Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » СОҲИБВАТАНӢ, ВАТАНДУСТӢ ВА ҚАРЗИ ВАТАНДОРӢ

СОҲИБВАТАНӢ, ВАТАНДУСТӢ ВА ҚАРЗИ ВАТАНДОРӢ

2-05-2023, 15:00
Хабарро хонданд: 223 нафар
Назарҳо: 1
СОҲИБВАТАНӢ, ВАТАНДУСТӢ  ВА ҚАРЗИ ВАТАНДОРӢ

Оё мо боре аз худ суол кардаем, ки қарзи ватандории мо чист? Дар ин даврае, ки маъракаи даъвати баҳории наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат роҳандозӣ мешавад, ҷоиз медонем чанд сухане аз боби ватандорӣ, соҳиби марзу буми хеш будан ва аз қарзи фарзандии ҳар ватандор гуфта бошем. Мафҳуми "ватан” ва вожаи “ватандорӣ” шиор не, дороии бузургеро соҳиб будан, эҳсоси ифтихор аз ин дороиҳо кардан, дарки сиёсиву ақлонӣ, масъулият ва бисёр дигар мафҳумҳои дар иртибот ба ин ибораву вожаҳо ҳастанд, ки донистан ва дарк кардани онҳо барои насли ҷавон хеле муҳим аст. Ватан чист? Он ишораест, ки дар харитаи дунё бо он исми Тоҷикистон ва ё рангҳои Парчами мо, ки бо вижагиаш муаррифгарии сарзамини моро доранд? Ватан ин деҳаву хонаи мост, шаҳр ё кишварест, ки дар он хуни нофи мо рехтаву мо дар марзи он бузург гаштаем ва ё фарохтар аз он? Ватан ин маконест, ки танҳо ҷойи таваллуд ва зисти моро мефаҳмонад, ё болотар аз инҳо, маъниест, ки онро ҳар як инсон бо хиради хеш шиносад ва бо қалби хеш дӯст дорад ва бо руҳи худ онро эҳсос бикунад? Мафҳуми Ватанро бояд ҳар як инсон бо дарки хиради хеш ташреҳ диҳад ва ба он эътимод дошта бошад. Нишони дар Ватан будан ин танҳо ҳамзистӣ бо хешу ақрабо ва ёру дӯстон аст ё маънии дигар? Ё маънии дар Ватан будан, танҳо эҳсоси амнияту рифоҳ асту муҳити созгор барои хушбахтӣ дар ин сарзамин? Ватан магар танҳо рамзи Парчамест, ки дар маркази ҳар шаҳру деҳ ё боми идораҳо қомат афрохтааст ва ё калимаест бо номи Тоҷикистон, ки рӯи шиносномаҳоямон бо ҳарфҳои заррин нақш ёфтаву моро бо он ҳамчун миллат ва соҳибдавлат мешиносанд? Ин ҳама суолҳое ҳастанд, ки посухи худро мехоҳанд. Ватан исми хос аст, Ватан исми ману мост. Ватан шараф аст.Ватан модар аст, парвардгоҳи мо, пушту паноҳи мост. Агар дар хона мо волидонро “қиблагоҳ” биномем, дар берун аз марзи кишвар Ватан ин қиблаи номусу ифтихори мо хоҳад буд.Яъне, инсон ҳарчанд худ ҷузъи Ватан аст, вале дар маҷмуъ инсонҳо Ватан бунёд мекунанду баъдан онро чун муқаддасоте барои хеш ҳифз мекунанд. Зеро одам танҳо дар Ватани худ соҳиби шаъну эътибор аст. Аз ин рӯ, агар одам ҷузъест, ки муҳимтарин унсуре аз хоки сарзаминаш аст, пас бо ақли худ, онро бо қалбаш дар бадани хеш чун пораи ҷонаш агар эҳсос кунад, баъд дар ин ҳол ӯ сарфаҳми ин вожаҳо меравад. Пас, Ватан ин на танҳо порае аз харита, натанҳо зодгоҳ ё хонадон, на танҳо марзи замине, балки Ватан ин руҳу ҷисму эҳсос ва пораи ҷони мост, ки агар онро гиранд, мо дигар натанҳо зиндагии комил ё орому хушбахтро аз даст медиҳем, балки беҳуқуқ ва хору залил мегардем. То замоне, ки инсон арзишеро аз даст надиҳад, неъматеро аз каф раҳо накунад, ба қадри он намерасад. “Ҳуббулватан” ё шахси беватан руҳест бе ҷисм ва ҷисмест бе одитарин имконияте барои як шахс. Агар Ватанро кас танҳо барои он дӯст бидорад, ки барояш дар он тамоми нозу неъмат ва шароити дилхоҳ омодааст (ҳарчанд инҳо ҳам бояд бошанд), пас ӯВатанро не, худро дӯст медорад. Магар касе ёфт мешавад бигӯяд, ки “падару модари ман одамони баданд?”Не ! Бадтарин волидон ҳам барои фарзандон азиз ва беайбанд. Ҳоло он ки шояд онҳо аз камбудиҳо орӣ нестанд. Пас, Ватан ҳам наметавонад, ки камбуде надошта бошад ва ба тамомиинсонҳои рӯйи олам он бе камбуд нест. Аммо барои он мо дӯст медорем, ки танҳо аз мост, пораи ҷони мост, буду набуди мост. Бо ҳама неку бадаш, бо ҳама барору нобарориҳояш, бо ҳама ҳусну қубҳаш. Бо ҳама ҳудуд ва ҳар як порааш он барои мо азиз аст. Мо танҳо ва танҳо дар ҳамин сарзамини худ, миёни хешу ақрабо ва дар замини аҷдодии хеш озоду комилҳуқуқем.

Ба хотир биёред сӯзи дили ғарибонро, муҳоҷиринро, сафаррафтаҳоро, ки баъди ҳафтае ё моҳе ба ёди Ватан “дилгум” мешаванд. Оре, мо бо ин Ватан пайванди хунӣ дорем ва он азизтарин макон барои мост. Аз ин хотир, агар як хатаре, ки баяк фарди ин миллат бирасад, ин хатар ба Ватан аст, ба ҷисми поки модари мост. Озодагии он, покизагиашфарҳанги ватандории мост. Ободии Ватан ободии хонаи мо, ифтихори мост. Ватан ҷойест, ки онҷо мо ба дунё омадаем, худро ёфтаем, бузург шудаем ва дар он тамаддуну таърих, фарҳангу ҳувияти худ ва ояндаи миллатамонро месозем. Ватан маскани мост, шабеҳи як хонаи бузургест, ки ҳамагӣ, чи хурду чи бузург, чӣ имрӯзиёну пешиниёнамон онҷо сукунат кардаанду ояндагонамон хоҳанд кард. Вақте таҳдиде ба хонаи мо,ба зиндагии пайвандони мост, мо беҳаракатӣ зоҳир намекунем, ба дифоъ бармехезем. Айни онро мо дар ҳоли хатар ба марзу буми хеш мебинем ва медонем, ки ҳимояи Ватан ин ҳимояи модари худ, хонаи хеш ва ҷони пайвандони мост. Ҷисму руҳи ҳар инсон ҳамчун хоку Парчами кишвар муқаддас аст ва ҳар ваҷаб хоки Ватан ҳам пайванд ба ҳамин ҷисму руҳ буда, муқаддас аст. Барои он ки як инсони комил ба дарки ватандорӣ бирасад, мо бояд дар ниҳоди ӯҳанӯз аз тифлӣ меҳр ва андешаи шаҳомат ва ҷойгоҳи Ватанро бедор кунем. Арзиши ватандориро барояш ташреҳ бидиҳем. Бояд ба даркашрасонем, ки пайванди одам бо Ватан ва Ватан бо инсон чи алоқамандиест ва чаро чунин аст. Ватан, ки бо хоку марз ва фазову обу гил, инсону мавҷудоти барои зиндагонии ӯ зарур тавъам аст, бояд барои иззату икроми инсонӣ, адолату инсоф, озодиву осудагӣ низ шароит фароҳам биёрад . Шарти муҳими он, ки мо,тӯли замони соҳибистиқлолӣ дорем, ин ободии ҳар хонадон, осудаҳолии ҳар фард, фазои амну осоишта ва рӯзгори обод аст. Ҳамчунин,тарбияи инсони комилест, ки дар он ба сар мебарад. Азиз будани Ватанро наметавон ба касе базӯр таҳмил кард. Зеро он ҳисси табиии инсон аст, эҳсосест, ки дар хуну ирсияти мо ҷо аст. Онро бояд ба ҷисму ҷон ҳис ва дарк кард. Муқаддасоти ватандорӣ ояест, ки ба дарки мазмуни он бо ақлу хиради хеш бояд расид. Агар Ватан модар аст, меҳри он дар тинату фитрати ҳар шахс ҳаст, пас табиист, ки барояш бегуфтугӯ азиз аст, маҳбуб аст. Меҳри онро касе аз дилаш гирифта наметавонад. Эҳсоси муҳаббат ба сарзамини аҷдодӣ дар фитрати инсон кофист, ки ӯро ба ҳифзу ҳимояи Ватан раҳнамун созад. Мо таҷриба дорем ва таърих низ гувоҳ аст, ки тоҷик ҳамеша аз марзу буми хеш бошарафона дифоъ мекунад. Дар дини мо ҳам ватандорӣ аз гӯшаи имондорӣ фармуда шудааст. Зеро фарҳанги динӣҳам эҳтирому муҳаббат ба Ватанро дар баробари эҳтироми муқаддасоти инсонӣ мешуморад. Ҳар яки мо аз овони хурдӣ дар васфи Ватан шеъру таронаҳо аз ёд кардаем. Мунтазам суханҳои зебое дар васфи Ватан мегӯем ва мешунавем, аммо бо вуҷуди ин, баъзе аз мо то ҳол барои Ватан хидмате накардаем, барояш манфиате наовардаем. Бо дарки масъулият магар боре аз худ суоле кардаем, ки чи амале барои манфиати Ватан кардаем? Мо танҳо талаб мекунем, вале оё чизе ба он додаем ва коре барои рушдаш кардаем? Ин суол оё виҷдони моро азоб медиҳад? Оё мо ба ин пурсиш посухи сазоворе дода метавонем? Бале, фарзандони фарзонаи миллат ба ин суол посухи дақиқу бодалел доранд. Вале ҳар як инсон бояд ҳамеша бо виҷдони худ дар гуфтугӯ бошад ва ба суолҳои он дар ин маврид посухи мусбат дошта бошад. Сарвари давлати мо мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи сиёсии ҷаҳон бо шарафи ба кишвараш сулҳ овардан ба номи хеш абадият дод ва сазовори унвони "Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ" гашт. Бо он ки як миллати дар ҳоли наздик ба фано ва як сарзамини қариб ба дигарон эҳдо ё тақсимшавандаро солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба соҳибони аслияш баргардонида, бо роҳи созандагиву субот онро раҳнамоӣ карданашон сазовори унвони "Пешвои миллат" гаштанд.

Шахсиятҳои зиёди таърихӣ дар ин роҳ шарикони ӯ буданд, ҳамсафонаш буданд ва ҳаммаслакаш монданд. Нақши онҳо ҳам дар роҳи пуршебу фарози эҳёи миллӣ кам нест. Аммо гурӯҳе, ҷомеаева давлатеро ҳамеша роҳбар ва роҳбаладе мебояд. Дар ин маврид яке номбардор, парчамбардор мегардаду қадами аввалро мегузорад. Новобаста ба таҳдиди хатарҳо пеш мегузарад, раҳкушо мешавад. Шарти муҳим дар ин роҳ хирад, заковат ва адлу инсофу ватандӯстӣ аст. Меҳр ба Ватан, поку муқаддас доштани он ифтихори ватандорӣ доштан ва муқаддас шумурдани он аст. Он тавре ки гоҳо модарон фарзандони ноқобил ё бевафо доранд, гоҳо Ватанро низ чунин фарзандон насиб гашта. Мо низ аз ин орӣ нестем. Аммо инҳо зуд шинохта мегарданд ва таърих онҳоро дар саҳифаҳои сиёҳи хеш ҳифз месозад. Фарзанди бадро модар кушта наметавонад, вале дигаронро аз шарри он бояд ҳифз кунад. Барои дарки ин маънӣҳар як инсон бояд хирад пеша кунад. Танҳо тафриқа дар он аст, ки Ватан ҳамчун модарон садо надорад, ки аз фарзандони нохалафаш гила кунад, аз қабоҳату ҷаҳолати эшон пеши касе шиква барад, барои ҳамин таҳаммул пеша мекунад, то рӯзе иштибоҳи хешро онҳо худашон дарк бисозанд, ё чашмонашонро бояд кушуд, то барои манфиатҳои инфиродии худ Ватанро қурбон насозанд . Бадбахтии миллати худро хостан ва ба Ватани худ хиёнат кардану барои манфиати шахсии худ дар гумроҳии ҳаммеҳанони хеш кӯшидан ин аз имондорӣ берун гаштан аст. Вале афсӯс, хилофи ҳамдигар будан аз асотири "Қобилу Ҳобил"( бародаре, ки фарзанди падар кушт) мерос дорем. Аммо ин мисоле барои пайравӣ кардан не, барои ибрати чунин накардан омадааст. Барои ободии Ватан кӯшидан ин фақат роҳат нест, азобҳо ҳам дорад. Барои ҳимояи он гоҳо ҷон бохтан лозим мегардад, барои садоқат ба он танҳо виҷдон доштан даркор асту бас. Аммо барои дарки ин гуфтаҳо хирад ва заковат дардхур аст. Агар мо ободии марзу буми хешро бихоҳем, бояд танҳо талаби ҳуқуқи хеш не, балки иҷрои уҳдадориҳоро ҳам қарзу фарз бидонем. То замоне ки доим ба Ватан “бидеҳ” мегӯем, он обод намешавад. Оё мо низ гоҳе ба Ватан “бигир” ҳам гуфта метавониста бошем? Чун вақти тифлӣ модар ба мо шир медиҳад, баъдан тарбия мекунад, то қадри шираш бидонем. Сипас, моро калон ва соҳиби ҳунару амале мегардонад. Мо чун бузург мегардем, бо ақли худ дарк месозем, пеши волидон хешро қарздор меҳисобему пайи хидмат ба онҳо, яъне баргардонидани қарзи хеш мешавем. Оё мо ин қарзро пеши Ватан эҳсос мекунем? Тӯли таърихкам кишварҳое набуданд, ки ба хок яксон шуданд, вале чун инсонҳо онҷо дарки солими ватандорӣ доштанд, дубора Ватан сохтанд. Миллатҳои зиёд то ҳол барои соҳибватан шудан дар мубориза ҳастанд. Ҷанг барои ҳимояи Ватан ягона роҳи зӯргӯйӣ ва хашинест, ки онро айб не, шараф мешуморанд. Дарки сиёсии мафҳуми ватандорӣ ин аст, ки ҳар фард қарзи инсониву имониву виҷдонии хеш бидонад, ҳифзи Ватан баҳри ободии он бошаду мароми аслии саросарии осоиштагии ин миллат ва ин Ватан бояд бошад. Ватан модарест, ки ҳамеша бо фарзандони содиқи хеш ифтихор дорад ва фарзанди некном онест, ки ватандорӣ барояш шараф аст. Бошараф бошему ватандор!
Ҳуриннисо Ализода
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (1)
Judi 22 июня 2023 15:05
mime natural alternative to metformin moderigtigt semaglutide vs
metformin
- metformin weight loss dosage metformin 500mg xr eyesight metformin acne
Цитировать          1
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: