Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » УМЕД БОБОЗОДА: ШАҲРВАНДОН БЕШТАР НИСБАТИ САНАДҲОИ СУДӢ ШИКОЯТ МЕКУНАНД

УМЕД БОБОЗОДА: ШАҲРВАНДОН БЕШТАР НИСБАТИ САНАДҲОИ СУДӢ ШИКОЯТ МЕКУНАНД

12-02-2021, 09:59
Хабарро хонданд: 329 нафар
Назарҳо: 0
УМЕД БОБОЗОДА: ШАҲРВАНДОН БЕШТАР НИСБАТИ САНАДҲОИ СУДӢ ШИКОЯТ МЕКУНАНД
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода мегўяд, шаҳрвандон бештар нисбат ба санадҳои судӣ, аз қабили кашолкорӣ дар баррасии парвандаҳо, мусоидат барои баррасии одилона мурҷиат мекунанд.
Ў зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки дар муроҷиатҳои хаттии шаҳрвандон нисбат ба қарор ё амал (беамалии) мақомоти судӣ46, корҳои дохилӣ 18, прокуратура 5 ва нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ17 шикоят ба қайд гирифта шудааст
Зикр шуд, ки соли сипаришуда дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 1946 адад муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 436 ададаш хаттӣ ва 1510 ададаи дигараш муроҷиатҳои шифоҳӣ мебошанд. Аз шумораи умумии муроҷиатҳои ба қайд гирифташуда, 651 муроҷиат дар дастгоҳи марказии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва 1295 ададаш дар намояндагиҳо ва қабулгоҳҳои ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба қайд гирифта шудааст.
Ба иттилои Умед Бобозода аз 651 муроҷиати ба дастгоҳи марказии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон воридгардида, 47 муроҷиат, аз ҷумла 32 муроҷиати хаттӣ ва 15 муроҷиати шифоҳӣ мусбат ҳал гардидаанд.

СИРОҶИДДИН ИКРОМӢ: “АМОНАТБОНК” БА ЗИЁДА АЗ 50 ҲАЗОРМУШТАРӢ ҚАРЗ ДОД

Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»дар соли 2020 аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ ба 50 498 муштарӣ зиёда аз 1,0 млрд. сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2019 мутаносибан 27,4% ва 52,5% зиёд мебошанд. Дар ин бора, раиси бонки мазкур Сироҷиддин Икромӣ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Мавсуф инчунин, зикр намуд, ки дар иртибот ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, “Амонатбонк”ҷиҳати саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи сайёҳии мамлакат, эҳё намудани анъанаҳои миллӣ ва рушди минбаъдаи ҳунарҳои мардумӣ, аз ҳисоби захираҳои худӣ дар соли 2020 ба 343 нафар соҳибкор ба маблағи 5,8 млн. сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намуд.
– Сандуқи қарзии Бонк (бо дарназардошти қарзҳои ғайринизомӣ) ба ҳолати 31 декабри соли 2020 966,3 млн. сомонӣ ва шумораи қарзгирон аз рўи бақия 40 787 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин ба соҳаҳои саноат 10,9%, кишоварзӣ 17,5%, истеъмолӣ 22,7%, сохтмон 7,9%, тиҷорат 28,7%, нақлиёт 8,7% ва дигар хизматрасонӣ (сайёҳӣ, тандурустӣ, хўроки умумӣ) 3,6% рост меояд,-афзуд С. Икромӣ.
Зикр шуд, ки “Амонатбонк” бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои бонкӣ, зиёд намудани ҳаҷми пардохтҳои ғайринақдӣ, танзими муомилоти нақдӣ ва дар ин замина, устувор нигоҳ доштани қурби пули миллӣ, дар маҷмўъ бо 7 768 адад ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ ҷиҳати гузаштан ба лоиҳаи “Музди меҳнат” тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст.
Ба иттилои манбаъ, шумораи дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ ба 1 миллиону 534 ҳазор нафар, теъдоди банкоматҳои харидоришуда дар Бонк ба 284 адад ва постерминалҳо ба 1739 адад расонида шудааст.
Бонк ҷиҳати саҳмгузорӣ дар самти амалишавии стратегияи рушди низоми пардохт ва истифодаи васеи кортҳо, 502 адад постерминалҳои худро дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ насб кардааст.
– Бояд қайд намуд, ки аз соли 2019 инҷониб, Бонк иқдоми ба ҷойҳои сераҳолӣ ва ба сайёҳон дастрас кўчонидани марказҳои хизматрасонии бонкиро амалӣ намуда истодааст. То ба имрўз 192 адад ё 35,2%-и марказҳои хизматрасонии бонкӣ, ки 24 адади он ба соли ҳисоботӣ рост меояд, ба шафати роҳҳои байналмилалӣ, дохили маркази савдову бозорҳо ва чорроҳаҳо кўчонида шуданд.
Дар баробари ин, фаъолияти 20 адад хазинаҳои бегоҳӣ ва шабона дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ҳисор, Исфара, Хуҷанд, Бохтар, Ҷ.Балхӣ, Кўлоб ва Хоруғ, ки ба аҳолӣ ва сайёҳон хизматрасониҳои гуногуни бонкиро пешниҳод намуда истодаанд, пурзўр карда шуд. Аз ин шумора таъсиси 8 адади он ба соли ҳисоботӣ рост меояд,-иброз намуд раиси “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ.

Ибодуллоҳи ТОҲИР


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: