Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » “Табибон” набзи ҷомеаро эҳсос мекунанд 2022-06-08

“Табибон” набзи ҷомеаро эҳсос мекунанд 2022-06-08

9-06-2022, 07:34
Хабарро хонданд: 244 нафар
Назарҳо: 0
“Табибон” набзи ҷомеаро эҳсос мекунанд 2022-06-08

Бо иштироки Латифзода Асрор Қурбон, Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Табибон” маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ баргузор гардид.

Нахуст рӯзномаи маҷлис тасдиқ гардида, аз рӯяи масъалаи якуми рӯзнома ҳисоботи Раҷабов Баҳодур, раиси ташкилоти ибтидоии “Табибон” оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият давраи ҳисоботӣ аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои минбаъда шунида шуд.

Дар ҳисобот қайд карда шуд, ки давраи ҳисоботӣ барои аъзои ташкилоти ибтидоии “Табибон” давраи намудани ҳадафу мақсадҳои нек ба шумор меравад.

Дар ташкилоти ибтидоӣ ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 12 маротиба соатҳои сиёсӣ, 8 мизи мудаввар ва 16 чорабиниҳои сиёсӣ-фарҳангӣ дар сатҳи баланд гузаронида шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ бо бурдани корҳои таблиғотӣ сафи аъзои аз ҳисоби шахсони ватандӯсту хештаншинос 46 нафар зиёд шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 16 нафар зиёд аст.

Сипас дар музокира 3 нафар фаъолони ҳизб суханронӣ намуда, ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Табибон”-ро оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи ҳисоботӣ аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои минбаъда қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Оид ба масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис асоси талаботи Оинномаи ҲХДТ 7 нафар аъзои раёсати ташкилоти ибтидоии “Табибон” интихоб карда шуданд.

Бо ҷонибдории аъзои ҳизб ва овоздиҳии кушода Раҷабов Баҳодур аз нав раиси ташкилоти ибтидоӣ ва Раҷабова Мавзуна, муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Табибон” интихоб карда шуданд.

Оид ба масъалаи чоруми рӯзномаи маҷлис Раҷабов Баҳодур, раиси ташкилоти ибтидоии “Табибон” зикр дошт, ки дар асоси барқияи телефонии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор меъёри намояндагӣ ба Конференсияи ХХ ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор аз 35-нафар аъзои ҳизб 1-вакил муқарар гардидааст.

Бо ҷонибдории аъзои 21 аъзои фаъоли ҳизби ташкилоти ибтидоии “Табибон” ҳамчун вакил ҷиҳати иштирок дар Конференсияи ХХ ҳисоботӣ – интихоботии ташкилотҳои ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор интихоб шуданд.

Сипас нақшаи кории ташкилоти ибтидоии “Табибон” барои нимсолаи дуюми соли 2022 тасдиқ карда шуд.

Дар суханронии худ Латифзода Асрор Қурбон, Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба тақвияти фаъолияти дохилиҳизбӣ, таблиғу ташвиқи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат, амалишавии қонунҳо, ба хусус Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, иштироки фаъолонаи аъзои ҳизб дар пешбурди ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумати мамлакат ва дигар масъалаҳои муҳим таъкид доштанд.Инчунин зикр гардид, ки маъракаи ҳисоботӣ –интихоботии ташкилотҳои ибтидоӣ дар асоси талаботи банди 4.1-и Оинномаи ҲХДТ бо қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ 9-апрели соли 2022 №4 аз 1 июни соли 2022 оғоз гардида, то 14 июли соли 2022 идома меёбанд.

Таъкид шуд, ки аъзову ҷонибдорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро лозим аст, ки ба тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастии ҷавонон диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Гуфта шуд, ки вазъи мураккаб ва пешгӯйинашавандаи ҷомеаи ҷаҳон аз ҳар яки мо менамояд, ки баҳри пойдории ваҳдати миллӣ талош намоем. Бо нигаронӣ аз вазъи минтақа ва ҷаҳон ёдовар шуда, қайд намуд, ки ҳодисаҳои ба вуқӯъ омада ба пойдории Истиқлолу озодӣ ва ваҳдати кишварҳои алоҳидаи ҷаҳон хатари ҷиддӣ ворид намуда истодааст.

Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Табибон” Латифзода Асрор Қурбон-Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба фаъолияти сиёсии ташкилоти ибтидоӣ баҳои баланд дода, барои фаъолияти минбаъда дар назди роҳбарияти ташкилоти ибтидоӣ як қатор вазифаҳоро гузошта, иҷрои босифат ва саривақтии онро таъкид намуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: