ИФРОТГАРОӢ- ПАДИДАИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА13-06-2023, 12:30
Хабарро хонданд: 102 нафар
Назарҳо: 0
“Миллате, ки аз гузаштаи хеш сабақи лозимӣ мегирад, бе шакку шубҳа, роҳи ояндаи худро бидуни саҳву хатто муайян хоҳад кард”. Эмомалӣ Раҳмон Дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо мисли солҳои 90-уми асри гузашта фирефтаи таблиғоти неруҳои ифротгарои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагардида, ҳамеша зираку ҳушёр буда, барои ҳимояи манфиатҳои миллат ва давлати тоҷикон омода бошанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайгирӣ аз фармудаҳои ниёгони бузургамон намуда, тавоноӣ ва хушбахтии ҳар як миллатро ба иттиҳоду ваҳдати он вобаста намуда, ба ҳар як фарди ватандӯст пайваста таъкид менамоянд: «Ҳар як фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпарасти халқи мо таҳкими дӯстиву бародарӣ, сулҳу созиш, тақвияти ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро бояд ҳифз намояд». Мутаассифона, бархе аз ҷавонони ноогоҳ дастовардҳои даврони истиқлолият, ободӣвасулҳусуботикишварро сарфи назар намуда, ба доми фиреби хоинони миллат афтода, зиндагии осоиштаи худро қурбони манфиатҳои ғаразноки онҳо мекунанд ва кирдори онҳо боиси ташвишу саргардонии аҳли пайвандонашон гардидааст. Чунончи, солҳои охир аъзои фаъоли ташкилоти экстремистӣ-террористии «Давлати исломӣ» аз бетаҷрибагӣва надоштани маълумоти кофии динии ҷавононистифода намуда, бо усулҳои гуногун онҳоро барои шомил шудан ба сафи ин ташкилот ташвиқу тарғиб менамоянд, ки дар ниҳоят боиси бесаробон мондани оилаҳои ҷавон, нигаронии аҳли ҷомеа, давлат ва дигар паёмадҳои манфӣмегардад. Дар ин маврид бояд тамоми аҳли ҷомеа якдилона пайи ислоҳ ва пешгирӣ намудани ҷавонон аз гароиш ба сафи чунин ташкилотва дигар ҳизбуҳаракатҳоиифротӣ гарданд. Ҳамватанони мо бояд донанд, ки дастгирӣ намудани ақидаҳои иғвоангези онҳо мухолифи қонун мебошад,зеро хоинони миллат бо ғараз ва зери таъсири хоҷагони худ фаъолият намуда, барои расидан ба ҳадафҳои нопокашон аз ҳеҷ амале рӯ намегардонанд. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо метавон аз гумроҳ гардидани як нафар шаҳрванди кишвар ёдовар шуд, ки бо амали нангини худ ба фаъолияти ин ташкилотҳои экстремистӣ-террористӣ мусоидат намудааст. Бо ҳукмисудҚурбоновА.Р. барои он гунаҳгордониста,маҳкум гардидааст, ки ҳарчанд бо ҳалномаҳои дахлдори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Давлати Исломии Ироқу Шом» ғайриқонунӣ ва экстремистӣ-террористӣ эътироф гардида, фаъолият, сомона ва адабиётҳояш манъ карда шудааст, аз моҳи майи соли 2022 оғоз намуда, бо ақидаҳо, барномаҳои туҳматомез ва мақолаву хабарҳои беасоси танқидии ташкилоти экстремистӣ-террористии зикршуда, ки дар онҳо барангехтани кинаю адовати миллӣ ҷой доранд, шиносоӣ пайдо намуда, онҳоро қабул ва ҷонибдорӣ карда, дар фаъолияти ғайриқонунии ифротгароиаш то дастгиршуданаш иштирок кардааст. Аз ҷумла, ӯ тавассути телефони мобилии худ дар шабакаии нтернетии «Одноклассники» аккаунти худро бо номи «Muoz muavvaz», ки барои тамошои умум дастрас аст, саҳифа кушода, дар он аксҳо, навиштаҷот ва видеонаворҳои аъзоёни ташкилоти экстремистӣ-террористии «Давлати Исломии Ироқу Шом»-ро ҷой намуда, бо мақсади дастгирӣ аз ин созмон тариқи шабакаи интернетӣ навиштаҷот ва видеонаворҳоеро, ки бар зидди сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудаанд, тариқи фиристодан ба дигар дӯстони дар саҳифааш буда паҳн намуда, ҳамзамон дар зери баъзеи онҳо шарҳҳои беасоси худро навишта, бо ин роҳ дар фаъолияти ғайриқонунии ташкилоти террористии мазкур иштирок намудааст. Бо ҳукми Суди ноҳияиИсмоили Сомонӣ аз 7 апрели соли 2023 Қурбонов А.Р. бо моддаи 3073қисми 2 Кодекси ҷиноииҶумҳурииТоҷикистонгунаҳгор дониста шуда, ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 6 сол бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр маҳкум гардидааст. Сарнавишти ин ҷавони роҳгумзада бояд дарси ибрат барои дигар ҷавонон бошад, то ба дасисаҳои аъзои чунин ташкилотҳоитеррористӣ фирефта нашуда, ҳаёти осоиштаи худро қурбони манфиатҳоионҳо накунанд. Зеро, чуноне ки дар урфият мегӯянд,«бори каҷ ба манзил намерасад». Р.Тағдирзода, прокурори калони Раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, мушовири адлияи дараҷаи 1 |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.