Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ҲАДАФИ НАҲЗАТИЁН ВОПАСГАРОИСТ

ҲАДАФИ НАҲЗАТИЁН ВОПАСГАРОИСТ

1-08-2022, 11:11
Хабарро хонданд: 2832 нафар
Назарҳо: 0
Тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣ ҳамчун як хатари бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ имрӯз амният ва мавҷудияти аксар кишварҳои минтақаро зери таҳдиди ҷиддӣ қарор додаанд. Таҳдиди ин зуҳуроти харобиовар акнун аз сатҳи миллӣ ва минтақавӣ фаротар рафта, хусусияти глобалӣ ё умумиҷаҳонӣ гирифтааст. Бинобар ин дар шароити кунунӣ сафарбар кардани тамоми имконоти моддию маънавӣ ва ба роҳ гузоштани як набарди ғоявии умумимиллӣ метавонад яке аз роҳҳои дурусти мубориза бо ин тафаккур ва ин нерӯи мухарриб бошад.
Дар ин росто раванди ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастани ҷавонон дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон нишон медиҳад, ки насли нави ифротгароёни динӣ, хусусан, пайравони ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзати исломӣ роҳҳои нави таблиғу ташвиқи андешаҳои худро дар байни ҷавонон ба роҳ мондаанд. Маҳз ҳамин равиши таблиғотии зоҳиран содда, аммо таъсирнок ва истифодаи васеъ аз воситаҳои муосири иттилоотӣ, расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз омилҳои ташаккул ёфтани ин гурӯҳҳо ва интишори ақоиди онҳо гардидааст. Саволе ба миён меояд, ки чаро ва чӣ гуна бояд ҳар шаҳрванд дар мубориза бо экстремизм манфиати шахсии худро бинад ва ба ин мубориза ҳамроҳ шавад. Доир ба саволи мазкур бояд қайд намуд, ки гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣ мехоҳанд давлат, миллат, фарҳанг, зиндагии ободу осудаи моро ҳадафи таҳдиди бераҳмонаи худ қарор диҳанд. Вале дар масъалаи гурӯҳҳои ифротию террористӣ бояд гуфт, ки хатари он на танҳо ба Ҳукумат ва сохтори сиёсӣ, балки мустақиман ба ҳар як шаҳрванд равона шудааст. Мувофиқи тафаккур ва таълимоти гурӯҳҳои ифротии динии имрӯза, ягон давлати мусулмоннишин бояд ҳамчун давлати мустақил вуҷуд надошта бошад, онҳо бояд ба тадриҷ таҳти таъсиру таблиғи таълимоти динӣ зери ливои як давлати бузурги исломӣ ҷамъ шаванд ва ҷабҳаи ягонаи исломиро дар баробари “дорулкуфр” ташкил диҳанд.
Бояд гуфт, ки ҳаракати имрӯзаи ифротгароии динӣ ва гурӯҳҳои ифротии динӣ бар зидди мавҷудият ва истиқлоли давлатҳои миллии мустақиле мебошад, ки дар ҷуғрофиёи фарҳанги ба ном “исломӣ” қарор доранд. Пас, метавон гуфт, ки ифротгароии нави динӣ як роҳи нави ишғолгарӣ, як тарҳи нав ва бисёр нозуки истеъмор ва истилогарӣ мебошад, ки пеш аз ҳама ба истиқлол ва мавҷудияти кишварҳои мусулмонӣ таҳдид мекунад. Гурӯҳҳо ва созмонҳои ифротӣ бошанд, ҳамчун як асбоби татбиқи ин сиёсати ишғолгарон ва бозичаи арзон ва муносибе дар дасти бозингарони бузурги геополитикӣ мебошанд. Дарки ин нуқтаи муҳим ва шинохти чистиву кистии ин гурӯҳҳо ва аъзои онҳо бояд муносибати ҳар як мусулмон ва ҳар як шаҳрвандро нисбати онон муайян кунад.
Суботу амнияти кишвар, устувории ҷойгоҳи он ва амнияту осудагии марзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо як арзиши меҳварӣ ва калидӣ аст. Махсусан, амнияти сарҳади давлатии мо дар самти ҷануб, ки бо минтақаҳои буҳронӣ ҳамсоя аст, барои таъмини суботу амнияти кишвар аҳамияти ҳаётӣ дорад. Аммо дар нигоҳи ҷиддитар имрӯз сарҳади ҷанубии Тоҷикистон маънои бисёр васеътар аз сарҳади байнидавлатӣ миёни ду кишварро дорад. Имрӯз сарҳади ҷанубии Тоҷикистон дар асл сарҳади байни ду тарзи ҷаҳонбинӣ, сарҳади байни ду сатҳи зиндагӣ, сарҳади байни ду тарзи давлатдорӣ ва ғайра мебошад.
Аз ин рӯ, ба ягон гурӯҳҳои ифротӣ набояд имкон дод, ки ба амнияти Тоҷикистон таҳдид кунад. Таҷрибаи талхи фаъолияти расмии чунин гурӯҳҳои диниву мазҳабиро Тоҷикистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ хуб омӯхта, дарк намудааст. Эродҳое, ки феълан ин гурӯҳҳои сиёсии мардуд ва фирорӣ нисбати Тоҷикистони соҳибистиқлол аз хориҷи кишвар ироа медоранд, фақат ба хотири ғаразҳои сиёсӣ гуфта мешаванд, на ба хотири рушди давлати миллӣ ва тавонманд шудани миллати тоҷик. Маълум аст, ки ин эътирозҳо ва суханони гурӯҳҳои ифротӣ ё худ наҳзатиёни террорист ба пойдевори устувори амнияти миллии мо наметавонад андактарин латмае ворид кунад. Баръакс, суханони муғризонаву бепояе, ки аз забони онҳо мунтазам садо медиҳанд, чун лаб во кардани пистаи бемағзест, ки пуч будани худро бармало мекунад.
Мардуми шарифи Тоҷикистон хуб медонад, ки ТТЭ ҲНИ солҳои 90-уми садаи бист чӣ бадбахтиеро ба сари миллати тоҷик овард, ки таъсири он то ҳол аз байн нарафтааст. Мардуми шарифи мо ҳанӯз фаромӯш накардаанд, ки кӣ ба хонаҳояшон ҳуҷум кард, кӣ амволашонро тороҷ кард ва хонаҳояшонро сӯхт ва аз дасти кӣ онҳо ба кишварҳои хориҷа гуреза шуданд.
Бо вуҷуди ин ҳама бадбахтию нооромӣ, ки ТТЭ ҲНИ ба сари миллати тоҷик овард, боз роҳбарони риёкору мунофиқи он, ки феълан ба ҳайси паноҳанда дар зери чатри хоҷагонашон ба сар мебаранд, ҳамеша худро бегуноҳ ҷилва додан мехоҳанд. Онҳо аз бухлу ҳасад тамоми пешрафтҳои имрӯзаи кишвари моро нодида мегиранд. Илова бар ин, агар нафаре аз ҳақиқат сухан бикунад, ТТЭ ҲНИ, ки барои кишвари Тоҷикистон хиёнатҳои зиёде кардааст, зуд ба кӯбидану маҳкум кардани ӯ “фатво” медиҳанду худро ҳақбаҷониб мебароранд.
Вале новобаста ба ин ҳама фазосозии наҳзатиён мардум хуб медонанд, ки онҳо чанд сол муқаддам бо кирдорҳои разилонаи худ Тоҷикистонро ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор кардаву миллатро дар арсаи нобудӣ қарор доданд. Шукр, ки хиради азалии миллати тоҷик ва иршоди фарзонамардони миллат садди роҳи он ҳама амалҳои ваҳшиёнаи террористони наҳзатӣ ва аҳдофи нопоку ояндасӯзи онҳо гардид. Имрӯз хушбахтона, миллати мо бо азму иродаи қавӣ ва рӯҳияи шикастнопазир ба дунболи ободкорӣ ва шукуфоии кишвари маҳбубамон аст ва дигар фирефтаи дурӯғҳо ва ҳангомаҳову туҳматпароканиҳои гурӯҳи дасисаангезе чун ТТЭ ҲНИ нахоҳад шуд.
Дар шароити муосир муборизаи идеологиву иттилоотии Ҳукумати кишвар бо вопасгароёни наҳзатӣ маънии муборизаи ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷаҳонбинии диниро дорад. Аз ин аст, ки бештарин қисмати марзи кишвари мо ин ба марзи байни минтақаи субот ва ҳавзаи бесуботӣ, марзи байни минтақаи эътидол ва ҳавзаи ифротгароӣ, марзи байни ҳамзистию таҳаммулпазирӣ ва низои мазҳабӣ, марзи байни низомҳои давлатии дунявӣ ва низомҳои давлатии теократӣ мебошад. Бинобар ин масъулияте, ки феълан Ҳукумати кишвар ва зиёиёну рушанфикрони ҷомеаи мо дар ростои мубориза бо терроризму экстремизм ва дар зимн бо ТТЭ ҲНИ ва ПМТ доранд, аслан масъулияте фаротар аз аз сатҳи ҷуғрофиёи мост. Хатаре ҳам, ки аз ин самт таҳдид мекунад, фақат ба кишвари мо марбут нест. Маҳз ин қазия водор мекунад, ки мо дар ростои мубориза бар зидди ифротгароёни фирории наҳзатӣ ва пайравони ғоявии онҳо масъулияти бештар ва ҷиддитареро эҳсос намоем.

Илњоми Ситам,
омўзгор
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: