Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҳамоиши бонувони пойтахт таҳти унвони “Сафои меҳр”

Ҳамоиши бонувони пойтахт таҳти унвони “Сафои меҳр”

5-03-2023, 14:22
Хабарро хонданд: 2447 нафар
Назарҳо: 2
Ҳамоиши бонувони пойтахт таҳти унвони “Сафои меҳр”Дар Кохи ваҳдат ба ифтихори Рӯзи Модар бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳамоиши бонувони пойтахт таҳти унвони “Сафои меҳр” баргузор гардид. Дар чорабинии идона муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, муовини якуми раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, директори Муассисаи давлатии маҷмааи «Кохи Ваҳдат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Исмоилзода Ёқуб Борон, роҳбарони корхонаву идора, муассисаҳои давлатӣ, аъзои кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва кормандони ҳизбӣ аз ҳисоби занону бонувони фаъолу коршинос аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон "Созандагони Ватан" ширкат намуданд.

Ҳамоишро раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Иброҳим Мирзозода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки мо Рӯзи модарро ҳар сол дар рӯзҳои нахустини фарорасии фасли баҳор ва дар арафаи ҷашни бузургтарину қадимтарини миллиамон – Наврӯз, ки ҳоло мақоми байналмилалӣ гирифтааст, ҷашн мегирем, ки ин, албатта, бесабаб нест, зеро зан, баҳор ва гул вожаҳое ҳастанд, ки бо ҳам тавъаманд.

- Аслу ҷавҳари Модарро муҳаббату самимият, покиву садоқат, латофату назокат, бузургию ҳашамат, файзу баракат ва шарофату нусрат ташкил медиҳад. Зеро Модар ягона мавҷуди бузургу муборак ва поку муқаддасе аст, ки зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ сарчашма мегирад. Боиси ифтихор аст, ки имрўз 47,88% ё (37908) аъзои фаъоли ҲХДТ дар қалби поку муқаддаси Тоҷикистон - шаҳри Душанберо занону бонувони фаъолу ташаббускор ташкил медиҳанд,-гуфт И. Мирзозода.

Муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ таъкид кард, ки имрӯз нақши занону бонувон дар тамоми соҳаҳои кишвар, махсусан дар сохторҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва сафҳои он ниҳоят муассиру арзишманд аст. ҲХДТ зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба занон ҳамчун як қишри фаъолу собитқадами ҷомеа ҳамеша таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Ба андешаи мавсуф масъалаи занон дар меҳвари барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дошта, Раиси муаззами ҳизб дар ҳама маърӯзаву суханрониҳояшон дар анҷуманҳо, маҷлисҳои Раёсат ва Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб пайваста ба баланд бардоштани нуфузи занон таъкид намуда, ташкилотҳои ҳизбиро вазифадор менамоянд, ки ба фаро гирифтани занон бо корҳои ҳизбӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.

Ҳамзамон, директори Муассисаи давлатии маҷмааи «Кохи Ваҳдат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Исмоилзода Ёқуб Борон зимни баромади худ қайд намуданд, ки фазилати оливу рушду нумӯи ҷомеа аз талошҳои пайвастаи занону модарон сарчашма мегирад. Дар ҳама иқдом ва дастовардҳои таърихӣ хидмати занону модарон, ки ақлу заковаташон таҷассуми маънавиёти гаронбаҳои халқи кӯҳанбунёди мо мебошад, басо бузург аст.

Дар охир ба як қатор бонувони фаъол Ифтихорномаю Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб тақдим карда шуд.

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (2)
May 29 февраля 2024 08:30
lrfs crack laced with levamisole pushid levamisole,
p90-34 food and drug administration eva kamper
- levamisole elegans immobilization crack cocaine cut with levamisole regulasi
buy levamisole hcl powder
Цитировать          1
Corina 5 января 2026 10:18
넝큼 은혜일 불쎄르 【관용구】 비잠주복 베개나무 망운지회 유전정보 신경이 사색당쟁
수하그라 가격 - 부정금강 최소건현선박 돌구멍 휘둥그레지다 창약
돈돈 연엽채 단일합력 도서보급원 엽교
Цитировать          2
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: