Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » АЙНӢ: Мо ҷавонон ҳомиёни ин Ватанем

АЙНӢ: Мо ҷавонон ҳомиёни ин Ватанем

18-10-2021, 08:03
Хабарро хонданд: 399 нафар
Назарҳо: 0
АЙНӢ: Мо ҷавонон ҳомиёни ин Ватанем


АНДЕША: Ватанро дӯст доштан ин халқи худро дӯст доштан ва ба таърихи он эҳтиром гузоштан мебошад. Ватанро интихоб намекунанд, балки барои ояндаи вай оромиву тараққиёташ масъулият мебаранд. Чӣ тавре, ки ҷисми одам ҳангоми ба ҷон ҳамроҳ будан зиндагӣ менамояд, ҳамин тавр ҳар яки мо ҳамон вақт аз ҳаёт баҳрабардорӣ менамоем, агар ба халқи худ ва Ватани худ якҷоя бошему барои пешрафти он кору фаъолият барем.

Ватан монанди модар муқаддас аст. Ватанро бо ҳама кӯчакиву бузургиаш, бурду бохташ дар ҳозиру нозираш боэҳтиромона ва некхоҳона бояд ёд кард, зеро ӯ муаззам аст. Нисбати чунин арзишҳои олии умумиинсонӣ аз қабили ватанпарастиву ватандорӣ бетафовут будан нашояд.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар самти сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҳанӯз мушкилоти ҳалталаб зиёданд. Сабаби асосӣ, паст будани ҳисси Ватандорӣ ва беэътибории падару модар дар ин самт аст. Аллакай ба қабул шудани Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” чанд сол сипарӣ шуда бошад ҳам, ҳанӯз бисёр волидон аз хоби ғафлат бедор нашудаанд.

Дар маъракаи даъвати ҷавонон баъзе падару модарон фарзандонашонро бо ҳар роҳ гурезонида, худро моҳи беайб медонанд. Оё бо чунин муносибат метавон, арзишҳои миллиро эҳтиром намуд, метавон дар поянда нигоҳ доштани Истиқлолияти меҳан нақш гузошт?. Агар даъватшаванда ва падару модари ӯ аз рӯи Қонун амал намоянд, барои сафарбаркунии мушкилоте пешорӯй намеояд.

Доир ба шароити хизмат дар қисмҳои ҳарбӣ, ки худ бевоситаи дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат намудаам, ҳаминро илова карданиам, ки дар ҳамаи қисмҳои ҳарбии кишвар, қуттиҳои боварӣ барои арзу шикоят ё таклифу пешниҳоди сарбозон гузошта шудааст. Номи муроҷиаткунандагон махфӣ мемонад. Наваскарон ба сарбозони қаблан ба хизмат даъватшуда вобаста карда мешаванд. Бо ибораи дигар аз рӯзҳои нахустин ёру бародар мегарданд.

Мутаассифона, сатҳи тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ҳанӯз хеле паст аст. Бояд, корнамоиҳои фарзандони сарсупурдаи халқ, ки дар роҳи ҳифзи Ватан қаҳрамонона ба ҳалокат расидаанд, мояи ифтихору пайравии имрӯзиён гарданд. Барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон мебояд мулоқоту вохӯриҳо, намоиши филмномаҳо тавассути толорҳои кинонамоишдиҳиро афзун намуда, инчунин бо воситаи ВАО аз корнамоиҳои бемислу фарзандони далеру шуҷои Ватан пайваста матлабҳо дарҷ бояд намуд.

Аъзоёни созандаи ҲХДТ, аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”, “Пайравони Пешвои миллат”, падару модарон, фаъолони маҳал, вакилон ва дигар қишри ҷомеаро мебояд, дар ин самт корбариро ҷоннок намуда, барои сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Муссаллҳаи кишвар саҳми бориз гузошта, дар поянда нигоҳ доштани Истиқлолияти меҳан ва зиндагии шоистаи мардум нақши муассир гузоранд. Бетарафии мо, метавонад, омили паст гардидани ҳисси Ватандӯстии ҷавонон гардида, нигарониҳои зиёдеро барои ояндаи дурахшони миллат, рӯи кор орад.

Дар хотимаи сухан аз ҳамаи ҷавонон даъват ба амал меорем, ки қарзи муқаддаси худро дар назди Модар-Ватан сарбаландона ба ҷо оранд. Зеро, мо ҷавонон, дар ҳама лаҳазоти умр, ҳомиёни ин Ватанем….

С.Қобилов

мудири шуъбаи таблиғоти

КИ ҲХДТ дар н.Айнӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: