Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ДОДХОҲИ ТУЕМ, ЭЙ ВАТАН

ДОДХОҲИ ТУЕМ, ЭЙ ВАТАН

28-12-2022, 17:00
Хабарро хонданд: 221 нафар
Назарҳо: 0
ДОДХОҲИ ТУЕМ, ЭЙ ВАТАН
Нимаи рӯзи 27-уми декабри соли равон саҳни Донишкадаи олии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои идона дошт. Зеро дар остонаи Соли нави мелодӣ дар ин боргоҳи далериву мардонагӣ бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид. Дар чорабинӣ Абдуҷаббор Азизӣ-муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Иброҳим Мирзозода -раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Оятулло Аҳмадзода -раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, Убайдулло Қурбонзода -раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва роҳбарияти донишкадаи мазкур иштирок доштанд. Дар ифтитоҳи чорабинӣ Абдуҷаббор Азизӣ иштирокдоронро бо фарорасии Соли нави мелодӣ ва ҳайати шахсиву фармондеҳии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо иди касбиашон табрику таҳният намуда, барои сарбаландона адо намудани вазифаҳои дар наздашон истода барору комёбиҳо орзу намуд. Абдуҷаббор Азизӣ ҳамзамон иброз дошт, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки дар остонаи Соли нави мелодӣ ба афсарону курсантони Донишкадаи олии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурхони идона ороста, ҳамзамон аз шароити будубоши онҳо бохабар гардиданд.ДОДХОҲИ ТУЕМ, ЭЙ ВАТАН Мавсуф ҷавонони даврони Истиқлолро хушбахтарин насл арзёбӣ намуда, дар хитоб ба онҳо афзуд: -“Шумо ҷавонони хушбахт ҳастед, ки дар чунин Ватани орому осуда умр ба сар бурда, қарзи фарзандии худ, яъне хизмат ба Ватан-Модарро дар шароити хуб ба ҷо оварда истодаед. Мо бо шумо, ҷавонони ғаюру далери Ватан ифтихор мекунем ва бовар дорем, ки қарзи виҷдонии худро софдилонаю ҷавонмардона адо мекунед”. Сипас, Муовини фармондеҳи Қушунҳои сарҳадӣ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ генерал-майор Тӯрабек Назарзода аз номи ҳайати фармондеҳӣ ва ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ ба муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дигар иштирокдорони чорабинӣ барои ташриф, ғамхорӣ ва дастгирии бевоситаашон сипосу миннатдории бепоён баён намуда, иброз дошт, ки мо ҷавобан ба ғамхориҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифзи марзу буми Ватани азизамон содиқона хизмат мекунем ва ҳар як порчаи сарзамини аҷдодиамонро аз бегонагон эмин нигоҳ медорем. Ёдрас мешавем, ки дар донишкадаи мазкур барои 800 нафар дастурхони идонаи солинавӣ омода гардида буд. Инчунин бахши фарҳангии чорабинӣ бо сурудҳои ватандӯстонаи аҳли санъат идомабахши ҳамоиши мазкур буд, ки басо ҷолибу хотирмон сурат гирифт.
Ибодуллоҳи ТОҲИР
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: