Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

7-09-2023, 11:19
Хабарро хонданд: 149 нафар
Назарҳо: 0
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид5 сентябр байни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд, хабар додаст академияи мазкур.

Созишномаро Ректори Академияи идоракунии давлатӣ Абдухалил Ғафурзода ва намояндаи Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон Ангелина Шопп имзо намуданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариш додани ҳамкории гуногунҷониба ҷиҳати амалӣ намудани лоиҳаҳои гуногуни илмӣ-таҳқиқотӣ, баргузории чорабиниҳои муштарак, такмил додани меъёрҳои қонунгузорӣ бо инобати манфиатҳои миллӣ, ташаккул додани донишҳои ҳуқуқии башардӯстона ва дастгирии иқдоми тарафайн иброз намуданд.

Давоми солҳои охир ҳамкории гуногунҷабҳаи Академияи идоракунии давлатӣ бо шарикони хориҷӣ беҳтар гардида, дар доираи ин ҳамкорӣ сатҳу сифати таълиму тарбия ва иқтидори техникии Академия беҳтар гардидааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: