Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ШУМОРАИ МАЪЮБОН ДАР ҶУМҲУРӢ МЕАФЗОЯД

ШУМОРАИ МАЪЮБОН ДАР ҶУМҲУРӢ МЕАФЗОЯД

1-08-2022, 11:21
Хабарро хонданд: 101 нафар
Назарҳо: 0
Дилмурод Давлатзода, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи умумии нафақагирони маъюб 159 ҳазору 679 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,4% зиёд гардидааст.
Таъкид гардид, ки 20,97 дарсади нафақагиронро маъюбон ташкил медиҳанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта теъдоди онҳо 2273 нафар ё ин ки 1,4 фоиз зиёд гардидааст.
- Барои пардохти нафақа ба нафақагирони маъюбиятдошта дар як моҳ 52,3 миллион сомонӣ маблағ пардохт карда мешавад, ки ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо ба 372, 69 сомонӣ баробар аст, - директори агентӣ.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки аз шумораи умумии маъюбон 17 ҳазору 165 нафарашон маъюбони гурӯҳи якум, 76 ҳазору 792 нафар маъюбони гурӯҳи дуюм ва 33 ҳазору 275 нафарашонро маъюбони гурӯҳи сеюм ташкил медиҳанд. Шумораи маъюбони аз овони кӯдакӣ то 18-сола дар кишвар 32 ҳазору 447 нафарро ташкил дода, ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо ба 307,98 сомонӣ баробар аст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди умумии нафақагирон ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ 761 ҳазору 312 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16 ҳазору 527 нафар ё 2,2 фоиз афзоиш ёфтааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: