Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Пешбарии номзадии Рустами Эмомалӣ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе

Пешбарии номзадии Рустами Эмомалӣ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе

22-01-2020, 17:00
Хабарро хонданд: 337 нафар
Назарҳо: 0
Дар Конференсияи ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ номзадии Раиси шаҳри Пешбарии номзадии Рустами Эмомалӣ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри ДушанбеДушанбе Рустами Эмомалӣ аз ҳавзаи интихоботии №25 ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешбарӣ гардид.

Конференсияи мазкур дар толори Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон баргузор гардида, дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Насимҷон Расулзода, раиси Комиссияи ҳавзаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Абдулло Холиқов, раиси Комисиссияи ҳавзаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, вакилони конференсия, намояндагони ВАО ва нашрияҳои ҳизбӣ иштирок доштанд.

Дар кори конференсия масъалаҳои пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамин тавр, аз рӯи ҳарду масъала номзадҳо бо тарафдории вакилони конференсия ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ пешбарӣ гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019 интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ 1 марти соли 2020 таъйин шудааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: