Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ҲИФЗИ САРҲАДОТИ ДАВЛАТӢ ШАРАФИ БУЗУРГ ВА НИШОН АЗ ҶАВОНМАРДИСТ

ҲИФЗИ САРҲАДОТИ ДАВЛАТӢ ШАРАФИ БУЗУРГ ВА НИШОН АЗ ҶАВОНМАРДИСТ

31-05-2023, 13:30
Хабарро хонданд: 325 нафар
Назарҳо: 0
ҲИФЗИ САРҲАДОТИ ДАВЛАТӢ ШАРАФИ БУЗУРГ ВА НИШОН АЗ ҶАВОНМАРДИСТ
Имрӯзҳо дар саросари кишвар дар доираи эълон гардидани “Моҳвораи ҷавонон” аз 1-уми май то 30-юми май чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва маҳфилу озмунҳо аз ҷониби сохторҳои гуногуни марбута доир гардиданд.
Дар робита ба ин, вобаста ба амалӣ намудани дастуру супоришҳои сохторҳои болоии ҳизбӣ ва нақшаи чорабиниҳои ҷашнии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар доираи эълон гардидани “Моҳвораи ҷавонон”, инчунин ҷиҳати таҷлили 29-умин солгарди таъсисёбии Кӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи сарҳадбонони тоҷик бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия дар қисми низомии 0122-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумита чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Нилуфар Каримзода, кормандони Кумитаи иҷроия, роҳбарияти қисми низомии 0122-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва ҳайати шахсии қисми низомии мазкур иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур иштирокчиёни ҷамъомадро ба ифтихори Рӯзи сарҳадбонон шодбош гуфта, зикр намуд, ки Ҳукумати мамлакат ҷиҳати тарбияи кадрҳои ҷавону баландихтисоси ҳарбӣ ва беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии онҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ мекунад.
Дар тӯли ин солҳо барои ҳифзи сохти конститутсионӣ, ҳимояи марзу буми кишвар, ҳаёти осудаи сокинон ва оромиву суботи мамлакат ҳангоми амалиёту муҳорибаҳои зиддитеррористӣ чандин нафар хизматчиёни ҳарбии Кӯшунҳои сарҳадӣ ҷони худро қурбон кардаанд, ки мардуми шарифи тоҷик ва давлату Ҳукумати мамлакат номи нек ва ҷасорату фидокории онҳоро ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд кард.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки ҳанӯз аз солҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ бо мақсади ҳарчи бештар таҳти назорат қарор додани сарҳади кишвар ва пешгирӣ кардани воридшавии аъзои гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва қочоқи силоҳу маводи мухаддир зарурат ба миён омад, ки 28 майи соли 1994 дар сохтори мақомоти амнияти кишвар Кӯшунҳои сарҳадӣ таъсис дода шавад, ки ин санаи таърихиро ҳамчун Рӯзи сарҳадбонон эълон намуданд.
Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки дар айёми бисёр вазнину ҳассоси таърихи халқамон таъсис дода шуданд, на танҳо барои ҳимояи Истиқлоли давлатӣ, пойдории давлатдории миллӣ, ҳимояи марзҳои кишвар ва амнияти ҷомеа саҳми басо арзишманд гузоштанд, балки нишонаи возеҳи истиқлоли сиёсии давлати тоҷикон мебошанд.
Сипас, ба як қатор сарбозону афсарони шуҷоъ барои қадрдонӣ дар фазои тантанавӣ ифтихорнома, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур тақдим карда шуд.
Дар идома бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур барои афсарону сарбозон барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони Филармонияи бачагонаи шаҳри Душанбе пешкаш карда шуд.
ҲИФЗИ САРҲАДОТИ ДАВЛАТӢ ШАРАФИ БУЗУРГ ВА НИШОН АЗ ҶАВОНМАРДИСТ
КӮДАКОН – ДУНЁИ МО


30 май дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бахшида ба 1-уми июн - Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон маҳфили шеъру сурудхонӣ миёни таълимгирандагони кӯдакистони № 44-и ноҳия бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ доир гардид.
Мудири шуъбаи занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Рухшона Нозимӣ зимни суханронӣ зикр намуд, ки ҳамасола 1-уми июн дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил карда мешавад. Ин сана яке аз идҳои муҳими байналмилалӣ мебошад, ки таҷлили он аз соли 1925 дар Конфронси байналмилалӣ оид ба беҳбуди ҳаёти кӯдакон дар шаҳри Женеваи Швейтсария роҳандозӣ шудааст.
Таъкид шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдаконро “гулҳои зиндагӣ” маънидод намуда, баҳри парвариши ин навниҳолакони табиати инсонӣ ва қишри фардосози ҷомеа таваҷҷуҳи рӯзафзун медиҳанд.
Дар идома маҳфили рақсу шеърхонӣ доир гардид, ки дар он аз ҷониби тарбиятгирандагони кӯдакистон рақсу сурудҳои ҷолиб иҷро карда шуд.
Ҳамзамон ҷиҳати болидаруҳии кӯдакон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба онҳо туҳфаҳо тақдим гардиданд.



ТАНТАНАИ РӮЗИ САРҲАДБОНОН ДАР БАДАХШОН

ҲИФЗИ САРҲАДОТИ ДАВЛАТӢ ШАРАФИ БУЗУРГ ВА НИШОН АЗ ҶАВОНМАРДИСТ
Бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот дар Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи сарҳадбонон баргузор гардид.
Бояд ёдрас шуд, ки 28-уми майи соли 1994 бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ таъсис ёфт ва тибқи қонунгузории кишвар, ҳамасола 28-уми май Рӯзи Қушунҳои сарҳадӣ ҷашн гирифта мешавад.
Роҳбарият ва масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ ба аёдати сарҳадбонон рафта, аз шароити будубоши онҳо бохабар шуданд ва сарҳадбононро бо Рӯзи таъсисёбии Кӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ табрик намуда, барояшон ҳушёриву зиракӣ ва ҷасорату шуҷоатмандӣ дар ҳимояи сарҳади давлат орзу карданд.

ХУҶАНД: ПЕШБАРИИ НОМЗАДИ АРЗАНДА БА ВАКИЛИИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН
ҲИФЗИ САРҲАДОТИ ДАВЛАТӢ ШАРАФИ БУЗУРГ ВА НИШОН АЗ ҶАВОНМАРДИСТ

Бо дарназардошти маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода - интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Хуҷанд №13 Конференсияи XXIX ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд доир гардида, дар он номзад аз ҳисоби аъзои ҲХДТ пешбарӣ гардид.
Дар кори Конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, раиси Комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи якмандатии Хуҷанд №13 Илҳом Саидов 199 нафар вакил аз ташкилотҳои ибтидоӣ, занону ҷавонони фаъол ва аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар шаҳри Хуҷанд иштирок доштанд.
Раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов дар ибтидо рӯзномаи Конференсияро барои иштирокчиён шинос намуд ва ҳайати раёсати кории Конференсия, котибот, комиссияҳои таҳририя, мандатӣ ва баҳисобгирии овозҳо бо ҷонибдории вакилони Конференсия тасдиқ гардиданд.
Дар кори Конференсия масъалаҳои дар бораи вазифаҳои ташкилотҳои ҳизбӣ ҷиҳати тарғиб ва амалигардонии ҳадафҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ва пешбарии номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Хуҷанд №13 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Вобаста ба масъалаи якуми рӯзнома - “Вазифаҳои ташкилотҳои ҳизбӣ ҷиҳати тарғиб ва амалигардонии ҳадафҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” раиси Шурои собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Абдуҳаким Шарифов суханронӣ намуд.
Қайд гардид, ки ташкилотҳои ҳизбӣ бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ ва оммавию сиёсиро оид ба вазъи имрӯзаи ҷаҳон, мавқеъ ва нақши байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини дахлнопазирии сарҳадҳои кишвар, амнияти дохилӣ ва таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат, ки аз талаботҳои Оиннома ва ҳадафҳои Барномаи ҲХДТ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва дастурҳои Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, вусъат диҳанд.
Баъд аз шунидани маърӯзаи раиси Шурои собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Конференсияи XXIX ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб қарори дахлдор қабул намуд.
Сипас, раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов баён дошт, ки тибқи қарори Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2023, таҳти №184 “Дар бораи таъин кардани интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Хуҷанд №13”, рӯзи баргузории интихобот 16-уми июли соли 2023 таъин карда шуд.
Моддаҳои 30 ва 31-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳизбҳои сиёсӣ имконият медиҳад, ки 60 рӯз пеш аз интихобот ва 45 рӯз боқӣ мондан то интихобот ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаҳои якмандатии интихобот як нафар номзадро пешбарӣ намоянд.
Тибқи моддаи 4.17 Оинномаи ҲХДТ, номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи вакили хориҷшуда Мавсума Муинзода дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Хуҷанд №13 пешниҳод карда шуд.
Вобаста ба пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Хуҷанд №13 Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода маъруза намуда, баён доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали фаъолият таҳти сарварии Раиси муаззами ҳизб, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи раиятдӯстонаро пеш гирифта, бо роҳандозии Оиннома ва Барномаи фаъолияташ барои ҳифзи манфиатҳои халқ, баланд бардоштани донишҳои сиёсӣ ва татбиқи ҳадафҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Сипас, тариқи бюллетени овоздиҳии пинҳонӣ мавқеи вакилон нисбат ба Мавсума Муинзода аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Хуҷанд №13 номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вакилони конференсия муайян гардид.
Ҳайати Комиссияи баҳисобгирии овозҳо иттилоъ доданд, ки бо гирифтани аксарияти раъйи вакилон Мавсума Муинзода номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид.
Дар анҷоми чорабинӣ Мавсума Муинзода барои боварию эътимод ба Пешвои миллат ва вакилони Конференсия изҳори сипос намуд.
Бо ҳамин, ба кори Конференсияи XXIX ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд хотима бахшида шуд.


БАРГУЗОРИИ СОАТИ СИЁСӢ ДАР ЁВОН


“Соати сиёсӣ” иқдоми навбатии ҳизбиёни вилояти Хатлон аст, ки имрӯзҳо дар тамоми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳру ноҳияҳои вилоят идома дорад ва дар як муддати кутоҳ дар сатҳи маҳал ҳамовозии зиёд пайдо намудааст.
Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и ноҳия “Соати сиёсӣ” бо тартиби муайян ва тибқи нақшаи амалиёти муштарак доир карда шуд.
“Соати сиёсӣ”-ро омӯзгорону собиқадорони соҳаи маориф оғоз карда, дар мавзуъҳои “Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», «Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон», “Риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», “Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ”, “Дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ва баланд бардоштани дарки сиёсии наврасону ҷавонон” андешаронӣ карданд.


ТАҶЛИЛИ РӮЗИ САРҲАДБОНОН ДАР НОҲИЯИ ЛАХШ
ҲИФЗИ САРҲАДОТИ ДАВЛАТӢ ШАРАФИ БУЗУРГ ВА НИШОН АЗ ҶАВОНМАРДИСТ

27-уми май узв фаъоли ҲХДТ, Раиси ноҳияи Лахш Каромиддин Холзода ба қисми низомии 0113-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Лахш ташриф оварда, бо шароити будубоши хизматчиёни ҳарбӣ шинос гардид ва ҳайати шахсию сарҳадбонони қисми низомӣ ва дидбонгоҳҳои зертобеи онро ба муносибати 28-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ табрик намуд.
Дар ин маросим, ҳамчунин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Лахш Насрулло Неъматзода, сардори Отряди сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш Изатулло Гадоев иштирок ва суханронӣ намуданд.
Раиси ноҳияи Лахш Каромиддин Холзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба соҳибихтиёр гаштани Тоҷикистон ва ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ алоқаманд буда, дар шароите таъсис дода шуд, ки кишвар дар ҳалқаи ҷанги шаҳрвандӣ ва кашмакашиҳои сиёсӣ қарор дошт.
Афсарону аскарони Қӯшунҳои сарҳадии навтаъсис тӯли мавҷудият вазифаи муқаддаси худро сарбаландона ба ҷо оварда, корҳоеро анҷом доданд, ки тақдири минбаъдаи давлату миллати тоҷик ба он вобастагии амиқ дорад.
Бо заҳмату ҷонфидоӣ ва саъю талоши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қӯшунҳои сарҳадӣ дар замони соҳибистиқлолӣ куллан навсозӣ ва бо пешрафтатарин техника, яроқу аслиҳа ва дигар муҳимоти ҷангӣ таъмин карда шуда, нуфузу эътибори он аз лиҳози кадрӣ, техникаву таҷҳизоти мукаммали ҳарбӣ пайваста баланд ва марзҳои кишвар мустаҳкам гардиданд.
Дар идомаи чорабинӣ Раиси ноҳия Каромиддин Холзода дар фазои тантанавӣ ба сарбозон ва афсарон барои ҳифзи содиқонаи марзу буми кишвар, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, ҳифзи музаффариятҳои истиқлол ва таъмини амнияти давлату миллат сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро супорид.
Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш дар ошхонаи қисми низомӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд.

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: