Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Шариф Самӣ зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки бахшида ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҷараён доранд. Дар айни замон дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 49 хонаи истиқоматии баландошёна ба тарзи замонавӣ сохта шуда истодаанд.
Раиси ноҳия гуфт, ки бо мақсади ободонию созандагӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо соҳибкорон ва шахсони алоҳида ҳамкории зичу пайваста ба роҳ мондааст. Ҳоло дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 18 ҳазору 897 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматии баландошёна ба истифода дода шудаанд.
- Дар шаш моҳи соли 2022 21 ҳолати ғасби худсаронаи қитъаи замин ва сохтмонҳои ғайриқонунӣ дар масоҳати 2400 метри мурабаъ ошкор карда шуда, сохтмонҳои ғайриқонунӣ бартараф карда шудаанд,- гуфт Ш. Самӣ.
Қурбон АҲМАДЗОДА