Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ХАЁТИ ХИЗБ - РОҒУНРО МЕСОЗЕМ!

ХАЁТИ ХИЗБ - РОҒУНРО МЕСОЗЕМ!

21-04-2023, 09:45
Хабарро хонданд: 597 нафар
Назарҳо: 1
ХАЁТИ ХИЗБ - РОҒУНРО МЕСОЗЕМ!
Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ


Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ, аъзои Раёсат ва Кумитаи иҷроияи шаҳри Хоруғ, аъзои гурӯҳи вакилони ҳизбӣ, Шурои собиқадорони ҳизб, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва фаъолони ҳизб дар толори маҷлисгоҳи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Истиқлолият” маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ баргузор гардид. Дар кори маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Зунайда Раҷабова, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ Соҳибҷон Имомназаров, муовини раиси шаҳри Хоруғ оид ба масъалаҳои идеологӣ ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Шодигул Қонунзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ба баррасии рӯзномаи маҷлис масъалаҳои ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ оид ба натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроия дар семоҳаи аввали соли 2023 ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюми соли 2023, тасдиқи қарорҳо ва протоколҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба таъсиси сохторҳои ҳизбӣ, тасдиқи қарорҳо ва фармоишҳои раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ дар давраи ҳисоботӣ пешниҳод гардиданд.
Дар ибтидо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ Соҳибҷон Имомназаров дар назди ҳозирин аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҳизб дар давраи ҳисоботӣ гузориш манзур намуд. Аз ҷумла зикр карда шуд, ки дар ин муддат шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ аз 65 ба 75 адад расида, шумораи аъзои ҳизб зиёд гардид ва дар рӯзҳои наздик Кумитаи иҷроия тасмим гирифтааст, ки аввалин Кумитаи иҷроияи ибтидоиро дар сохтори ҳизбии вилоят таъсис диҳад.
Сипас, мавсуф доир ба ташкили гурӯҳҳои корӣ барои таблиғу ташвиқи Паёми навбатии Президенти мамлакат, корҳои дар ин давра анҷомдода, ташаббусу иқдомҳои Кумитаи иҷроияи ҳизб, кумаку дастгириҳо нисбат ба қишри ниёзманди ҷомеа, пахшу инъикоси мавод оид ба фаъолияти ҳизб дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва воситаҳои ахбори омма, саҳми ҳизбиён дар рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва фарҳанг муфассал гузориш дод.
Дар ҷараёни музокира ва муҳокимарониҳо муовини раиси шаҳри Хоруғ, ҳамзамон раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ "Ифтихор" Носир Суризода иброз намуд, ки мо бояд фаъолиятамонро дар муқовимат бо хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, пешгирӣ кардани шомилшавии ҷавонон ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва эмин нигоҳ доштани онҳо аз таъсирӣ омилҳои номатлуб бо истифодаи васеъ аз усулҳои иттилоотӣ ва пешгирикунанда ба таври ҷиддӣ вусъат бахшем.
Мавсуф бо овардани далелҳои мушаххас доир ба фаъолияти самарабахши аъзои шаҳрии ҳизб, саҳми онҳо дар ободонию бунёдкориҳои шаҳр ва иқдомҳои пайгирона фаъолияти онро қаноатбахш арзёбӣ намуд.
Ҳамзамон ӯ зикр намуд, ки дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солона ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти ҳизбиён ҳамчун роҳнамо маҳсуб меёбад.
Дар ин радиф гуфта шуд, ки таъмини амнияти иттилоотӣ ва ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбуб ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад.
Баъдан, Зунайда Раҷабова фаъолияти Кумитаи иҷроияи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар давраи ҳисоботӣ хуб баҳогузорӣ намуда, ба роҳбарият ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ, инчунин раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва фаъолони ҳизб ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолият ва зиёд кардани шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ, мунтазам гузаронидани хонишҳои сиёсӣ, вусъатбахшии корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ миёни ҷавонону наврасон ва дар замири онҳо бедор кардани ҳисси худогоҳиву хештаншиносӣ, ташкили гурӯҳҳои мобилии таблиғотчиён аз ҳисоби аъзои гурӯҳи вакилони ҳизбӣ, собиқадорони ҳизб ва мутахассисону коршиносон ва ба таваҷҷуҳи қишрҳои гуногуни ҷомеа расонидани моҳият ва нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тақвият бахшидани корҳои дохилиҳизбӣ ва ислоҳу бартарафсозии камбудиҳои дар фаъолият ҷойдошта, дастуру супоришҳои мушаххас дода, барои фаъолияти минбаъда вазифаҳоро муайян карданд.
Зунайда Раҷабова дар анҷоми суханронӣ доираи масъалаи ҳаракати низоми бақайдгирию азқайдбарорӣ, супоридани ҳаққи аъзогӣ ва таблиғи дурусту ҳамаҷонибаи Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ дастуру роҳнамоиҳо дод.
Зикр гардид, ки имрӯзҳо хушбахтона, мо, аъзои ҲХДТ аз сулҳу ваҳдат ва оромию осудагии Ватани соҳибистиқлоламон шукргузорӣ намуда, сарҷамъона барои татбиқи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ таҳти шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» кӯшиш ба харҷ дода, барои ободию гул-гулшукуфии кишварамон саҳми босазои худро мегузорем.

ҒАМХОРӢ БА НИЁЗМАНДОН ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БА ҲУКМИ АНЪАНА ДАРОМАДААСТ

Ғамхорӣ кардан ва пайваста кумаку дасти ёрӣ дароз намудан ба қишри ниёзманди аҳолӣ, махсусан, маъюбону барҷомондагон, шахсони камбизоат, ятимон ва оилаҳои муҳтоҷ яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Бо мақсади кумак ва дастгирӣ намудани ин қишри аҳолӣ дар асоси дастуру супоришҳои доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҳар иду ҷашнҳои миллӣ афроди маъюбу барҷомонда, камбизоат, ятим ва беморон аёдат ва аҳволпурсӣ карда шуда, дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ зоҳир карда мешавад.
Хурсандибахш, ки имрӯзҳо ин анъана дар шаҳри Кӯлоб ба одати муқаррарӣ табдил ёфтааст ва ҳамарӯза аз ҷониби роҳбарияти шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ рӯйи даст гирифта мешавад ва мардони баору номуси шаҳри Кӯлоби бостонӣ дар доираи имкониятҳои худ ба ҳамватанон дасти кӯмак дароз мекунанд.
Дар пайравӣ аз ин амалҳои нек мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб, узви фаъоли ҲХДТ Абдулло Нозимов модари маъюбу имконияташ маҳдуд ва сокини шаҳри Кӯлобро аёдат намуданд.
Зимни аёдат аз ҳолу аҳволи ин оила бохабар гардида, ба модари маъюб аробачаи маъюбӣ ва кумаки яквақтаинаи ғизоӣ намуданд.
Бояд ёдовар шуд, ки аҳли оилаи модари ниёзманд аз аёдати масъулин болидахотир гашта, барои ғамхориҳо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамчунин ба Раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода миннатдорӣ баён карданд.

РОҒУНРО МЕСОЗЕМ!

Дар асоси барқияи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва барқияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд бо мақсади ҷалб намудани ҷавонон ва мутахассисон барои кор дар иншооти бузурги аср - "НБО Роғун" Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент корҳои таблиғотиро ба роҳ мондааст.
Барои тарғибу ташвиқи кор дар НБО “Роғун” ҳизбиёни шаҳр бо шаҳрвандоне, ки дар ҷустуҷӯйи кор ҳастанд, мулоқот намуда, оид ба ҷойҳои холии корӣ дар НБО “Роғун” маълумот доданд.
Хотиррасон менамоем, ки дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент китоби алоҳида барои ба роҳхатгирии шаҳрвандон ба бунёди НБО "Роғун" ташкил карда шудааст.
Бояд қайд кард, ки дар чанд соли охир НБО "Роғун" шаҳомати хосаи худро дар байни омма пайдо кардааства ҳар як сокини кишвар ифтихор мекунад, ки чунин иншооти бузурги стратегӣ ва созгор ба ҳаёти инсонӣ сохта шуда истодааст. Роғун шаъну шараф ва эътибори ҳар як сокини мамлакат аст!

ДАР ШАҲРИ ҲИСОР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ НАВИ ҲХДТ - “ЧАНГОБ” ТАЪСИС ДОДА ШУД


Дар Муассисаи давлатии истироҳатгоҳи фароғатии кӯдакон ва наврасони “Чангоб”-и шаҳри Ҳисор бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор Изатуллои Ҳабибзод ва директори Муассисаи давлатии истироҳатгоҳи фароғатии кӯдакон ва наврасони “Чангоб”-и шаҳри Ҳисор Абдуғаффор Сатторов маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии ҲХДТ баргузор гардид.
Дар ибтидо ба 8 нафар корманди Муассиса, ки иродаи сиёсиашонро муайян намуда, дар асоси аризаи шахсӣ ба сафи ҳизб аъзо шуда буданд, шаҳодатномаи узви ҲХДТ супорида шуд.ХАЁТИ ХИЗБ - РОҒУНРО МЕСОЗЕМ!
Сипас, дар Муассисаи давлатии истироҳатгоҳи фароғатии кӯдакон ва наврасони “Чангоб”-и шаҳри Ҳисор ташкилоти ибтидоии ҲХДТ таъсис дода шуда, номи он “Чангоб” гузошта шуд.
Бо ҷонибдории аъзои ҳизб Абдуғаффор Сатторов - директори Муассисаи давлатии истироҳатгоҳи фароғатии кӯдакон ва наврасони “Чангоб”-и шаҳри Ҳисор, раиси ташкилоти ибтидоӣ ва Шоҳрухи Нарзуллозода муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Чангоб” интихоб гардиданд.
Дар маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии “Чангоб” раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор Изатуллои Ҳабибзод суханронӣ намуда, таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбиро дар Муассисаи давлатии истироҳатгоҳи фароғатии кӯдакон ва наврасони “Чангоб” иқдоми саривақтӣ ва созгори роҳбарияти ин Муассисаи давлатӣ арзёбӣ намуд.
Оид ба нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳон, минтақа, торафт шиддат гирифтани бархӯрдҳои давлатҳои абарқудрат, амалишавии қонунҳои миллӣ, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофот, тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва дигар масъалаҳои муҳим суханронӣ намуд.
Таъкид карда шуд, ки маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат оғоз ёфта, ҳар як волидайнро лозим аст, ки барои гусели фарзандони синну соли даъватӣ ба сафҳои Артиш масъулият эҳсос карда, ихтиёран фарзандонро сафарбар намоянд.
Бо ифтихормандӣ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои обу иқлим ва дар асоси қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряҳо” ёдовар шуда, роҳбарии Тоҷикистон дар Конфронси оби СММ -2023 боиси боз ҳам боло рафтани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ карда шуд.
Дар идома вусъат бахшидани корҳои бунёдкорӣ ва ободонию созандагӣ дар доираи истиқбол аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳмгузории ҳизбиён дар ин маъракаи муҳим махсус таъкид гардид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (1)
Rosemarie 31 мая 2023 00:40
tubuhnyahal lotrisone for yeast infection vrodine lotrisone vs cortisone -
lotrisone cream over the counter alternative lotrisone? pigem lotrisone vs lotrimin otc
Цитировать          1
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: