Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » САТР ВА ГАДОӢ, МУВОФИҚАТ МЕКУНАНД?

САТР ВА ГАДОӢ, МУВОФИҚАТ МЕКУНАНД?

3-05-2021, 10:30
Хабарро хонданд: 235 нафар
Назарҳо: 0
САТР  ВА ГАДОӢ, МУВОФИҚАТ МЕКУНАНД?

Чанд мушоҳидае, ки водорам ба ибрози андешаҳои зер карданд. Зеро ба суолҳои худам посух наёфтам…

Рӯйдоди номатлубе, ки ҳамеша моро нигарон мекунад, рӯз аз рӯз ин зиёд шудани гадоҳо ва хоса гадоии занҳои ҷавон дар шаҳр аст. Талбандаҳо акнун хеле хушлибос шудаанд. Онҳо чун гадоҳои пешин ҷӯлидамӯву фақир нестанд. Албатта чунинҳояш ҳам кам нестанд, ки ба кӯдакони ношуставу чиркин, ки ҳатман дар пой слансии кандагӣ ё либоси ҷо- ҷо дарида пӯшонида, онҳоро ба талбандагӣ машғул месозанд. Ин тоифа бештар лӯлиёнанд. Ҳарчанд мардуми бумӣ ҳам миёнашон дида мешавад.
Аммо чанде шуд, ки ман занҳои зиёдеро мебинам, ки гадоиро ба шуғл табдил додаанд. Хосагии ин гадозанҳои бо чор ишколи дуруст ҳам ин аст, ки онҳо ҳамагӣ сатрпӯшанд.
Сатр кардан, ки ба қавли шаръӣ барои занон фарз аст, бояд , ки талаботҳои он ба пуррагӣ риоя шавад, на танҳо барои фиреби назар пӯшида шавад, магар не?
Масалан бо марди бегонае, ки бароят маҳрам нест, сухан гуфтан, муроҷиат кардан, гузашта аз ин, барои баровардани ҳоҷатат ба тарафи ӯ табассум кардану кӯдакатро чун абзори тараҳҳум истифода кардан, ки гадозанҳо мекунанд, яқинан шаръӣ нест.
Пас аз абзори шаръӣ бо ҳилла истифода кардан магар аз лиҳози ахлоқӣ дуруст аст? Дар ҳамин рӯзҳои Рамазон як бегоҳ аз сафар баргаштам. Шом нагузарад гуфта, ба наздиктарин макони хӯрокхӯрии қаҳвахонаи "Искандар" рафтам.
Ҷойи сӯзанзанӣ набуд. Ба қафо баргаштанӣ шудам, ки пешхидмате як мизи хурдакакеро, ки дар рӯ ба рӯйи дари даромад буд, ишора кард, ки холӣ аст. Ноилоҷ нишастам, зеро гурусна будаму рӯзаамро бояд мекушодам. Нишастам ва хурсанд шудам, ки дами дар бошад ҳам аз чашми дигарон ҷойи пинҳонтар аст.
Нав ба тановули хӯрок ё ба қавле ифтор сар карда будам, ки зани ҷавоне, ки дар даст тифли 7-8-моҳа дошт, дар рӯ ба рӯйи дар қарор гирифт ва ба онҳое, ки дарун ифтор мекарданд, бо табассум нигоҳ карда, истод. Аз ҷумла, ба ман ҳам. Ҳайрон шудам.
Дар сари зан сатр, дар бар либосҳои хубе ҳам дошт. Дар пешаш як ду кӯдаки дигар ва ду зани дигар, ки яке ба рӯяш моск пӯшида буд, равуо доштанд.
Онҳо ҳам аз сарулибос нишоне аз камбизоатӣ надоштанд. Ҳар се занон сатрпӯш ва бо либоси миллӣ буданд.
Онҳо дар ҷое меистоданд, ки ҷойи роҳи даро-барои одамон буд. Азбаски нав шом шуда буд, одамон аксаран медаромаданду намебаромаданд. Тифлак ҳам ҳар боре марде аз паҳлуи модараш бигзарад, фавран сӯяш даст дароз мекард. Ман ҳанӯз мақсади ин занҳоро нафаҳмида будам. Гумон кардам, шояд ҳамроҳонашонро интизоранд. Зеро аз дари даромад дур намешуданд.
Он зани тифлбадаст , бешармона табассум, ҳатто бо ҳама мардоне, ки вориди қаҳвахона шуданӣ буданд, ханда ҳам мекард. Аз ин рӯ, дар тасаввури ман намеғунҷид, ки ӯ гадое бошад. Ба худ фикр мекардам,ки инҳо рӯза нагирифта бошанд, ки дар ин шом онро рафта бикушоянд? Ва дар ҳоле, ки сатрпӯшанд, ин дам бояд намози шом бихонанд.
Аммо баъди ягон ним соат "фаъолият"-и онҳо оғоз шуд.
Ҳар касе аз қаҳвахона мебаромад, мавриди таҳоҷум ва хушунати онҳо қарор мегирифт. Занҳо ҳамакаса ин одамонро пайгирӣ мекарданд. Агар мардҳо мошиндор бошанд, даруни мошин даромадан ва рӯяшонро дигар тараф гардонда рафтан ҳам аз ин гадоҳо халосашон намекард.
Дарк кардам, ки инҳо ба гадоӣ машғуланд, вале ин талбандаҳо хеле хушсурат ва хушсарулибос ва бепарво буданд, яъне бечораву ғамбасар ё гуруснаву дастнигар наметофтанд.
Шояд ин ҷо касе маро таъна заданӣ шавад, ки инҳо бечораанду ба ҳолашон набояд эрод гирифт? Пешопеш ва баъдан ҳам мегӯям, ки ҳар сеи ин занҳо ҷавон, бо дасту пойи бутун буданд, ки метавонистанд ҷойе кор карда, зиндагии хешро пеш бибаранд. Дар ҳоле ки, мо ашхоси калонсол ҳам барои таъмини рӯзгор хешро бо шуғле андармон мекунем, то нони ҳалол бихӯрем.
Ман гадойии пирон ва маъюбонро мефаҳмам, вале бикушедам, ки ин ҷавонзанҳоеро, ки бо дасти гадойӣ сӯйи марде табассум мекунанд, қабул надорам.
Торафт, одамони аз ифторбаромада зиёд мешуданду ин занҳо ҳам чаққонтар. Баъзе одамон рӯ ба гурез меомаданд, вале инҳо то дур аз пушташон медавиданд.
Нафароне ҳам буданд, ки шарм дошта, ягон маблағе медоданд ё имкон доштанд, хайре мекарданд, вале на ҳама. Аксариҳо рӯ метофтанд.
Тифлаки он зан бо дастакони кӯчакаш он пулҳоеро, ки ягон нафаре медод, мегирифт. Баъди лаҳзае он тифл боз чилликҳояшро ба даҳон мебурд. Чи қадар микробро ӯ дар як шом хӯрд, Худо медонад.
Зани нисбатан калонсолтар гоҳе пеши ин дар медавиду гоҳо пеши он дар, вале камтар муваффақ мешуд. Зеро ба лаб ханда надошту ба синнусол таваҷҷуҳбарангез набуд.
Зани москпӯш ҳам "сайд"- и кам дошт, шояд шарм мекард ё безебтар буду таваҷҷуҳ ба ӯ ҳам камтар мешуд.
Зани ҷавони кӯдакдор бо лабони пурханда он шом хеле пул дарёфт кард. Шояд абзори гадоияш-кӯдаки сари дасташ мӯҷиби ин буд, ё бешармии бештараш, намедонам. Ин манзара бароям ҳузнангез буд.
Солҳои пеш гадоӣ танҳо кори лӯлиён ва маъюбон буд. Баъдан мешунидам, ки ин кори қабеҳ ҳатто барои бархе "бизнес" ҳам шуд. Вале дар ҳар сурат барои шахси солим зишт аст. Одатан, маъюбон ё пиронсолону кӯдакон ин корро мекарданд, ки воқеан як маблағе ба онҳо додан хайр аст. Аммо гадоии занони ҷавонро, ки вақтҳои охир хеле зиёд мебинам, мӯҷиби нигаронист.
Аксари онҳо хушлибос ва ҳатто дар рӯяшон «косметика»-и хуб ҳам доранд. Муҳим он аст, ки ҷавон ва сиҳату саломатанд.
Суоле ба миён меояд, ки чаро инҳо меҳнат кардан намехоҳанд?
Шояд посухи шумо ин бошад, ки ҷойи кор нест. Вале ана ба ҳамин гуфта ман бовар кардан намехоҳам. Проблемаи камии ҷойи кор дар кишвари мо ҳаст, вале на ба он дараҷае, ки воҳимаи онро мекунанд.
Мебахшед, вале зане, ки дар вақташ намехонад, ихтисос ё маълумоти олӣ намегирад, чаро имрӯз ба кори каммузд ё ба кори вазнин розӣ намешавад?
Агар, ки кор кардан намехоҳад, чаро дар шаҳр зиндагӣ кардан мехоҳад ва кӯдак таваллуд мекунад. Сафи гадоёнро меафзояд? Чаро кӯдакашро ба камбағалӣ ё ҳатто гадоӣ аз аввали зиндагияш одат мекунонад?
Ин ҳукм нест, суол аст. Вазнин, тунд ва ҳатто сахт аст, вале ҳақиқат аст.
Ҳамин тифлаки 7-8-моҳаи сари дасти зан гувоҳи он аст, ки ин зан шавҳар дорад. Ё хонуми ба қарибӣ шӯ бароаз шавҳараш ҷудошудаест. Ё занест, ки бе шавҳар тифл зоидааст. Зеро кӯдак ҳанӯз яксола нест. Дар ҳар се ҳолат ҳам ӯ муртакиби ба гадоӣ ҳукм кардани тифли худ аст, ки барои модари ҳақиқӣ ин бояд даҳшат бошад.
Ин гуна занҳои ҷавон хоҳанд кор меёбанд. Зеро масалан хидматгорӣ, ки ҳозир маоши аз кори давлат ҳам бештаре дорад, барои хонаводаҳое зиёде, харидорони зиёде дорад. Вале ин "нозанинҳо" тан ба кор доданӣ нестанд, ки аз бешармона талбандагӣ ё танфурӯшӣ карданашон рӯшан аст. Аксаран ҳавои зиндагии сабук онҳоро ба худ мекашад. Ё сабукпоӣ ва ё талбандагиро пеша мекунанд, вале кор кардан намехоҳанд.
Пас, чаро сатр пӯшида, худро ба қавли мардони муосир, "бамаънишка" нишон доданӣ мешаванд? Агар, ки сатрашон аз рӯйи эътиқод аст, чаро худро ороиш дода, ба рӯйи мардони бегона ханда мезананд? Охир ислом сатрро махсус барои он фармуда, ки зан аз чашми шаҳвати мард дур бошад. Не? Пас ин дуро ба ҳам чаро инҳо меомезанд? Магар ислом занро ба покӣ ва иффат намехонад?
Зане ба ин суолҳо чунин посух гуфт: "Ин занон ҳеҷ гоҳе барои шариат чунин либос намепӯшанд, баръакс аз соддагии мардҳо истифода мекунанд. Охир мард зани сатрпӯшро дида, ба иффати ӯ бовар мекунад. Вале мард аз худ суол намекунад, ки агар ин зани боиффат бошад, дар ин шабӣ дар ин макони пур аз мард чӣ мекобад?".
Шояд аксари мардҳо чӣ хостани ин занонро медонанд. Бархе аз барои савоб ё ба хотири ҳамон тифли дасташ ба ин зан садақа мадиҳад. Бархе шарм аз ҳамроҳонашон карда, пул мадиҳанд. Вале охир садақаро як бору ду бор медиҳанд, на як умр. Пас, ин гуна занон аксаран муфтхӯронеанд, ки ба эҳсоси одамон бозӣ мекунанд.

Зани 24-30 солаеро, як шоми ин моҳи шариф дар назди биное, ки як марди сарватманд он ҷо мезияд, дидам, ки шаб танҳо нишастааст. Чун маро дид, ки аз даромадгоҳи ҳамон хона (дом) мебароям, давида омада, пурсид, ки хонаи фалонӣ кадом аст?
Гуфтам намедонам. Як каме таваққуф карду гуфт: "Ягон сумам намедиҳӣ?".
Чун ӯ аз ман хеле ҷавон буду сару либоси зебояш ҳам ба гадоҳо монанд набуд, гуфтам: "Барои чӣ?"
Гуфт: «Агар он марди сарватмандро наёбам, то Ҳисор роҳпулӣ надорам». Аҷабо!
Аз пешаш дур шудам, зеро тараҳҳум не, нафратам омад. Охир бо ин тану тӯши ҷавон ва дасту пойи сиҳат чаро кор намекобаду аз мани нафақахӯр пул металбад?
Фаҳмидам, ки он марди сарватманди ин хона ҳам дар ин моҳи Рамазон рӯза надорад, зеро шабе қабл низ як зани 40-45-солаи фарбеҳи дигар боз дар ҳамин хараки ин ҳавлӣ нишаста буду аз ман ҳамон хонаи сарватмандро пурсид. Гуфтам намешиносам. ӯ ҳам дар ин нисфишабӣ роҳпулӣ пурсид. Аҷабо, ин гадозанҳои хушлибоси сатрпӯш ҳар шаб ба хона омадан ё аз хона баромадани он мардро сарчашмаи зиндагии хеш қарор додаанд? Онҳо бе «роҳпулӣ» чаро аз хона берун мешаванд? Барои ороишку пул ёфтаанд?
Гадоиро ба талаби қатъӣ бадал кардаву то шаб ӯро таъқиб карда, рӯз мегузаронанд? Охир ӯ кор карда, сарватманд шудааст, чаро ба ин бекорҳо онро бояд тақсим созад?
Барои чӣ инҳо барои ороиши ҳусн, либос, аз навоҳӣ ба ин ҷо омадан, шабгардӣ кардан пул маёбанду нафареро маҷбур мекунанд, ки бе ҳеҷ сабаб ба инҳо маблағ бидиҳад? Ин суолро ҳар бинанда мепурсад. Суоли дигар ин аст, ки чунин занон суроғаи ашхоси дороро аз куҷо пайдо мекунанд? Магар ба ҳарими шахсии инсонҳо кӯшиши ворид шуданро қонун манъ намекунад?
Таъқиби сарватмандон тарзи нави гадоӣ аст?
Инҳо, ки сиҳат ва саломатанд, чӣ намерасад, ки ба шуғле сар кунанд, ҳунаре омӯзанд ва ба ин пастӣ роҳ нагиранд?
Охир, шояд ин занҳо боз 50-60 соли дигар умр бинанд, чаро ҳоло ки ҷавон ҳастанд, барои фардо заминае намегузоранд, то аз ин мавқеи гадоӣ берун раванд? Магар бо чунин тарз метавон боқии умрро гузаронд?
Мегӯянд: «Дар ҷанг истифодаи ҳама абзори ҷангӣ равост». Вале гадоии занҳои ҷавонро, бо дасту пойи равон танҳо як абзор аст, ки онро ҳам сатр интихоб кардаанд, ин коргурезон. Ё ин маънои хуб дорад, ки яъне ман зани порсояму маро бихӯронед? Ман тақводораму дар гардани шумо борам?
Ё фармудае аз шариат ҳаст, ки зан сатр бипӯшад ва кор накунаду нони ҳалол нахӯрад. Ё зан сатр пӯшаду худро ба гардани марди бегонае бор кунад, ин аст риояи сатрпӯшӣ. Пас ин ҳама масхара нест?
Гадоии занҳои ҷавони хушлибосу «косметика» ба рӯ, бо табассуми мардафакан, бароям муаммост.
Ё шариат масхара шудааст ё коҳилиро бо дин пӯшониданӣ мешаванд ё ин навъи мудерни зиндагии бе меҳнат аст, ки дорад, мавқеъ пайдо мекунад.
Меҳнати ҳалол ва шарму ҳаёи занонро касе беэътибор накардааст ё мо намедонем?

ҲУРИННИСО АЛИЗОДА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: