи худро амалӣ карда истодаанд.
Аниқ ва кушоду равшан аст, ки бештар ҷавонон ҳадафи асосии гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мегарданд. Чунки ҷавонон боғайрат, нотарс ва худхоҳу зудбовар ҳастанд, ки ифротиён аз ин истифода бурда, амалҳои террористии худро роҳандозӣ мекунанд.
Тавре ба мо маълум аст, шумораи зиёди падарону модарони тоҷик бар асари ба гуруҳҳои ифротӣ пайваст шудани фарзандонашон афсӯс мегӯянду бо дили афгор зиндагӣ мекунанд. Чунки фарзандашон аз роҳи дурусти тарбия берун баромада, барои падару модар ҳамчун доғ гардиданд. Ҳодисаҳои имрӯза нишон медиҳад, ки ҷавонони тоҷик бо мақсади сафари Русия, яъне муҳоҷироти меҳнатӣ барои дарёфти ризқу рӯзӣ рафта, баъдан бо сабаби наёфтани ҷойи кори доимӣ ба ин роҳ мераванд.
Маҳз барои ҳамин бояд дар вуҷуди наврасону ҷавонони мамлакат ҳисси ватандӯстию меҳри меҳанпарастӣ ҷой дода шавад, то ки ба миллату ватани худ содиқ бимонанд.
Мо ҷавонони шаҳри Норак амали ноҷавонмардонаи хоинону душманони миллату ватан ва кирдори нангини онҳоро маҳкум менамоем.
Ҷавонони бонангу номуси миллати тоҷик! Далериву шуҷоатмандиро дар роҳи Ватан, осудагии кишвар, барои падару модар ва пайвандони худ равона созед. Ба ин ноҷавонмардон наздик нашавед, чунки онҳо ҷоҳилу гумроҳ ва дар пайроҳаи тақдир сарсону ҳайрон мондаанд.
Боев Умедҷон –мудири бахши омор ва маҳзани ягонаи электронии КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак, раиси ТҶҶ “Созандагони Ватан”
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: