Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ҚАЛАМИ СОЗАНДАВУ СӮЗАНДА

ҚАЛАМИ СОЗАНДАВУ СӮЗАНДА

1-02-2019, 09:56
Хабарро хонданд: 434 нафар
Назарҳо: 0
ҚАЛАМИ СОЗАНДАВУ СӮЗАНДА
Дигаргуниҳои куллӣ дар сохтори геополитикии ҷомеаи чаҳонӣ ва хатари аз нав тақсим шудани ҷаҳон аз он шаҳодат медиҳанд, ки замони муосир тадриҷан ба давраи сифатан нави тараққиёт ва ҳамзамон, дому хатарҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ шудааст. Тақсимоти нави геополитикаи ҷаҳони муосир замоне ба вуқуъ омад, ки барномаҳои сиёсии абарқудратони давр дар кишварҳои хурд ва рӯ ба тараққӣ ба ҳам бархурд ва дар ин росто ҷиҳати пиёда шудани сиёсати қудратмандон дар чунин мамолик рақобати ҷиддӣ сурат гирифт, ки чунин ҳолат то ба имрӯз идома дорад.
Ба вуқуъ омадани тақсимоти нави ҷаҳон миёни абарқудратон ва қудратталабон ба ҳаёти башарият тағйироти куллӣ ба миён овард. Ҷаҳонишавӣ дар худ имкониятҳои бузурги пешрафт ва дар айни замон таҳдидҳои ҷиддиро ба хаёти башарият ворид сохтааст. Таъсири манфӣ ва таҳдиди раванди ҷаҳонишавӣ ба шуур ва маънавиёти ҷомеа тавассути васоити ахбори омма, ки он дорои неруи бузурги таъсиррасонанда аст, эҳсос мегардад ва дар баробари талқини сулҳу субот ва неъмати оромӣ, ҳамзамон иттилоот ва ВАО дар тарғибу ташвиқи гурӯҳу созмонҳои террористӣ, ки ин зуҳурот бошандагони сайёраро ба ҷунбиш овардааст, нақши муҳимро касб кардааст. Ин дар ҳолест, ки ВАО дар пиёда шудани манфиати ин ё он қувваву гурӯҳҳои муайян ба тариқи мушаххас истифода мешаванд ва таҷрибаи дилхоҳеро низ баҳри қувваҳои манфиатҷӯ ба бор овардаанд.
Ба миён омадани мафҳумҳое, ба монанди «ҷангӣ иттилоотӣ» дар ҷаҳони муосир нигарониву таассуфи сиёсатмадорону коршиносони байналмилалиро ба бор овард. Ҷанги иттилоотӣ таърихи кӯҳан дошта, ба ақидаи муҳаққиқон ин мафҳум бо пайдоиши давлатҳо ва мухолифату рақобати байни онҳо ташаккул ёфтааст. Вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар замони муосир ҷанги иттилоотиро асосан кишварҳои абарқудрату қудратталаб ва ташкилоту қувваҳои бузурги ҷаҳон дар раванди амалисозии ҳадафҳои геополитикии худ истифода мебаранд. Иттилот воқеан ҳам дар ҷаҳони кунунӣ бо фаъолияти рӯзафзуни омма тавъам аст ва дар пешрафти ҳаёти рӯзафзун нақши калидӣ дорад. Аммо бо дарназардошти дар ҳоли идомаёбӣ қарор доштани ҷанги иттилоотӣ истифода шудани иттилооту маълумот аз ҷониби созмону гурӯҳҳои террористӣ низ мушкилоти давр боқӣ мемонад. Агар миёни қудратмандон ҷанги иттилоотӣ ба ҳадде воқеӣ сурат бигирад, вале бо маълумоти бардуруғу иғвоангез, ифротгароёнаву ҷангҷӯёна олуда намудани ақоиди сокинон аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгарову террористӣ мушкилоти дигари замони имрӯз ҳисобида мешавад.
Мувофиқи гуфтаҳои коршиносону таҳқиқгарон терроризм, экстремизм ва ифротгароӣ, бахусус терроризми динӣ ташкилшудаи дасти абарқудратон, бо мақсади пиёдасозии манфиат ва сиёсати онҳо аст. Яке аз василаву роҳҳои аслии то ин ҳад қувваву қудрати бузургро ба даст овардани ин вабои замон, тариқи иттилоот муаррифӣ шудани тахайюли ақоиди бофтаву осмонии онҳо мебошад, ки гуё заҳмат ба дин менамоянду вале дар асл ҷуз қатлу куштори ваҳшиёнаи сокинони осоишта ва амалисозии барномаҳои хоҷагони пасипардагии онҳо дигар чизе нест. Имрӯзҳо мақомоти амниятии кишварҳои сайёра аз паи маҳву нобудсозии роҳҳои вусъатёбиву инкишофи гурӯҳҳои террористӣ бо мақсади пурра аз байн бурдани ин мушкилоти глобалӣ афтодаанд. Яке аз василаи аслии ба шикаст рӯ ба рӯ нашудани созмонҳои террористӣ, ин аз байн бурдани роҳҳои таблиғотии он буда, дар ин самт садҳо ва аз он бештар сомонаҳои интернетии таблиғотии гурӯҳҳои террористӣ ошкор ва қисме аз онҳо бекор карда шуда, қисми дигар зери назорати қатъӣ қарор гирифтаанд. Мутмаинем, чунин амалҳои сулҳҷӯёна гурӯҳҳои террористиву экстремистиро ба шикасти ҷиддӣ рӯ ба рӯ хоҳад кард.
Аммо кам нестанд, расонаҳои иттиллотие, ки дар инъикоси воқеоти даҳшатафкании гурӯҳҳои терорристӣ даст надошта бошанд. Агар бархе аз чунин расонаҳои хабарӣ чунин иқдомоти худро дар мубориза алайҳи ин вабои замон муаррифӣ намоянду ба ҳадде ин ҳақиқат дошта бошад ҳам, вале баъзе аз расонаҳои дигар ба тариқи пардарпушона амалҳои зишту харобкорӣ, воқеоти даҳшатафкании гурӯҳҳои терорристиро аслан бо мақсади нишон додани қудрат ва тавоноии разилони давр инъикос менамоянд ва шояд аз ин манфиатдор ҳам ҳастанд.
Солҳои охир аксар мамлакатҳои дунё кушиши сохтани ҷомеаи глобалии иттилоотиро доранд. Лекин рушди иттилоотикунонӣ дар баъзе кишвархо бинобар як катор омилҳои сиёсӣ, иктисодӣ ва техникӣ боз дошта шудааст. Кишварҳои сатҳи тараққиёташон гуногун ба рушди Интернет муносибати хоса менамоянд. Вале дар баробари манфиатҳову саҳмгузории интернет ба пешрафти ногусастании ҳаёти ҷамъияӣ хислатҳои манфии онро низ бояд андеша кард ва ин масъаларо набояд нодида гирифт. Агар каме ба рӯзҳои аввали таъсисёбии гурӯҳҳои террористӣ, бахусус созмони ифротии ба ном «Давлатӣ исломӣ» назар афканем, бармеояд, ки чунин гурӯҳҳо маҳз дар қатори ташкили сомонаҳои таблиғотии худ, ҳамзамон зери муаррифиҳои дар умум ВАО-и ҷаҳонӣ шуҳрат пайдо намудаанд, яъне ВАО байналмилалӣ аз ташкил ёфтани чунин гурӯҳҳои ифротгароӣ ва қудрату тавоноии онҳо ба сокинони олам маълумот пешниҳод намуданд ва дар баъзе ҳолат аз даъвати онҳо гуё ба ҷиҳоду хизмат, ки баён менамуданд, маълумотҳои муфассал пешниҳод мегардиданд. Дар натиҷа, баъзе аз сокинони гумроҳу кӯтоҳандеши мамолики сайёра азми пайвастшавӣ ба онро намуда, ҳамзамон қувваҳову созмонҳои манфиатхоҳ бо пайдо намудани маълумот оид ба мақсади аслии чунин гурӯҳҳо ва қувваву тавоноии онҳо шояд бо сарпарастиву таъмини лавозимоти ҷангиву дигар омилҳои тавоноӣ азм намуданд, ки мақсади онҳо низ пеш аз ҳама, пиёда намудани ҳадафи худ мебошад.
Маҳз чунин омилҳо, яъне бо мақсади расонидани иттилооти нав ба омма ва огоҳонидани сокинон аз зуҳури чунин гурӯҳҳои ифротгароӣ, ки билохира ба манфиати созмонҳои террористӣ анҷомид, боиси шуҳратёр гардидан ва дар заминаи он қувваву тавоноӣ ба даст овардани созмонҳои террористӣ гардид. Аммо то имрӯз бархе аз сиёсатмадорони кишварҳои мухталифи олам зимни баромадҳои хеш иброз менамоянд, ки «инъикоси ахбори воқеӣ ва фаврӣ оид ба вазъи сиёсии ҷаҳон ва низоъҳои динӣ, ки ҳоло дар бархе аз кишварҳои мусалмонӣ ё исломӣ доман задааст, яке аз рисолатҳои асосии фазои иттилоотии кишварҳои ҷаҳон дониста мешавад». Воқеан, бо таҳлилҳои амиқ берун овардани ҳадафҳои созмону гурӯҳҳои террористӣ аз зери пардаи барои қисми беши бошандагони сайёра ниҳонбуда ва самти аслии фаъолияти онҳо ба манфиати кор хоҳад буд, аммо инъикоси фаврӣ оид ба вазъи сиёсии ҷаҳон ва низоъҳои динӣ ва нишон додани тавоноии гурӯҳҳои терористиву ифротгароӣ аз манфиат берун буда, метавонад баръакси ҳол, ба хости ташкилгарони ин вабои замон анҷомад.
Сиёсатмадорони сайёра ва таҳқиқгарону мутахассисон дар мубориза алайҳи хатари иттилооти бардуруғ барномаи «амнияти иттилоотӣ»-ро бароҳ мондаанд, ки ин дар мубориза алайҳи хатари ифротгароиву тариқи иттилоот олуда намудани шуури мардум ба ақоиди бегона заминаи мусоид ароҳам меоварад. Аммо имрўзҳо миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳастанд қувваҳое, ки истилоҳи «амнияти иттилоотӣ»-ро мушкили расонаии ҳукумат маънидод менамоянд. Оё дар чунин вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки он ҳам печ дар печ будани авзоъи сиёсии қисме аз кишварҳои олам, бахусус мамолики мусалмониву аҳолии мусалмондошта, ба мисли Афғонистону Покистон, Сурияву Ироқ, Лубнону Урдун ва анҷом ёфтани амалҳои инфиҷории террористӣ дар мавзеъҳои мухталифи олам, ҳамзамон хурӯҷ ва доманпаҳннамоии гурӯҳҳои террористӣ ба мавзеъҳои мухталифи ҷаҳон, дар ҳоли идомаёбӣ қарор гирифтани ҷанги иттилоотӣ дар сайёра ва дигар мушкилоту проблемаҳо метавон аз амнияти иттилоотӣ наандешид? Дар сурате, ки имрӯзҳо ҷанги иттилоотӣ дар ҳоли идомаёбӣ қарор дорад, пас чаро барномаҳое, ба мисли амнияти иттилоотӣ вуҷуд надошта бошад ва гуё он танҳо ба манфиати давлатӣ будааст? Ин ва дигар суолҳое ҳастанд, ки аз нафарони «амнияти иттилоотӣ»-ро мушкили расонаии ҳукумат эътирофнамуда посух талаб менамоянд.
Амнияти иттилоотӣ ин ҳушдор ва хитоб ба қаламдоронест, ки ҷиҳати ба даст овардани манфиат ва дар ин росто пиёда шудани сиёсати ин ё он қувва даст ба ахбороти иғвобарангезу гумроҳкунанда мезананд, ки чунин ҳолат заминагузори нооромӣ ва ба пирузӣ комёб гардидани қувваҳои беруна дар ҷанги иттилоотӣ бо ин ё он кишвар мегарданд. Маврид ба таъкид аст, ки ВАО-е, ки самти фаъолияташ ба иғвобарагезиву иғвоситезӣ равона гардидааст, маҳз ташкилкардаи дасти гурӯҳҳои беруна ва манфиатҷӯ мебошад.
Бархе аз олимон ақида доранд, ки вазъи ҳосилшуда ва афзоиши таъсири ВАО-и хориҷӣ ба афкори умум дар аксар маврид ба амнияти иттилоотии мамлакатҳо метавонад тахдид ба бор оварад. ВАО-и хориҷӣ имрӯз дар тамоми гӯшаву канори олам фаъол буда, он мутааллиқ ба кишварҳои қудратманд ва дар ҷанги иттилоотии давр ҳамчун абарқудрат шинохташуда мебошанд.
Имрӯзҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон низ фаъолияти расонаҳои иттилоотии хориҷӣ ва хусусӣ ба таври назаррас ба роҳ монда шудаанд. Тибқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ матбуоти кишвари мо имрӯз дар қиёс бо бисёр кишварҳо аз дидгоҳи озодии баён пешрафта мебошад. Вале аз рӯи мушоҳида имрӯз ҳастанд расонаҳои хабарие, ки ба тариқи пардарушона ҷонибдори ин ё он гурӯҳу созмон буда, дар тарғибу ташвиқи қувваҳои аҷнабӣ барои миллат тоҷик зихмат менамояд. Дар ҷаҳони кунунӣ рақобатпазир будани ВАО дар ҷанги иттилооти идомадошта талаботи давр аст, вагарна бетарафи метавонад дар ин самт мушкилоти ҷиддиеро руи кор оварад.


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: