МАРДИ ФАҚИР5-01-2023, 12:27
Хабарро хонданд: 253 нафар
Назарҳо: 0
Марди фақире нафақаи модар, ҳамсар ва фарзандонашро ба уҳда дошт. Ӯ назди сарватманде ҳамчун хидматгор кор мекарду дар кораш худ бисёр содиқ буд ва бо беҳтарин сурат аз уҳдаи кораш мебаромад. Ин мард рӯзе ғайб заду ба кор наомад. Сардораш ба худ гуфт: аз ин пас ба ин хидматгорам маблағи зиёдтар медиҳам то аз кор наравад, чунки медонад, ки ман ба ӯ ниёз дорам ва шояд маблағи камаш додаам, ки ба кор наомад. Вақте ки ин марди фақир баъд аз рӯзе, ки гайб зада буд, дубора ба кор омад. Сардораш он маблағи зиёдатиеро, ки ба худаш аҳд басту буд, ба ин марди фақир дод. Ин марди фақир аз сардораш напурсид, ки чаро ба ман маблағи зиёдати додаед? Ҳамин тавр, баъд аз чанд рӯзе ин хидматгор дубора ғайб заду ба кор ҳозир нашуд. Ин маротиба сардораш бисёр ғазабнок шуд ва ба худ гуфт: он маблағи зиёдатие, ки болои маошаш афзуда будам, кам мекунам. Баъд аз ин ки ин хидматгор боз ба кор баргашт, сардораш он маблағи зиёдатиеро, ки болои маошаш зам карда буд, бозпас гирифт. Марди фақир чизе нагуфт ва аз сардораш низ напурсид, ки чаро он маблағи зиёдатиро кам кардед? Сардораш дар ҳайрат монд, ки маблағи зиёдатияш додам, чизе нагуфт, он маблағро бозпас гирифтам, боз чизе нагуфт. Пасон аз ходими худ пурсид: Дар маротибаи аввал бароят маблағи зиёдатӣ афзудам, чизе нагуфти? Баъдан он маблағро бозпас гирифтам, боз чизе нагуфти. Сабаб дар чист? Марди фақир гуфт: Ҳангоме ки маротибаи аввал ғайб задаму ба кор наомадам ба он хотир буд, ки Офаридгор ба ман фарзанд ато кард буд. Аз ин сабаб омада натавонистам, дар ин ҳангом, ки омадам, бароям маблағи зиёдатӣ дода шуд. Ба худ гуфтам: ин ризқи фарзандест ки Офаридгор бароям ато карда ва ризқашро низ ҳамрохаш ато кард. Вақте ки маротибаи дуюм ба кор наомадам ва шумо он маблағи зиёдатиро аз маошам хат задед, дар он ҳангом ҳамон фарзанде, ки Худованд бароям дода буд, аз дунё гузашт. Ба худ гуфтам: ин ризқи фарзандам буд ки бо рафтанаш аз дунё ризқаш ҳам канда шуд. Чӣ басо мардони қаноаткунандае вуҷуд доранд, ки бо он чӣ ки Худованд барояш додааст, розӣ ҳастанду қаноат мекунанд. Таҳияи Саида Хоҷаева |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.