Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Таваҷҷуҳи сайёҳон ба тамошои ноҳияи Мурғоб меафзояд

Таваҷҷуҳи сайёҳон ба тамошои ноҳияи Мурғоб меафзояд

19-06-2023, 10:05
Хабарро хонданд: 123 нафар
Назарҳо: 0
Таваҷҷуҳи сайёҳон ба тамошои ноҳияи Мурғоб меафзоядИмсол бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб волйер ё эҳёхонаи озодапаланг ифтитоҳ гардид. Дар ин бошишгоҳи муваққатӣ он палангоне нигоҳ дошта мешаванд, ки ҳангоми ҳуҷум ба оғилхонаи чорводорон дошта шудаанд, ё ин ки он палангони пире ҳастанд, ки дигар тавони шикор надошта, ба пастиҳо фаромадаанд.

Тавре Кумитаи ҳифзи муҳити зисти мамлакат иброз доштанд, ифтитоҳи волйер дар ноҳияи Мурғоб имкон медиҳад, ки таваҷҷуҳи сайёҳони экологӣ ба ин ҷо зиёд гардад ва ин гӯшаи Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ шуҳрат пайдо намояд.

Мурғоб яке аз маҳалҳои муҳими сукунати озодапаланг ё бабри барфӣ аст.

Дар Мурғоб зироаткорӣ тақрибан вуҷуд надорад, аҳолии маҳаллӣ ба чорвопарварӣ (қутос (хушгов), улоғ (аспу уштур), бузу гӯсфанд) машғуланд.

Ҳамасола ба ин ҷо садҳо шикорчиёни хориҷӣ ба хотири сайди нахчир ва гӯсфанди Марко Поло меоянд. Барои хидмат ба шикорчиён дар ноҳияи Мурғоб панҷ ширкати маҳаллӣ фаъолият дорад.

Бояд гуфт, ки имсол дар ноҳияи Мурғоб нахустин боғ бунёд гардид, ки дар ҷаҳон баландтарин боғ аз сатҳи баҳр мебошад.
Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ин ноҳия ба нақша гирифтааст, ки чунин боғҳо ва дарахтзор дар мавзеъҳои Чечикдеҳ, Модиён, Шаймоқ, Булункӯлу Аличул, Рангкӯл низ бунёд созад ва дар талоши он аст, ки ноҳияи Мурғоб дар оянда ба яке аз мавзеъҳои ҷолиби сайёҳони экологӣ табдил ёбад.

Экологҳои ноҳия дар заминаи бинои замонавӣ осорхонаи табиати Помири шарқиро ифтитоҳ намуданд. Ҳоло дар осорхона нигораҳои зиёди ҳайвонот, наботот, ҳашарот, сангҳои кӯҳӣ, канданиҳои фоиданоки ин минтақа нигоҳ дошта мешаванд. Алҳол осорхонаи табиии ноҳия яке аз ҷойҳои муҳими ташрифи сайёҳони маҳаллӣ ва хориҷӣ гаштааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: