Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Як афсари тоҷик дар марзи Афғонистон кушта шуд

Як афсари тоҷик дар марзи Афғонистон кушта шуд

8-03-2016, 07:00
Хабарро хонданд: 362 нафар
Назарҳо: 0
Як афсари тоҷик дар марзи Афғонистон кушта шуд
Як марзбони тоҷик дар даргирӣ бо Толибон дар марзи Тоҷикистону Афғонистон кушта шуд.

Кумиати давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) рӯзи шанбе хабар дод, ки дар марзи Тоҷикистону Афғонистон даргирие рух дода, марзбони тоҷик , прапоршик Суҳроб Сафолов дар он кушта шудааст.

Дар ин даргирӣ як аъзои дастаи толибон мулло Фасҳиддин валади Қурбон ба ҳалокат расида, як нафари дигар захмдор шуд.

Мақомоти маҳаллии Афғонистон мегӯянд, гуруҳи мусаллаҳи 9-нафарае, ки 5 март бо марзбонони тоҷик дар наздикии дидбонгоҳи "Панҷ" даргир шуд, ба ҳаракати ифротгарои Толибон тааллуқ дорад.

Раиси ноҳияи Имом-Соҳиби Афғонистон Амонуддин Қурайшӣ мегӯяд, қитъаи бо Тоҷикистон ҳаммарзи Афғонистон дар ноҳияи Имом-Соҳиб зери назорати Толибон аст. Ба гуфтаи Қурайшӣ, Толибон дар ҳоли ҳозир 30 дарсади ноҳияи Имом-Соҳиби вилояти Кундузро зери назорат доранд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: