Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Кумаки башардӯстонаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба осебдидагони заминларза дар кишвари Туркия

Кумаки башардӯстонаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба осебдидагони заминларза дар кишвари Туркия

14-02-2023, 23:21
Хабарро хонданд: 249 нафар
Назарҳо: 0
Кумаки башардӯстонаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба осебдидагони заминларза дар кишвари Туркия

Бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ба осебдидагони заминларзаи харобиовар дар Туркия кумаки башардӯстона расонида шуд. Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ зимни вохӯрӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар, изҳори ҳамдардӣ намуда, ба пайвандону наздикони қурбониён ва мардуми ранҷдидаи ин сарзамин сабри ҷамил ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил таманно намуд. Таъкид дошт, ки сиёсати сулҳпарварона ва башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро водор менамояд, ки дар лаҳзаҳои мушкил дастгиру мададгори ин кишвари дӯст бошем.Кумаки башардӯстонаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба осебдидагони заминларза дар кишвари Туркия
Мавсуф қайд намуд, ки ҳизб дар фаъолияти худ сифатҳои наҷиби ахлоқиро талқин намуда, дар шароити мушкили имрӯза барои мо ин тасмим нишонаи анъанаҳои деринаи дастгирии якдигар аст, ки халқҳои моро бо ҳам мепайванданд. Зеро ҳизб, манфиатҳои мардумро сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ, мавқеи ҷамъиятӣ ва муносибат ба дину мазҳаб ҳимоя менамояд ва суннату анъанаҳо, арзишҳои беҳтарини миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро дастгирӣ ва инкишоф дода, худшиносию ва ватанпарастиро рисолати меҳварии хеш маҳсуб медонад.
Бояд ёдовар шуд, ки заминларзаи 6-уми феврал дар вилояти Қаҳрамонмараш дар ҷанубу шарқи Туркия бо шиддати 7,7 бузургтарин заминларза дар 100 соли охир ба қайд гирифта шуда, то ин замон шумори қурбониёни ин фоҷиаи азим беш аз 31 ҳазор ба қайд гирифта шудааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: