15 апрели соли ҷорӣ маҷлиси ҷамъбасти семоҳаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ баргузор гардид. Дар он муовини раиси шаҳри Хоруғ Суризода Носир, аъзои маҷлиси КИ ҲХДТ дар ш.Хоруғ, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, собиқадорони ҳизб ва аъзои фаъоли кумиҷроияи шаҳрӣ ширкат доштанд.
Маҷлисро раиси кумиҷроияи шаҳри Хоруғ Соҳибҷон Имомназаров ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро бо рӯзномаи маҷлис шинос кард. Муовини Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Мавлобахшзода Райҳонбегим оид ба фаъолияти кумита дар семоҳаи аввали соли 2022 ҳисобот дод. Мавсуф зимни суханронӣ қайд кард, ки давоми се моҳи аввали соли равон 5 ташкилоти ибтидоии нави ҳизбӣ таъсис ёфта, айни замон шумораи ташкилотҳои ҳизбӣ ба 60 адад расид.
Масъалаҳои муҳими сиёсиву дохилиҳизбӣ, аз ҷумла вазифаҳои ташкилотҳои ҳизбӣ, муҳокимаи фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ, қабул ба сафи ҳизб ва супоридани аъзоҳаққӣ, таъсиси ташкилотҳои ибтидоии нав, қабули аъзо ба сафи ҳизб, натиҷаи "Ҳафтаи тақвияти кори дохилиҳизбӣ”, ба низом даровардани ҳуҷҷатгузорӣ ва монанди инҳо, ки аз дастуру супоришҳои роҳбарияти Олии ЊХДТ бармеоянд, дар рафти баромад таъкид шуданд.
Дар баромад ҳамчунин зикр шуд, ки кумиҷроия ҳамасола тибқи нақшаи кории худ ҷиҳати ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои сиёсӣ, оммавӣ ва фарҳангӣ корҳои назаррасро ба сомон мерасонад. Давоми моҳҳои сипаришудаи соли 2022 низ як қатор чорабиниҳо дар ташкилотҳои ибтидоӣ, муассисаву корхонаҳо ва кумитаи маҳаллаҳои шаҳр роҳандозӣ гардиданд.
Сипас, мудири шуъбаи ташвиқотӣ ва тарғиботии кумиҷроия Бурибеков Фарид оид ба тасдиқи фармоишҳои раиси кумиҷроия дар давраи семоҳаи аввал маълумот дода зикр намуд, ки дар ин давра фармоишҳои раиси кумиҷроия оид ба сафари хизматї, рухсатии хизматӣ, қадршиносии фаъолони ҳизб, таҷлили ҷашни 29 – солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси Ситод оид ба тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳафтаи тақвияти кори дохилиҳизбӣ баргузории чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи модар ва Наврӯзи Аҷам ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ ба имзо расид ва онҳо тибқи нақшаи чорабиниҳо давра ба давра иҷро шуда истодаанд.
Суризода Носир зимни баромад зикр намуд, ки бештар ҷавононро ба узвияти ҳизб қабул намоянд. Инчунин раисони ташкилоти ибтидоии ҳизбро даъват кард, ки дар сомонаҳои интернетӣ боз ҳам фаъолтар бошанд ва бар зидди маводҳои танқидие ки манфиатҳои миллиро поймол месозанд ва ба нафъи гурўҳҳои алоҳида равона шудаанд саривақт вокуниш нишон дињанд.
Дар фарҷоми ҷаласа Соҳибҷон Имомназаров баромад намуда, зикр намуд, ки вобаста ба вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозанд, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишвар диќќати аввалиндараҷа диҳем. «Мо мардуми бонангу баор ва бо шарафу ҳисси миллї, меҳанпараст буда, дар якҷоягӣ бо мақсади ҳимояи марзу буми кишвар, таъмини амнияти давлату миллат ва ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунӣ, таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ,ободӣ ва шукуфоии Ватани маҳбубамон саҳми босазо хоҳем гузошт».
Дар интиҳои ҷаласа мавсуф таъкид, ки ғамхорӣ дар ҳакқи гурўњњои осебпазири ањолї, ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд, нафақахӯрону собиқадорони меҳнат ва ба ёрии тиббӣ фаро гирифтани онҳо аз авлавиятҳои Барномавии ҲХДТ маҳсуб меёбад.
Маҷлиси КИ ЊХДТ дар шаҳри Хоруғ вобаста ба масъалаҳои баррасишуда ќарорҳои дахлдор қабул кард.
«МХ»