Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ВАЗЪ ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН ОРОМ АСТ

ВАЗЪ ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН ОРОМ АСТ

1-08-2019, 10:15
Хабарро хонданд: 553 нафар
Назарҳо: 0
Дар марзи ду кишвари ҳамсоя, ки сарҳади Ворухи Тоҷикистонро аз Оқсойи Қирғизистон ҷудо мекунад, дар гузашта миёни сокинони ҳарду ҷониб даргириву муноқишаҳо кам рух надодаанд. Охирин нооромӣ, ки миёни мардуми тоҷику қирғиз дар марзи Ворух - Оқсой сар зад ва дар пай аз ҷониби тоҷикон як нафар кушта ва чандин нафар захмӣ шуда ба бемористон интиқол ёфтанд, ба оғози ҳафтаи гузашта рост омад.
Ин муноқиша дар марз вокуниш ва эътирози ҷомеаи кишвари Тоҷикистонро ба бор овард. Бахусус садои эътироз ва вокунишҳои тезу тунди ҳамватанони мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар зоҳир шуд. Шоире бо навиштани шеъри ватанпарастӣ, донишманде бо таҳлили амиқи таърихӣ, рӯзноманигоре бо навиштани матлаби нишонрас, соҳибфикре бо баёни андешаи созанда - ҳар кас ба ҳадди тавони худ роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷудаи миёни мардуми тоҷику қирғизро дар марзи Ворух - Оқсой пешниҳод мекард. Яке аз рӯи оташи ғазаб масъалаи ҷангидан бо ҷониби мардуми он сӯи марзро ба миён мегузошт, дигаре бо роҳи гуфтушунид ва ҳамдигарфаҳмӣ матраҳ шудани масъаларо салоҳи кор медонист, савумӣ аз беаҳдиву ноҷавонмардии гурӯҳи муайяни сокинони қирғизи ҳаммарзи Ворух менавишт...
Дар чунин вазъият суханчинӣ, иғвову дасисаи аъзои ташкилоти террористӣ - экстремистии ҳизби наҳзати ислом чун ҳамеша авҷ гирифт ва аз «зоопарки» наҳзат як гурӯҳ махлуқони одамсурат ба ҳангомасозӣ пардохтанд. Ин махлуқони бешараф бо бадномкунии ҳукумати кишвар ва бо мақсади тухми нифоқу душманӣ коштан миёни тоҷикону қирғизҳо аз тамоми маҳорати худ истифода карда, мардуми тоҷикро ба ҷангу нооромӣ даъват мекарданд. ("махлуқи бешараф" - аҷаб иборае пайдо шуд. Махлуқ куҷову шарафдорӣ куҷо?! Лекин шарафу виҷдони баъзе ҷонвари беақлу безабон аз шарафу виҷдони наҳзатиёни бадзот садҳо зина болост).
Дар ин маврид байти машҳуре бисёр мувофиқ аст:
Миёни ду кас ҷанг чун оташ аст,
Суханчини бадбахт ҳезумкаш аст.
Дарвоқеъ, бадбахтони наҳзатӣ бо ин гуна суханчинӣ ва иғвоангезӣ ҳадаф доранд, ки аз тамоми роҳҳо истифода карда, вазъи орому осудаи халқу кишвари моро зери хатар қарор дода, ҷомеаро ба коми оташи ҷангу муноқиша тела диҳанд.
Вале мардуми шарифи Тоҷикистон макру ҳилаи ин тӯдаи ҷинояткорро ҳоло фаромӯш накардааст ва ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад. Ҷанги бародаркуши шаҳрвандиро маҳз наҳзатиёни наҳс ба сари миллати тоҷик таҳмил доданд, ки дар натиҷа ҷони беш аз 150 000 нафар сокинони осоиштаи кишвар қурбон шуд, миллионҳо доллар хисороти молӣ ба мардум расид, халқи мо рӯ ба гурез овард ва рӯзгори бекасиву беватаниро дид.
Мардуми шарифи Тоҷикистон дигар ба ягон афсонаи душман бовар надорад, халқи азизи кишвари мо қимати озодиву истиқлолият, рӯзгори амну осоишта ва арзишҳои олии ҳаётро хуб шинохтааст ва ҳамеша тарафдори сулҳу оромӣ, дӯстиву рафоқат ва инсондӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ аст. Халқи тоҷик бо иродаи созандаи худ зери роҳбарии Сарвари давлаташ қодир аст, ки тамоми мушкилоти мавҷудаи марзи кишварро бо давлати ҳамсояи Қирғизистон бо роҳи сулҳу салоҳ, гуфтушуниди дуҷониба, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории судманд ҳаллу фасл намояд.
Боиси хушнудист, ки охири ҳафтаи гузашта сафари кории Роҳбариятии олии кишвар ба ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара ва аз он ҷо ба Иссиқкӯли Ҷумҳурии Қирғизистон мушкилот ва танишҳои вобаста ба марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистонро ба эътидол овард. Дар пайи дидор ва мулоқоти сарони ду давлат Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеэнбеков масъалаи суръат бахшидан ба корҳои аломатгузорӣ дар марзи байни ду кишвар ва бартараф кардани мушкилоти сокинони ҳарду тарафи сарҳад баррасӣ карда шуд. Ҳамчунин дар ин мулоқот таъкид гардид, ки бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ ва пешгирӣ кардани ҳар гуна низоъ ва муноқиша дар байни аҳолии деҳоти наздисарҳадӣ, ки кори дасти доираҳои манфиатхоҳ ва иғвоангез аст, бояд ҷиддӣ ба роҳ монда шавад ва амнияту осоиштагии рӯзгори мардум ба пуррагӣ таъмин карда шавад.
Итминони комил аст, ки дар ояндаи наздик марзи байни ду кишвар пурра аломатгузорӣ шуда, мардуми тоҷику қирғиз дар ин минтақа бо риояи одоби баланди ҳамсоядорӣ, зери ливои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми шаъну шарафи инсонӣ рӯзгори осоиштаи худро идома медиҳанд.
Аҳлиддин Сафаров, таҳлилгари масоили сиёсӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: