100 МЛН СОМОНӢ БАРОИ ПЕШНИҲОДИ ҚАРЗҲОИ ИПОТЕКӢ1-08-2022, 11:58
Хабарро хонданд: 119 нафар
Назарҳо: 0
Раиси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма хабар дод, ки бонки мазкур барои пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ ба аҳолии мамлакат аз ҳисоби сармояи бонк 100 миллион сомонӣ ҷудо намуд.
Ӯ илова намуд, ки 100 миллион сомонӣ маблағи ибтидоӣ буда, дар оянда дар сурати зарурат барои пешниҳоди қарзи ипотекӣ маблағи иловагӣ ҷудо карда мешавад. - Қарзҳои ипотекие, ки пешниҳоди муштариён мегарданд, аз ҳисоби пасандозҳои мардум нестанд. Қарзи ипотекӣ бо асъори хориҷӣ — доллар бо меъёри 10 фоиз ва бо асъори миллӣ - сомонӣ 22 фоизи солона ба муҳлати 10 сол дода мешавад, - гуфт раиси БДА «Амонатбонк». Ба гуфтаи номбурда, нафароне, ки мехоҳанд аз «Амонатбонк» қарзи ипотекӣ гиранд, бояд маблағи шахсии худро дар ҳаҷми 30 фоизи арзиши манзил саҳм гузоранд. Мизоҷони бонк метавонанд дарҳол пас аз коркарди пурраи қарз ба манзил кӯчанд, ки ҳамчун гарав хизмат мекунад. Ӯ, ҳамчунин, гуфт, ки манзили муштарии бонк танҳо пас аз пардохти пурраи қарз ба қайд гирифта мешавад, ки қаблан он моликияти «Амонатбонк» хоҳад буд. Қарзи ипотекиро на танҳо дар шаҳри Душанбе, балки дар дигар шаҳру навоҳии мамлакат низ метавон дарёфт кард. Қаблан «Амонатбонк» 34 нафар кормандони бонкро бо пешниҳоди қарзи ипотекӣ бо манзили истиқоматӣ таъмин намуд. Бояд гуфт, ки қарзи ипотекӣ як намуди қарзест, ки барои хариди манзил пешбинӣ мешавад. Ин намуди қарз ба мизоҷон бо иҷрои уҳдадорӣ ва шартҳои муайян пешниҳод мегардад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.