Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе аз дастаи “Триполи”-и Лубнон бар ҳисоби 2:1 шикаст хўрд.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе аз дастаи “Триполи”-и Лубнон бар ҳисоби 2:1 шикаст хўрд.

10-03-2016, 07:50
Хабарро хонданд: 294 нафар
Назарҳо: 0
Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе аз дастаи “Триполи”-и Лубнон бар ҳисоби 2:1 шикаст хўрд.
Бозӣ миёни дастаи “Истиқлол”, қаҳрамони чаҳоркаратаи Тоҷикистон ва дастаи “Триполи”-и Лубнон шоми 8-уми март дар варзишгоҳи шаҳри Трипол баргузор шуд. Ин бозии даври дуюми марҳилаи гуруҳӣ Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) буд.

Голи нахустинро дар ин бозӣ Александр Каблаш, легионери укроинии дастаи “Истиқлол” дар дар дақиқаи 55-уми даври дуюми бозӣ ба дарвозаи мизбонон мезанад. Аммо бо гузашти 3 дақиқа ҳисоби голҳо бо туби задаи Абдулло Азиз, бозингари “Триполи” мусовӣ мешавад. Дар дақиқаи 87-уми бозӣ низ дарвозабони “Истиқлол” тӯби задаи Валид Фаттоҳро гардонда наметавонад.

“Исқтиқлол”-и Тоҷикистон дар гуруҳи “В” бо дастаҳои “Ал-Файсал”-и Урдун, “Триполӣ”-и Лубнон ва “Нафит ал-Васат”-и Ироқ рақобат мекунад. “Истиқлол” бозии нахустини гуруҳиашро дар Душанбе бо дастаи “Ал-Файсал”- Урдун мусовӣ анҷом дода буд.

Дар бозии дигари ин гуруҳ “Ал-Файсал” дар майдони худаш “Нафит ал-Васат”-и Ироқро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода, бо 4 имтиёз дар садри ҷадвал қарор дорад. “Триполи” низ бо ғалаба ба “Истиқлол” 3 имтиёз ва дар ҷойи 3-юм дар гуруҳ қарор дорад. “Истиқлол”-и Душанбе, ки дар ду бозӣ 1 имтиёз ба даст овардааст, дар ҷойи охир аст.

Бозии баъдии “Истиқлол” бо “Нафит ал-Васат” 15-уми март дар шаҳри Теҳрони Эрон баргузор хоҳад шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: