Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ҲАМЗИСТӢ БО ҲАЙВОНОТИ НОДИР

ҲАМЗИСТӢ БО ҲАЙВОНОТИ НОДИР

30-07-2020, 14:40
Хабарро хонданд: 244 нафар
Назарҳо: 0
Таҳқиқоти густурдае, ки аз ҷониби гурӯҳи коршиносон доир ба мушкилоти ҳифз ва нигаҳдории озодапаланг дар муҳити зисти он, дар ноҳияҳои Балҷувон, Шамсиддин Шоҳин ва Дарвоз гузаронида шуд, ба натиҷаҳои хеле ҷолиб расиданд. Теъдоди умумии одамоне, ки мавриди назарпурсӣ қарор гирифтанд 227 нафарро ташкил медод. Аз ҷумла дар ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ва Дарвози ВМКБ, дар се ҷамоат 75 нафар ва дар 4 ҷамоати ноҳияи Балҷувон 77 нафар бо назарпурсӣ фаро гирифта шуданд. Назарпурсии мазкур тариқи пур кардани анкетаҳо гузаронида шуд, ки натиҷаи онҳо барои таҳти назорат гирифтани ҳифзу мусоидат намудан ба афзоиши озодапаланг, муфид хоҳад буд.
Ба суоли оё Шумо медонед, ки дар ноҳияи шумо озодапаланг зиндагӣ мекунад 75 дарсади посухдиҳандагон дар ноҳияи Балҷувон ҷавоби мусбат додандва 25 дарсади онҳо изҳори бехабарӣ карданд. Дар ноҳияҳои Балҷувон 61 посухдиҳанда, яъне 80,3% қоиланд, ки озодапаланг ҳайвони нодир ва қобили ҳифз аст, 15 нафар, яъне 19,7% онро ҳайвони нодир ва қобили таваҷҷӯҳ намеҳисобанд. Аз теъдоди аҳолие, ки мавриди назарпурсӣ қарор гирифтанд 59 нафар, яъне 77,6% озодапалангро дар радифи сарватҳои миллии Тоҷикистон мегузоранд, 12 нафар (15,8%) чунин намешуморанд, 5 нафар (6,6%) аз посух додан ба ин суол душваорӣ кашиданд. Ба суоли «Оё мавриди муҳофизат қарор додани озодапаланг зарур аст?», 58 нафар (76,3%) посухдиҳандагон ҳифзи ин ҳайвони нодирро муҳим арзёбӣ карданд, вале 13 нафар (17,1%) ин иқдомро зарур намешуморанд. Дар ин маврид низ 5 нафар (6,6%) ҳангоми посух додан ба ин суол душворӣ кашиданд.
Бо назардошти ин, ки солҳои охир муҳити зисти озодапаланг танг мешавад ва он гоҳо маҷбур аст, ки ба хотири ѓизо ба ҳайвоноти хонагӣ ҳуҷум кунад, ба суоли «Оё озодапаланг барои хоҷагиҳо хатар дорад?» 21 нафар (28,0%) посухдиҳандагон чунин мешуморанд, ки ин хатар заминаи воқеӣ дорад, 39 нафар (52,0%)ҳеҷ хатар эҳсос намекунд ва 15 нафар (20.0%) а ин суол посух дода натавонистанд.
Ба суоли «Оё шумо имкон доред, ки дар ҳифзи озодапаланг бевосита ширкат варзед?», 43 нафар (55,1%) посухдиҳандагон изҳор карданд, ки омодаанд, 17 нафар (21,8%) посухи рад доданд, 18 нафар (23,1%)аз ҷавоб додан ба ин суол душворӣ кашиданд.
Ба суоли “Баҳаётиозодапаланг кадом омил бештар таҳдиддорад?” аз ҷонибипосухдиҳандагон шаш навъ ҷавобирсолгардид. 8 нафар посухдиҳанда (6,7%) шикор, 29 нафар (24,4%) зимистони сард, 24 нафар (20,2%) бориши зиёди барф, 18 нафар (15,1%) кам шудани теъдоди ҳайвоноте, ки ғизои аслии озодапаланг мебошанд, 25 нафар (21,0%)беморӣ, 15 нафар (12,6%) фаъолияти инсон ва васеъ шудани заминҳои хоҷагиро омили аслии таҳдид ба ҳаёти озодапаланг меҳисобанд.
(давом дорад)
Майсара Қурбонова
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: