Бо қарори Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Конференсияи ХХХIII ғайринавбатии ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе санаи 22 -юми ноябри соли 2022 даъват гардида буд.Дар кори Конференсия Меликзод Парвина Иноятулло, вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳомидзода Насимҷон, мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Шарифзода Наргис Достӣ, муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Ҳоҷӣ Қаюмов, раиси комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоби вакил ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, вакилони конференсия, намояндагони ВАО ва нашрияҳои ҳизбӣ иштирок намуданд.
Дар рӯзномаи Конференсияи XXXIII ғайринавбатии ташкилотҳои ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз рӯйи масъалаҳои зерин; дар бораи гузориши раиси ташкилоти ибтидоии “Амонат”-и Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”, дар даҳ моҳи соли 2022, дар бораи гузориши раиси ташкилоти ибтидоии “Заргар”-и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур барои даҳ моҳи соли 2022, ва пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба ҷойи вакили хориҷшуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Оид ба масъалаи якуми рӯзномаи конфренсия гузориши муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Амонат”-и Бонки давлатии Амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” шунида шуд. Зимни ироаи гузориш зикр гардид, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”- и БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” фаъолияти худро дар давраи ҳисоботӣ дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Оиннома ва Барнома, қарор ва супоришҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, нақшаи кории тасдиқгардидаи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, дастуру супоришҳои Паёми солонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ мондааст ва ягонагии манфиатҳои ҳизб, интизоми бошуурона, эҳтироми ақида, озодбаёнӣ, баробарии ҳуқуқ ва вазифаҳои ҳар як узви онро асоси фаъолияташ мешуморад.
Инчунин, тибқи масъалаи дуюми рӯзномаи Конференсия гузориши раиси ташкилоти ибтидоии “Заргар”-и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур барои даҳ моҳи соли 2022 аз ҷониби Бобо Мирзоев, муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Заргар” ироа карда шуд. Номбурда қайд намуд, ки роҳбарияти ташкилот тавонист бо бурдани корҳои ташвиқотию таблиғотӣ шумораи зиёди кормандон ва донишҷӯёни фаъолро ба сафи ҲХДТ ҷалб намояд, ки дар маҷмуъ шумораи умумии аъзои ҳизб ба 1164 нафар расид, ки аз ин шумора бонувон 453 нафар ё 38,9 %, ҷавонон 582 нафар ё 50%-ро ташкил медиҳанд. Инчунин зикр шуд, ки дар доираи шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни умумиллии 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии гурӯҳҳои таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва фаъолони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Заргар” роҳандозӣ гардид, ки дар он нақшаҳои минбаъда байни сокинон ва аъзои ташкилот оммафаҳм гардонида шуд.
Дар идома тибқи масъалаи сеюми рӯзномаи Конфренсия дар бораи пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ҳавзаи интихоботии № 19 ба ҷойи вакили хориҷшуда баррасӣ шуд.
«МХ»