- Дар шаш моҳи соли равон бо масоҳати умумии 588 ҳазору 300 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд,- гуфт Зувайдзода Маҳмадсаид, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии зимни нишасти хабарӣ.
Ба гуфти ӯ дар ин давра мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои 8604 ҷойи талаба, дармонгоҳ барои 200 қабул дар як баст, беморхона барои 47 кат ва муассисаҳои томактабӣ барои 260 ҷой мавриди истифода қарор дода шуданд.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки аз 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳияи нақшаҳои генералии 64 шаҳру ноҳияҳо пурра ба анҷом расида, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст ва мавриди амал қарор доранд.
Қурбон АҲМАДЗОДА