Экстремизм ва терроризм - падидаҳои номатлуби ҷомеа23-12-2017, 09:54
Хабарро хонданд: 467 нафар
Назарҳо: 0
Дар замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд. Маънои аслии «экстремизм» чист ва он чӣ гуна падида аст? Экстремизм – (аз калимаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus») гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон - дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Дар замони мо шахсоне, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила амалӣ созанд. Бисёре аз одамоне, ки дар зиндагӣ ҳисси маъюсӣ, нобоварӣ ва парешониро доранд, мавриди истифода қарор мегиранд. Инчунин шахсиятҳое истифода карда мешаванд, ки дониши кофии на динӣ ва на дунявӣ, тасаввуроти аниқ надоранд ба ин гуна гурӯҳҳо онҳоро шомил менамоянд. Экстримистон кӯшиш менамоянд, ки фарҳанг, анъана, урфу одат, динну маҳаб ва суннатҳои анъанавиро заиф созанд ва ҳатто, тамоман аз байн баранд ва ин нишондиҳандаҳо эътироз ва муқобилиятро ба миён меоранд Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳое ҳастанд, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳамагонанд ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст буда, бе ҳам вуҷуд дошта наметавонанд. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») маншаъ гирифта, маъноаш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ овардан аст. Таърихи афкору андешаи инсонӣ исбот менамояд, ки илму дониш ояндаи инсонро равшан ва обод месозад. Рӯ овардан ба маданияти миллӣ, фарҳанги ориёӣ, гузаре аз ниёгони аҷдодӣ, урфу одатҳои мардумиӣ дар марҳилаҳои муайяни таърихӣ, шинохти он маҳз ба дониш дарҷ мегардад. Нодонӣ, таҷассус накардан аз рӯйдоди ҳар падида, маншаи он, оини худро аз дигарон боло гузоштан, ки бузургони илм инкораш мекарданду натиҷаи бад ба бор оварданро нигарон буданд, заминае ба экстремизм гузошт. Агар халқ ва хусусан ҷавонон, аз таърихи хеш огоҳ мебуданд, бо назари таҳлил ба афкорҳои ононе, ки маҳз барои донистани роҳи дуруст дар коми қатли оммҳо ҷон бохтанд, ё ба бединӣ маҳкум шуда, парешонӣ насибашон гашт ва мақсади ҳамаи паҳнкунандагони хурофот ҷуз ҷамъ овардани мол ва ғорат, мансабе ва шӯҳрати қавмӣ ва манфиати шахсиро воло гузоштан рух медоданд, менигарстем, шуури миллӣ ва ваҳдатонӣ дар онон такомул меёфт, ҳаргиз даст ба рехтани хуни худу бегуноҳи дигаре даст намезаданд. Баҳраманд набудан аз ягон навъи дониш сабаби ба иллат гирифтор шудани шахс шуда метавонад. Иллати сар задани чунин падидаҳои номатлуб, хатари тафриқаандозӣ ва ҷудоӣ дар байни қишри ҷомеаи мо дар солҳои охир, ин пайдо шудани иғвоангезӣ, тахрибкорӣ, ҳизбгароиву гурӯҳбандӣ аз тарафи баъзе шахсон, садо додани таблиғоти бегонапарастӣ, зидди манфиатҳои миллӣ, давлатӣ, суханони таҳқиркунанда, қабеҳу фаҳш ва беасосу бадномкунанда, итоат накардан ба қонун ва дар ин замина ба вуҷуд овардани дуҳокимиятӣ дар фазои кишвар аст. Хушбахтона, барои дифоъ ва пуштибонӣ аз нангу номус, ҳувият ва арзишҳои миллӣ, манфиатҳои умумихалқиву умумидавлатӣ миёни мардуми кишвар ва аҳли ҷомеаро ба бетарафӣ намегузорад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.