Дар шаҳри Ҳисор маросими ҷоизасупории Фестивал - Озмуни9-12-2022, 11:32
Хабарро хонданд: 192 нафар
Назарҳо: 0
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор бо иштироки Хайринисо Юсуфӣ - муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Дустмуродзода Сурайё-вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қосим Роҳбар - раиси шаҳри Ҳисор ва Изатуллои Ҳабибзод - раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор ба ифтихори 28-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳои ҷашнии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷоизасупории Фестивал - Озмуни “Ташкилоти беҳтарини ҳизбӣ” баргузор гардид.
Маросими ҷоизасупории Фестивал - Озмуни “Ташкилоти беҳтарини ҳизбӣ” аз ду қисмат иборат буд, қисми сиёсии чорабинии мазкурро Изатуллои Ҳабибзод - Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор ифтитоҳ намуда, зикр намуд, ки Фестивал - Озмуни “Ташкилоти беҳтарини ҳизбӣ” дар айёме доир гашта истодааст, ки аъзову ҷонибдорони ҳизббамон зери таассуроти неки баргузории Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид, қарор доранд. Тавре иттилоъ дода шуд, Фестивал - Озмуни “Ташкилоти беҳтарини ҳизбӣ” дар асоси қарори Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор аз 14 январи соли 2022 дар байни ташкилотҳои ҳизбии шаҳр роҳандозӣ гардид. Ҳайати комиссияи Фестивал - Озмун аз ҳисоби мутахассисони ҳизбӣ дар ҳайати 13-нафар интихоб карда шуда, фаъолияти кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Ҳисорро мавриди омӯзиш қарор дода, аз рӯи 10 номинатсия ғолибонро муайян намуданд, ки ғолибони номинатсияҳо дар қисмати фарҳангии чорабинӣ бо ҷоиза ва дипломи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор сарфароз гардонида шуданд. Дар суханронии худ Хайринисо Юсуфӣ – муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зикр намуд, ки рӯзи 30-ноябри соли ҷорӣ таҳти Раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ баргузор гардид, ки ҷиҳати иҷрои қарорҳои Маҷлиси КИМ ҲХДТ ташкилотҳои ибтидоӣ вазифадор гардиданд. Дар идома гуфта шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон яке аз ҳизбҳои пешсаф ва пешоҳанг ҷомеаи Тоҷикистон ба шумор рафта дар сафҳои худ ҳамаи қишрҳои ҷомеаро, ки ҳадафҳои Оинномавӣ ва Барномавии ҳизбро дастгирӣ мекунанд, муттаҳид кардааст. Табиист, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи даврони соҳибистиқлолӣ буда, аз умқи халқ сарчашма мегирад ва ҳадафи аслии ҳизби мо бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ ва ба мерос гузоштани як давлати ободу осоишта ба наслҳои баъдӣ мебошад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар эъмори давлати демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон, ҳифзи истиқлолият ва дастовардҳои он, фароҳам овардани саодати халқ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ва ҳамватанон дар тӯли чаҳоряк аср талош дорад. Тоҷикистонро ҳамчун як ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, дар асоси консепсияи сиёсати хориҷии давлат усулӣ баробарӣ, дӯстӣ, тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи иқтисодиро бо ҳама кишварҳои ҷаҳон ба роҳ мондааст ва минбаъд низ ин сиёсатро дастгирӣ ва идома медиҳад. Дар суханронии Қосим Роҳбар – раиси шаҳри Ҳисор, аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор зикр намуд, ки барои расидан ба саодати воқеии миллат саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишманд аст, ки ҳақиқати бебаҳс мебошад. Дар идома Қосим Роҳбар – раиси шаҳри Ҳисор, аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор қайд намуд, ки мақсади асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фароњам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоиста, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ, фароҳам овардани заминаҳо барои таҳкими нерӯ ва қобилияти ҳар як шаҳрванд мебошад. Дар суханронии худ Дустмуродзода Сурайё – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нақши ҲХДТ дар барқарор намудани сулҳу субот, рушди бемайлони соҳаҳои мухталиф, таъмини амният, фаъолияти Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштироки сокинон дар ҳаёти сиёсии мамлакат, торафт мураккаб гардидани вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон ва дигар масъалаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа ибрози андеша намуданд. Бо хулосаи ҳайати Комиссияи Фестивал – Озмуни “Ташкилоти беҳтарини ҳизбӣ” дар номинатсияи “10-гонаи ташкилотҳои беҳтарини ҳизбӣ” ташкилотҳои ибтидоии “Бунёди оила”-и Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, “Махзани илми кишоварзӣ”-и Иниститути зироаткории Акадамияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, “Нозироти андоз”-и Нозироти андози шаҳри Ҳисор, “Ориёнбонк” –и филиали ҶСК “Ориёнбонк” дар шаҳри Ҳисор, “Бозори самоҳ” – и Ҷамъияти дорои масъулиташа маҳдуди “Бозори самоҳ”, “Молия”-и Раёсати молияи шаҳри Ҳисор, “Табассум”-и Мактаб – Кӯдакистони “Табассум”, “Амонат”-и филиали БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар шаҳри Ҳисор, “Ҳисори Шодмон”-и Ҷамоати шаҳраки Ҳисор, “Бойгонӣ”-и филиали бойгонии марказии давлати дар минтақаи Ҳисор ғолиб гардиданд, ки бо ҷоиза ва диплом сарфароз гардонида шуданд. Дар номинатсияи дар номинатсияи “Беҳтарин утоқи ҳизбӣ” ташкилоти ибтидоии “Ҳаёти нав”-и Муассисаи давлатии Мактаб интернати ҷумҳуриявии бемориҳои руҳи дар шаҳри Ҳисор ғолиб гардид. Дар номинатсияи “Беҳтарин гушаи ҳизбӣ” ташкилоти ибтидоии ташкилоти ибтидоии “Латиф Муродов-и Кооперативи тиҷоратии “Латиф Муродов” ғолиб гардид. Дар номинатсияи “Беҳтарин таблиғотчии ҳизбӣ дар сомонаҳои иҷтимоӣ” Қодирзода Бахтиёр Боболатиф - мудири шуъбат таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор ғолиб гардид. Дар номинатсияи “Беҳтарин таблиғотчии ҳизбӣ аз ҳисоби собиқадорон” Тешаев Нуралӣ – иҷрокунандаи вазифаи раиси Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор, ҳамзамон раиси ташкилоти ибтидоии “Баракати Ватан” ва Шарифӣ Бобосафар - раиси ташкилоти ибтидоии “Кишоварз” ғолиб гардиданд. Дар номинатсияи “Беҳтарин таблиғотчии ҳизбӣ аз ҳисоби бонувон” Раҳимӣ Миҷгона Раҳим - раиси ташкилоти ибтидоии “Касбомӯзон”-и Литсейи касбии техникии шаҳри Ҳисор ғолиб гардид. Дар номинатсияи “Беҳтарин таблиғотчии ҳизбӣ аз ҳисоби ҷавонон” Ҳикматов Умед - раиси ташкилоти ибтидоии “Сангчашма” ғолиб гардид. Ғолибони ҷойи сеюми номинатсияи “Беҳтарин ташкилоти ибтидоӣ”: Ташкилоти ибтидоии “Пайравон”-и Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор. Ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг”-и Бахши фарҳанги шаҳри Ҳисор. Ташкилоти ибтидоии “Мирзо Ризо”-и Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо. Ғолибони ҷойи дуюми номинатсияи “Беҳтарин ташкилоти ибтидоӣ”: Ташкилоти ибтидоии “Заминсоз”-и Корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар шаҳри Ҳисор. Ташкилоти ибтидоии “Табибон”-и Коллеҷи тибии шаҳри Ҳисор. Ғолиби ҷойи якуми номинатсияи “Беҳтарин ташкилоти ибтидоӣ”: Ташкилоти ибтидоии “Омӯзгорон”-и Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор. Ғолиби ҷойи сеюми номинатсияи “Беҳтарин Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ”: Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Ворисони Сино”-и Маркази саломатии шаҳрии шаҳри Ҳисор. Ғолиби ҷойи дуюми номинатсияи “Беҳтарин Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ”: Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Сино”-и Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор. Ғолиби ҷойи якуми номинатсияи “Беҳтарин Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ”: Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Маорифчиён”-и шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор. Иттилоъ медиҳем, ки ғолибони номинатсиҳои Фестивал -Озмуни "Ташкилоти беҳтарини ҳизбӣ" бо ҷоиза ва диплом сарфароз гардиданд. Бо хулосаи ҳайати Комиссияи Фестивал – Озмун дар номинатсияи “Фаъолтарин вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор” Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор, Раиси шаҳри Ҳисор муҳтарам Қосим Роҳбар ғолиб дониста шуд ва бо Шоҳҷоиза сарфароз гардонида шуд. Дар қисми фарҳангии маросими ҷоизасупории Фестивал – Озмуни “Ташкилоти беҳтарини ҳизбӣ” аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳри Ҳисор барномаи консертии идона, ки тараннумгари тантанаи истиқлолу озодӣ ва ваҳдату якдилӣ буд, манзури иштирокчиёни чорабинӣ гардид. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.