Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа: пардохти нафақаи 4785 нафар муваққатан боздошт шудааст

Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа: пардохти нафақаи 4785 нафар муваққатан боздошт шудааст

18-07-2017, 08:19
Хабарро хонданд: 194 нафар
Назарҳо: 0
Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа: пардохти нафақаи 4785 нафар муваққатан боздошт шудааст
/АМИТ «Ховар»/ «Теъдоди умумии нафақагирон дар ҷумҳурӣ 660 610 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26 057 нафар ё 3,9 фоиз зиёд аст»,-зикр намуд муовини аввали директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назокат Одиназода зимни нишасти матбуотӣ дар ҳузури рӯзноманигорон.

Аз теъдоди умумии нафақагирон дар айни замон пардохти нафақаи 4 785 нафар муваққатан боздошт шудааст: онҳо, тибқи қарори комиссия, бояд аз муоинаи такрории тиббии Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаранд.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки аз ҷониби сохторҳои Агентӣ дар шаш моҳи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба 29 431 нафар нафақа таъйин карда шудааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: