ҲИЗБЕ, КИ МАРОМАШ ХИЗМАТ БА ХАЛҚУ ВАТАН АСТ4-12-2025, 12:01
Хабарро хонданд: 38 нафар
Назарҳо: 0
![]() “Ҳизби мо ба сифати неруи муқтадири сиёсии кишвар барои воқеан амалӣ гардидани озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ, аз қабили гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, озодии сухан, матбуот ва эътиқод, интихоботи шаффофу демократӣ, волоияти қонун, иқтисодиёти гуногуншакл, рақобати озоди иқтисодӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва монанди инҳо ҳамчун ҳадафҳои барномавии худ то имрӯз талош меварзад”. Эмомалӣ РАҲМОН Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизбест, ки хизмат ба халқу Ватан дар меҳвари фаъолияти он қарор дорад ва кору пайкори он ба ном ва ба коми халқ асту танҳо ба халқ такя мекунад. Ҳизбе, ки бо ҳадафҳои олии миллатсозиву давлатсозӣ вориди сиёсат шуду бо неру ва ҳадафу барномаҳои созандаи худ, бо такя ба неруи бузурги халқ дар кишвари ҷангзада пойдевори сулҳу ваҳдатро гузошт, миллати пароканда ва ноумедро сарҷамъ карда, ба мардум умеди дубораи зиндагии шоиста дод. 10-уми декабри соли равон аз таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон расо 31 сол пур мешавад. Ҳизбе, ки тавонист қишрҳои гуногуни ҷомеаро, ки дар зиддияти ҳамдигар қарор доштанд, сари як миз ҷамъ овараду миллати зиёда аз ҳазор сол аз давлатдории миллӣ бенасибмондаро соҳиби давлати миллӣ намояд. Бо дарназардошти таҳаввулоту шаклгирии фазои сиёсии ҷаҳонӣ ва раванди омӯзиши таърихи ташаккули маънавиёти ҷомеа ба ин хулоса расидан мумкин аст, ки дар миёни ҳамаи сохторҳои мавҷудаи низоми давлатдорӣ танҳо ҳизби сиёсии пурқувват метавонад мафкураи ҷомеаро ба даст гирад, тарбия намояд, шакл диҳад ва истифодаи дурусти шохаҳои ҳокимият ин тафаккуро бо роҳи давлатсозию миллатсозӣ роҳнамоӣ намояд. Агар ба солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар назар афканем, нахуст, ба вуҷуд омадани таркишҳо дар идеологияи Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шуравиро мебинем, ки чӣ гуна як давлати пурқувват пурра пароканда шуд. Баъдан, иродаи суст ва аз лиҳози мафкуравию сиёсӣ ба истиқлолияту озодӣ омода набудани роҳбарияти Ҳизби коммунист дар Тоҷикистон боис гардид, ки афкори ҷомеа ба бунбаст дучор шуда, созмону ҳаракатҳои зиёди шубҳанок дар кишвар пайдо шаванд. Яъне, ташаккули Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси як давлати соҳибихтиёр ба замоне рост омад, ки як қатор омилҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангию суннатӣ ва иҷтимоӣ боиси ҷанги шаҳрвандӣ гардида, халқи тоҷикро ба вартаи ҷанги таҳмилӣ кашонд. Тоҷикистон дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ ба буҳрони азиме гирифтор шуда буд. Дар натиҷаи чунин бесарусомониҳо ва ҷангҳои хунин саҳнаи сиёсии ҷамъият амалан холӣ монда, созмонҳо ва ташкилотҳои оммавии пешазҷангӣ беобрӯ шуданд ва созмонҳои нав, ки тавонанд ба хотири пешрафти ҷомеа ба ҷаҳду талоши воқеии халқ роҳбару раҳнамо шаванд, ҳанӯз ба вуҷуд наомада буданд. Яъне, набудани як ҳизби воқеии аз лиҳози идеологӣ пурқувват дар ҷомеа боис гардид, ки дар моварои бархӯрд гурӯҳҳои дохиливу хориҷӣ ба хотири даст ёфтан ба қудрат Тоҷикистонро ба хоку хун кашида буданд. Ба бахти миллати тоҷик зимоми давлатдорӣ ба дасти шахсияти боирода ва миллатдӯсту ватанпарвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омад ва он кас бо вуҷуди ҳамаи мушкилоти замон ва зиддиятҳои мафкуравӣ дар андешаи созмон додани ҳизбе афтоданд, ки тавонад тавассути он миллатро аз буҳрони амиқи идеологию сиёсӣ берун созад. Аз ҳамин заминаи воқеӣ бояд хулоса кард, ки имрӯз танҳо ҳизби неруманд, ҳизбе, ки дар миёни аҳолӣ обрӯву эътибор пайдо мекунад, ҳокимияти сиёсиро ба даст меоварад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷойи холӣ бунёд гардида, таҷрибаи мусбияти аҳзоби сиёсии дигарро ба кор бурда, аз амалияи сиёсии ҷаҳонӣ истифода бурдааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ташаккулёбӣ тарафдори роҳу равиши пешрафт буд. Ин аст, ки дар байни халқ мартабаи баланди сиёсӣ ва тарафдори зиёд пайдо кард. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми 31 соли фаъолияти худ исбот намуд, ки бо ҳар амали созанда ва таблиоти ба рушди минбаъдаи давлату кишвар равонагашта метавон роҳҳои ҳаллу фасли тамоми душвориҳоро пайдо намояд ва ба ин васила пешравиҳои рӯзафзуни давлату ҷомеаро таъмин созад. Дар шароити имрӯза ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, бахусус масъулини ҳизб сиёсати хирадмандонаю созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллатро дуруст дарк карда, моҳияти аслии онро ба мардум расонида истодаанд ва мардумро дар раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ фаъол намуданд. Зеро ҷомеа ба қувваи пешбаранда ва роҳнамо ниёз дорад. Бешак, метавон гуфт, ки дар шароити имрӯза ин қувва масъулин ва фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошанд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолияташро дар асоси ҳадафҳои барномавии худ ба роҳ монда, дар назди ҳамаи узви ҳизб вазифа гузоштааст, ки дар рушди иқтисодиёт, беҳбудии ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ҳиссаи сазовор гузорад. Имрӯз ҳар як аъзои ҳизб бо неруи зеҳнии худ дар сафи пеши ҷомеа қарор дошта, ҷиҳати ташаккули мафкураи миллии мардум тамоми чораҳои заруриро меандешад ва кӯшиш бар он дорад, ки неруи мардумро ба корҳои созандагӣ ва рушди ҷомеа ҷалб намояд. Дар дастгирӣ кардани ятимону бепарасторон, қишрҳои ниёзманди ҷомеа, кумак ба ҷавонони донишҷӯ ва корҳои ободонию созандагӣ саҳмгузор мебошад. Дар Ватани азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шарофати иқдомҳои шоистаи Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти фарогир ва дигаргунсозиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ идома дошта, барои сокинон ва шукуфоиву ободии Ватанамон шароити муносиби зиндагӣ ва пешрафту тараққиётро фароҳам сохтаанд. Имрӯз саросари ҷумҳурӣ ба як майдони созандагию бунёдкорӣ табдил ёфтааст. Имрӯзҳо, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба як ҳизби воқеан созанда ва пешбарандаи ҷомеа табдил ёфтааст, дигар ба ташвиқу тариб ниёз надорад, зеро ки ҳадаф ва мақсадҳои он дар зарфи 31 сол барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагию бунёдкорӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум равона гардидааст. Мо, аъзои ҳизб талоши худро барои он равона менамоем, ки мардумро ҳарчи бештар ба корҳои ободонию созандагӣ ва амалӣ гардидани ҳадафҳои давлату Ҳукумати мамлакат равона созем, то ин ки Тоҷикистони мо боз ҳам пешрафта ва миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ мақому мартаби баландро соҳиб гардад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баҳри расидан ба ин ҳадафҳои муҳим аз қувваи бузурги ақлонии халқ, аз ҷумла зиёиёни эҷодкор, адибон, симоҳои барҷастаи илмиву адабӣ, ки бо ин ҳизб ҳамкорӣ мекунанд, васеъ истифода мебарад. Таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба давраи қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол рост омад. Беҳуда нест, ки меъёрҳои демократиро ҳамчун асолати конститутсионӣ нахустин шуда, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешниҳод намуд ва барои қабул гаштани онҳо талоши зиёде кард. Мо аз он сарбаландем, ки бо кӯшишҳои Президенти мамлакат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон олитарин ҳадафи ҳизб - дарёфти сулҳу салоҳ ва оромию осоиштагӣ, пойдор намудани иқтисодиёти устувор, расидан ба ваҳдати умумимиллӣ ва қадамҳои устувор гузоштан дар самти бунёдкориву созандагӣ дар асри нав эътимоди халқро ба ояндаи ҳизб қавитар гардонид. Неруи асосии ҳар як ҳизби сиёсиро мақсад ва вазифаҳои он ташкил медиҳад, зеро ин ҳолат ба зиёд гардонидани таъсири ҳизб дар ҷомеа ва баҳри ба даст овардани ҳокимият хизмат мерасонад. Ҳадафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз он манфиатҳои халқ, ки дар Конститутсия омадааст, тафовуте надорад. Зеро қариб тамоми роҳбарияти ҳизб дар қатори дигар элитаи сиёсии кишвар дар таҳия ва қабули Конститутсия ва ба он ворид кардани тайиру иловаҳо фаъолона иштирок кардааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон воқеан ҳизби халқӣ, демократӣ ва маҳсули тафаккуру эҷоди халқи фарҳангофар ва созандаи мост. Идеологияи ҳизби мазкур ба хотири мардуми кишварамон созмон дода шудааст ва дар сафҳои он аз рӯзҳои аввал мардуми шарифамон ҷамъ омадаанд. Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон масъалаҳоеро фаро мегирад, ки ифодакунандаи дарди ҷомеа мебошанд, яъне барномаи ҳизб ба ҳаёти иҷтимоии ҷомеа мувофиқ аст. Ҳизб ҳамеша ислоҳоти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлатро баҳри фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда пайгирона дастгирӣ намуда, дар амалӣ шудани он саҳмгузор мебошад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, эҳтиром ва риояи қонунро вазифаи муҳимми фаъолияти худ медонад. Риоя накардани қонун ва беэътиноӣ нисбат ба талаботи он боиси фалаҷ гардидани мақомоти давлатӣ, ба миён омадани бенизомӣ ва поймол шудани ҳуқуқи инсон мегардад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба меъёри Конститутсияи кишвар оид ба арзиши олӣ эълон шудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ содиқ буда, барои амалӣ гаштани онҳо пайваста мекӯшад. Барои ин бояд сатҳи маърифатию ҳуқуқии ҷомеа баланд бардошта шуда, эҳтиром ба қонун дар ҳар як оила аз кӯдакӣ тарбия карда шавад, зеро маърифати ҳуқуқӣ аз муҳимтарин шартҳои бунёдии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Ҳамин тавр, метавон хулоса намуд, ки Барномаву Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пурра ба халқ ва миллат бахшида шудаанд. Имрӯз ҳам Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо неру ва тавоноии худ сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакатро дастгирӣ, тарибу ташвиқ ва дар амал татбиқ намуда истодааст. Ин ҳизб бо нақшаву стратегияҳои миллии худ имрӯз барои ояндаи неки Тоҷикистон ва ободии ин сарзамин талош дорад, зеро онро нафари ватанхоҳу ватандор, бунёдгузору бунёдкор, миллатпарасту ваҳдатофарин ва дурандешу некбин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарӣ доранд, ки мояи ифтихори ҳар яки мо мебошанд. Тоҳир ОДИЛОВ,
муовини директор оид ба илм ва робитаҳои хориҷии Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ, муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Ворисони Рӯдакӣ” |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.





[/banner_right-3]


