Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ЧАРО ҚАРОРИ СУДИ ОЛИИ РОССИЯРО ОИД БА ТЕРРОРИСТӢ ЭЪЛОН НАМУДАНИ ҲНИ ДАР ҚАЛАМРАВАШ ОДИЛОНА БОЯД ГУФТ?

ЧАРО ҚАРОРИ СУДИ ОЛИИ РОССИЯРО ОИД БА ТЕРРОРИСТӢ ЭЪЛОН НАМУДАНИ ҲНИ ДАР ҚАЛАМРАВАШ ОДИЛОНА БОЯД ГУФТ?

21-09-2022, 11:11
Хабарро хонданд: 489 нафар
Назарҳо: 0
ЧАРО ҚАРОРИ СУДИ ОЛИИ РОССИЯРО ОИД БА ТЕРРОРИСТӢ ЭЪЛОН НАМУДАНИ ҲНИ ДАР ҚАЛАМРАВАШ ОДИЛОНА БОЯД ГУФТ?
Мулоҳизаҳо дар бораи фаъолияти террористии наҳзатиён ва таҳдидҳои он ба Тоҷикистону Россия

Тавре огоҳӣ дорем, ҳафтаи гузашта Суди Олии Федератсияи Россия дар асоси таҳлили фаъолияти чандинсолаи Ҳизби наҳзати онро ташкилоти экстремистию террористӣ эълон намуда, фаъолияти ин ҳизбро дар ҳудуди Россия манъ намуд. Ин қарори қатъии Суди Олии Россия бори дигар моҳияти экстремистӣ ва террористии ин ҳизбро ошкор ва таъкид намуда, дурустии мавқеи давлати Тоҷикистонро дар ин масъала тасдиқ намуд. Гарчи фаъолияти экстремистию террористии ин ҳизб барои ҳама маълум аст, аммо бо сабабе, ки имрӯз дар Федератсияи Россия садҳо ҳазор нафар шаҳрвандони мо зиндагӣ мекунанд, ба хотири ҳифзи амнияту осудагии онҳо ин мавзуъро бори дигар ба таври муфассал шарҳ медиҳем.
Ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ аз рӯзи аввали пайдоиши худ аз эътиқодоти динии сокинони Тоҷикистон, ки 99 дарсади онҳо мусулмон мебошанд, сӯистифода намуда, ғояҳои таассубгароёна, иртиҷоӣ, ифротӣ ва ҷиҳодиро паҳн менамояд. ТЭТ ҲНИ лоиҳаи кишварҳои хориҷӣ буда, мақсадаш ташкили давлати идеологии теократӣ дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза ба ҳисоб меравад. Саркардагон ва хоҷагони хориҷии ташкилот ҳанӯз аз солҳои 80-ум ба мағзшӯии мақсадноки ҷомеа даст зада, дар тамоми ҷумҳурӣ ячейкаҳои хуфтаи худро ташкил намуданд. Моҳи октябри соли 1991 дар ҷаласаи пинҳонӣ ТЭТ ҲНИ бунёди давлати исломиро ҳамчун вазифа ва ҳадафи стратегии худ муайян намуд. Аз ин давра, ТЭТ ҲНИ фаъолияти тахрибии хешро вусъат бахшида, кӯшиши ба таври зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимияти давлатиро амалӣ сохт.
ТЭТ ҲНИ аз усули террор ба таври васеъ истифода менамуд. Охири соли 1991 ТЭТ ҲНИ қаноти ҷангии худро бо номи «Ситоди наҷоти Ватан» таъсис дод. Ҳадафи ниҳоди мазкур куштори ходимои сиёсию ҷамъиятӣ, олимон, шоирону нависандагон, рӯзноманигорон, умуман равшанфикрону ашхоси содиқ ба ватан ба ҳисоб мерафт.
27 июни соли 1992 гурӯҳҳои мусаллаҳи ТЭТ ҲНИ дар ҳудуди совхози Туркманистони ноҳияи Вахш бо ташкили зиндони ғайриқонунӣ 21 сокини ноҳияро ба таври ваҳшиёна азоб дода, ба қатл расонидаанд.
Баъди ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳ ТЭТ ҲНИ бедодгариҳои хешро идома дод. 19-уми сентябри соли 2010 гурӯҳи силоҳбадастони он дар ҳудуди дараи Камароби минтақаи Рашт ба қатори мошинҳои сарбозони ВМ ҶТ ҳамла намуда, 26 сарбозу афсарро ба қатл расонида, 14 сарбозу афсарро захмӣ карданд.
4 сентябри соли 2015 ТЭТ ҲНИ нақшаи исёни мусаллаҳона ва кӯшиши ғасби ҳокимиятро ба таври зӯроварӣ амалӣ намуд. Гурӯҳи террористони ҳизби мазкур таҳти роҳбарии собиқ муовини вазири мудофиа Абдуҳалим Назарзода 664 автомат, 100 тапонча, 14 милтиқи мерганӣ, 4 гулӯлаандоз ва беш аз 64 ҳазор тирро бо сӯистифода аз мақоми хизматӣ тасарруф намуда, нақшаи ғасби бинову иншооти стратегиро доштанд.
Аз соли 2012 то имрӯз ТЭТ ҲНИ кӯшиши барқарор сохтани робита бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои атрофи онро роҳандозӣ менамуд. Ниҳоди мазкур мехост, ки зодагони бадахшонитаборро дар нақшаҳои ғаразноки хеш истифода карда, вазъияти минтақаро халалдор созад.
Дақиқан исбот гардид, ки ташкилкунандаи асосии бенизомии моҳҳои май-июни соли 2022 дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои атрофи он ТЭТ ҲНИ мебошад. Ташкилоти мазкур маблағгузории гурӯҳҳои ҷинояткор ва дастгирии иттилоотии муқовимати мусаллаҳонаи онҳоро бар уҳда дошт. Бо ин мақсад, муовини саркардаи ташкилот Алим Шерзамонов бо роҳбарони ин гурӯҳҳо дар тамос шуда, ба онҳо маблағҳои пулӣ додааст.
Фаъолияти ТЭТ ҲНИ соли 1993 бо Қарори Суди олии ҶТ манъ гардида, то соли 1997 ниҳоди номбурда фаъолияти ғайриқонунӣ ва зиддимиллиашро аз ҳудуди Афғонистон идома медод. Баъди истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ТЭТ ҲНИ аз соли 1999 ҳамчун ҳизби сиёсӣ фаъолияташро дубора давом дод. Бо назардошти ҷиноятҳои содиркарда, даст доштан дар бедодгариҳои зиёд, қатлу куштор, содир намудани актҳои террористӣ, кӯшиши ташкили табадуллоти давлатӣ ва дигар ҷиноятҳои хусусияти террористидошта, 29 сентябр ТЭТ ҲНИ ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф гардида, фаъолияти он дар ҳудуди Тоҷикистон мамнуъ шуд.
Даст доштани ТЭТ ҲНИ дар содир гардидани 560 ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин бо далелҳо исбот карда шудааст. Ҳамагӣ 86 амали террористӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ содир гардида, беш аз 100 шаҳрвандони хориҷӣ кушта шудаанд. 800 нафар аъзои ташкилот бо ҷурми алоқамандӣ бо ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ дастгир шудаанд. 1000 нафар тарафдори ТЭТ ҲНИ дар зарфи 30 соли охир омодагии махсуси террористӣ-диверсионӣ гирифтаанд.
Танҳо дар давраи 1992-1997 бар асари бедодгариҳои ТЭТ ҲНИ беш аз 150 ҳазор сокини кишвар кушта, зиёда аз 1 млн. нафар гуреза шудааст. Ба иқтисодиёти кишвар 10 млрд. доллари ИМА зарар расонид, ки таъсири манфии он то ҳол эҳсос мегардад.
Бо назардошти таҳдиди воқеии наҳзатиҳо, 8 июни соли 2016 ин ҳизби экстремистӣ ба рӯйхати созмонҳое, ки дар ҳудуди кишварҳои узви СААД террористӣ шинохта шудаанд, таҳти №65 ворид карда шуд. Ҳамчунин, 20 январи соли 2016 Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай ТЭТ ҲНИ-ро таҳти №70 ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ, сепаратистӣ ва экстремистӣ, ки фаъолияташон дар ҳудуди давлатҳои аъзои СҲШ манъ шудааст, дохил намуд. Ғайр аз ин, Маркази зиддитеррористии ИДМ низ ТЭТ ҲНИ-ро ҳамчун ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ ба махзани муштараки иттилоот дар самти мубориза бо терроризм, экстремизм ва ҷинояткории муташаккил ворид кард.
ТЭТ ҲНИ нисбат ба хизматчиёни ҳарбии Федератсияи Россия, ки дар Тоҷикистон адои хизмат менамуданд, 46 маротиба амали террористӣ содир намудааст. Ташкилот дар қатлу куштори аҳолии русзабони кишвар ваҳшонияти махсус нишон медод. Аз ҷумла, ҳамла ба дидбонгоҳи сарҳадии 12-ум дар ноҳияи Ҳамадонӣ, қатли сарбозони баталёни рус ва қазоқ дар ноҳияи Дарвоз, ҳамла ба хизматчиёни ҳарбии рус дар шаҳрҳои Бӯстон (собиқ Чкаловск), Хуҷанд, Душанбе ва ғайра мисолҳои ваҳшонияти ТЭТ ҲНИ ба ҳисоб мераванд.
Бо назардошти амалкарди ТЭТ ҲНИ 14 сентябри соли 2022 Суди Олии Федератсияи Россия аризаи Прокурори генералии Федератсияи Россияро қонеъ карда, онро ҳамчун ташкилоти террористӣ эътироф ва фаъолияти онро дар ҳудуди қаламраваш расман манъ кард.
Имрӯз саркардагони ТЭТ ҲНИ ва як гурӯҳ ҳаммаслакони онҳо дар кишварҳои Аврупо паноҳ бурда, фаъолияти тахрибии хешро бар зидди Тоҷикистон идома дода истодаанд. Вақтҳои охир ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии Россия низ дахолат карда, аз роҳбарияти олии он эътиқод мегирифтанд. Дар изҳоротҳои онҳо лаҳни шадиди таҳдид нисбат ба Россия эҳсос мегардид, ки ниҳодҳои қудратии ин кишварро ба ташвиш оварда, оид ба фаъолияти ТЭТ ҲНИ ҳукми одилона ва саривақтӣ бароварданд.
Ҳамин тавр, ТЭТ Ҳизби наҳзати исломӣ аз оғози пайдоиши худ як лоиҳаи хориҷии геополитикӣ буд, ки бо маблағгузории бевоситаи хориҷӣ таъсис ёфта, ҳамчун инструменти татбиқи манфиатҳои давлатҳои бегона дар ҳудуди Тоҷикистон фаъолият ва хизмат намудааст. Ин ташкилот бо супориши махсуси хоҷагони хориҷии худ ташкилкунанда ва қувваи пешбарандаи ҷанги дохилии Тоҷикистон буда, нақшаҳои зиддитоҷикии душманони хориҷӣ марҳила ба марҳила маҳз бо дасти ин ҳизб амалӣ гаштанд.
ТЭТ ҲНИ дар давраи фаъолияти худ нисбати мардуми Тоҷикистон террори бузурги миллиро ба роҳ монда, ба ҷиноятҳои даҳшатноки зиддибашарӣ ҳамчун одамкушӣ, каллабурӣ, буридани узвҳои бадан, таҳқири бемисли ҷасадҳои кушташудагон, таҷовуз ба номуси занону модарон, ғуломдорӣ ва хариду фурӯши инсон, қатли силсилавии аҳли фарҳангу зиёи миллӣ, террори огоҳонаи муаллимону ҳунармандон, куштори шаҳрвандони хориҷӣ, аз байн бурдани сарватҳои миллӣ ва ғайра дар миқёси махсусан калон даст дорад.
ТЭТ Ҳизби наҳзат аз назари доштани тафаккури экстремистию террористӣ, истифодаи бемаҳдуди зуроварӣ, хусусияти харобиоварию вайронгарӣ аз ташкилотҳои дигари экстремистию террористии ҷаҳон чун “Ал-қоида”, “ДИИШ”, “Боку ҳарам”, Ихвон-ул-муслимин, Ҳаракати исломии ӯзбекистон, Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ ва ғайра фарқе надошта, бахши таркибӣ ва ҷудонашавандаи шабакаи терроризми байналхалқӣ мебошад.
Бо боварӣ гуфта метавонем, ки иқдоми Федератсияи Россия сарҳадҳои террористӣ эътироф шудани ҲНИ-ро паҳновартар ва нафрати халқҳою миллатҳои минтақа ва ҷаҳонро нисбат ба онҳо зиёд хоҳад кард.


Абдуллоҳи Раҳнамо, коршиноси сиёсӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: