Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ОЗАРМОҲИ ХУНИНИ НАНКИН

ОЗАРМОҲИ ХУНИНИ НАНКИН

4-12-2025, 11:42
Хабарро хонданд: 63 нафар
Назарҳо: 0
                    ОЗАРМОҲИ ХУНИНИ НАНКИН
Дар пасманзари бори дигар муташанниҷ шудани муносибот миёни Ҷопону Чин вобаста ба масъалаи ҷазираи Тайван ин ҷо аз ҳодисаи таърихие ёдовар мешавем, ки 88 сол пеш дар ин рӯзҳо рух додаву то ба ҳол саҳифаи сиёҳу талх дар хотираи таърихии кишварҳои болозикр боқӣ мемонад.
13-уми декабри соли 1937 дар Осиёи Шарқӣ, дар шаҳри Нанкини Чин фоҷеае сар зад, ки ҷаҳолати инсониро ҳамчун ойинаи равшан нишон дод. Он дар таърихи инсоният чун “куштори бераҳмонаи Нанкин” абадан боқӣ мемонад. Қисми бештари хонандагон мумкин аз ин ҳодисаи нангини таърихӣ хабар надошта, ё маълумоти кам дошта бошанд. Аз ин рӯ, қарор додем ин фоҷеаи инсониро сареҳтар рӯйи коғаз орем.
Ин ҷинояти даҳшатноки ҳарбӣ яке аз нангинтарин амалҳои қарни гузашта маҳсуб меёбад. Дар тӯли ҳамагӣ 1 моҳ аз ҷониби ҳарбиёни ҷопонӣ, тибқи бархе маълумот, наздики 500 ҳазор мулкӣ, аз ҷумла калонсолон, занон ва кӯдакон қатли ом шуданд.
Ҳодисаҳои хунини Нанкин ҳангоми ҷанг миёну Ҷопону Чин (1937-1945) рух доданд. Он замон Нанкин - пойтахти Чин буд. Соли 1928 ҳукумат ва дастгоҳи маъмурии кишвар ба ин шаҳр аз Пекин кӯч баст ва аҳолии он миёнаҳои солҳои 30-юми қарни 20 аз 250 ҳазор то 1 миллион нафар афзуд.
Аз соли 1931 Чин ва Ҷопон дар ҳолати низоъҳои давомдори минтақавӣ қарор доштанд. Ҷопониҳо на як бору ду бор ба музофоти Манҷурияи Чин зада медаромаданд, оташкушоиҳо дар сарҳад низ рух медоданд, аммо бо сабабҳои мухталиф ҷонибҳо ҷанги калонро оғоз намекарданд. Вале ба ҳама он замон равшан буд, ки бархӯрди ҷиддӣ миёни кишварҳо ногузир аст. Ҷопони императорӣ, ки дар ҷазираҳои аз рӯйи масоҳат бо ҳудудҳои бузурги Чин муқоисанашаванда ҷойгир буд, тамоми захираҳои дохилии ашёи хомашро тамом кард ва ба ҳамсояи аз ин захираҳо сарватманд - Чин чашми тамаъ медӯхт.
Вале барои он ки ба ин захираву сарватҳо даст пайдо гардад, бояд ҷопониҳо Чинро ба назорати пурра мегирифтанд. Дар Чин ҳам сари қудрат ҳамчунин, қувваҳое омаданд, ки ғояҳои миллигароӣ ва худмуайянкунии пурраро роҳандозӣ мекарданд. Яъне рӯз то рӯз “ба машом бӯйи ҷанги ногузир мезад”.
Баҳонаи оғози он моҷарои назди пули Лугоутсяо гардид. 7-уми июли соли 1937 қӯшунҳои ҷопонӣ ротаи сарбозони чиниеро, ки ин пулро муҳофизат мекарданд, ҳадафи тир қарор доданд. Чиниҳо оташи ҷавобӣ кушоданд ва ин баҳонае шуд барои эълон намудани ҷанг аз ҷониби Ҷопон.
Ин ҷанг ба кумаки фаъолонаи Иттиҳоди Шуравӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба кишвар нигоҳ накарда, хеле зуд барои Чин бебарор оғоз гардид. Ҷопониҳо барқвор ба сарзамини душман ҳаракат мекарданд. 11-уми ноябр онҳо Шанхайро тасарруф карданд, 9-уми декабр бошад, онҳо нахустин ҳуҷуми оммавиро ба пойтахт-шаҳри Нанкин пеш гирифтанд.
Чиниҳо фаҳмиданд, ки пеши ҳуҷуми душманро гирифта наметавонанд ва 12-уми декабр артиши онҳо ба соҳили чапи рӯди Янтсзи гузашт. Ба ҳамин минвол, онҳо тақдири 1 миллион сокини пойтахтро ба дасти ҷопониҳо вогузоштанд. Аллакай 13-уми декабр ба Нанкин дивизияҳои 6 ва 16-и артиши ҷопонӣ даромаданд, баъдтар ин ҷо 2 флотилияи қувваҳои ҳарбӣ-баҳрии Ҷопон расиданд. Акнун шаҳрро тақдири талх интизор буд.
Ҷопониҳо ба қатли оми аҳолии Нанкин оғоз карда, “аз рӯйи принсип” аз силоҳи оташфишон истифода набурданд. Силоҳи кушторҳои ваҳшиёна ханҷар ва шамшерҳое гардиданд, ки дар лавозимоти артиши императорӣ буданд. Баъдан, соли 1946 Додгоҳи низомии байналмилалӣ доир гардид, ки ҷиноятҳои ҳарбии артиши ҷопониро таҳқиқ мекард. Дар он шаҳодати садҳо сокинон садо доданд, садҳо акс ва наворҳои кинохроникае, ки ҳам аз ҷониби худи ҷопониҳо ва ҳам аз ҷониби рӯзноманигорони ҳарбӣ, ки дар Нанкин буданд ва шоҳиди ин ваҳшонияти гӯшношунид гаштанду онро сабт карданд, ба маъраз гузошта шуданд. Ба шахсони дорои равони заиф дидани ин аксҳову филмҳо тавсия дода намешавад.
Ба назар мерасад, ҷопониҳое, ки ба Нанкин даромаданд, тамоми ваҳшониятеро, ки метавон тасаввурашон кард, роҳандозӣ карданд. Тибқи маълумоти Додгоҳи низомии байналмилалӣ, ғосибон дар тӯли якчанд ҳафта то 80 ҳазор занро таҷовуз карда, ҳатто ба кампирону духтарчаҳои тамоман хурдсол раҳм накарданд. Занҳои таҷовузшударо ҳамон ҷо, дар макони ҷиноят қатл мекарданд. Якка, якка. Ҳеҷ кас истисно набуд. Шикамҳои онҳоро чок, ё синаҳояшонро мебуриданд ва ҷасадҳои таҳқиршударо дар дарвоза ва деворҳои наздиктарин мехкӯб мекарданд. Падаронро маҷбур мекарданд духтарони худро таҷовуз кунанд, писаронро маҷбур ба таҷовузи модаронашон мекарданд. Он занҳое, ки бо тасодуф, ё муъҷизае зинда монданд, баъдан даст ба худкушӣ заданд, чун ин шармандагиро таҳаммул карда натавонистанд.
Тибқи маълумоти зикргардидаи Додгоҳи низомии байналмилалӣ, баъд аз фоҷеаи Нанкин боз ҳазорҳо худкушиҳои қурбониҳои бадбахти низомиёни ҷопонӣ ба қайд гирифта шуданд.
Бо мардон боз ҳам даҳшатноктар “ҳисобро баробар мекарданд”. Сарҳои онҳоро бо шамшер мезаданд, зинда ба зинда месӯзониданд ва зинда ба зинда гӯр мекарданд. “Дилхушӣ”-и аз ҳама дӯстдоштатарини сарбозони ҷопонӣ чунин буд-одамонро то миён ба замин гӯр мекарданд ва ба сари онҳо сагҳои гуруснаро метозонданд. Сагҳо ба ин бадбахтон дармеафтоданд ва онҳоро пора-пора мекарданд. Ҳамаи ҷоро боқимондаҳои гӯшт ва кулмакҳои хуни одамӣ фаро гирифта буд. Ҳамаи ин зери ханда ва руҳияи хушҳолии низомиён рух медод.
Нисбат ба он ки ҳаводис ба фармондеҳии олии Ҷопон маълум буд ва хомӯшона дастгирӣ ҳам мешуд, чунин далел шаҳодат медиҳад. Он замон рӯзномаҳои ҷопонӣ маълумоти “тотализатор”-ҳоро нашр мекарданд - кӣ аз ҷопониҳо хитоии бисёртареро дар Нанкин қатл мекунад:
Иқтибос аз хабарҳои рӯзномаи “Japanese Advertiser” (бо забони англисӣ), ки дар Токио нашр мешуд: “Лейтенанти калон Мукаи ва лейтенанти калон Нода сари он, ки кӣ зудтар сад хитоиро бо шамшер қатл мекунад, сабқати дӯстона доир намуданд. Вақте дар ҳисоби Мукаи 89, дар ҳисоби Нода 78 хитоӣ буд, дар ин лаҳза шамшери Мукаи каме осеб дид. Ин ҳамон вақте рух дод, ки ӯ як хитоиро аз китф то пояш ду ним кард”.
Аврупоиёнро ҳарбиёни ҷопонӣ даст намезаданд. Онҳо “фармон аз боло” доштанд. Ҷопониҳо хуб дарк мекарданд, ки моҷаро бо Амрико ё Аврупо он замон бо як чиз метавонист анҷом ёбад - торумори Ҷопон ва нест шудани он ҳамчун давлат.
Ёдовар бояд шуд, ки ҳуҷуми ҳавопаймоҳои ҷопонӣ ба пойгоҳи ҳарбӣ-баҳрии амрикоӣ дар Пёрл-Харбор (ҷазираҳои Ҳавайи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), ки ба ҷанг миёни ИМА ва Ҷопон, баъдан ба бомбаборонкунии ҳастаии Хиросима ва Нагасаки овард, хеле баъдтар – 7-уми декабри соли 1941 сурат гирифт (ба ин минвол, “шери хобрафта”-Амрикоро ба ғазаб оварда, ҷопониҳо ба сари худ “аҷал хариданд”). Вале акнун он замон аллакай вазъияти тамоман дигари сиёсӣ рӯйи кор омада буд. Ҷопон иттифоқчии Олмони гитлерӣ гардид, ки қариб батамом қитъаи Аврупоро ба даст оварда буд ва акнун самурайҳо аз ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз наметарсиданд. То задани “гурзи амрикоӣ” ба сарашон.
Ҳангоми ҳодисаҳои хунини Нанкин бехатарии нисбии аврупоиҳо ба онҳо имконият медод, ки як зумра хитоиҳои ба генотсиди ҳақиқӣ афтодаро наҷот диҳанд. Кумитаи байналмилалӣ таъсис дода шуд, ки онро тоҷири олмонӣ, намояндаи ширкати “Siemens” дар Чин Йон Хайнрих Детлеф Рабе сарварӣ намуд. Ба ин ташкилот муяссар гардид ба ном “минтақаи бехатарии Нанкин”-ро созмон диҳад, ки дар он наздики 200 ҳазор хитоӣ панаҳ шуда, ҷон ба саломат бурданд.
Доир ба ҳодисаҳои хунини Нанкин ҳаминро илова бояд намуд, ки новобаста ба Додгоҳи низомии байналмилалӣ гузашта, дар Ҷопони муосир то ҳанӯз кӯшиши азнавнависии таърих давом дорад.
Оғоз аз солҳои 70-и қарни гузашта дар кишвар пайи ҳам “тадқиқоти илмӣ” рӯйи кор меоянд ва муаллифони онҳо иддао доранд, “ҳодисаҳои Нанкин умуман ҷой надоштанд ва онҳо аз ҷониби душманон сохтакорӣ шудаанд”. Дар китобҳои ҳозираи таърихии ҷопон дар бораи Нанкин танҳо якчанд сатр бахшида шудааст, ки дар онҳо зикр мегарданд, ки “одамони зиёд талаф ёфтанд”. Маҳз барои ҳамин ҷавонони имрӯзаи ҷопонӣ оид ба ин даҳшати хунин ва сиёсати генотсид (маҳвсозӣ)-е, ки Ҷопон нисбат ба аҳолии хитоӣ мебурд, хабари кофӣ надоранд.
Ин ҷо бояд илова намуд, ки он солҳо Ҷопони императорӣ ва қувваҳои ҳарбии он зиёд ҷиноятҳои ҳарбии зиёдро содир карданд, ки ваҳшонияташон шахсро ба тааҷҷуб меорад.
Ҳодисаи Нанкин танҳо барои он машҳуру маълум гардид, ки ҳазорҳо ҳуҷҷат ва шаҳодату далелҳои воқеии ин ваҳшоният боқӣ мондаанд.
Ғайр аз Нанкин ҳодисаҳои нангини дигаре низ буданд. Масалан, 15-уми феврали соли 1942 низомиёни ҷопонӣ Сингапурро, ки он вақт мустамликаи Британияи Кабир буд, тасарруф карданд. Нахустин иқдоме, ки артиши императории Ҷопон пеш гирифт, ин маҳвсозии қавмӣ буд-хитоиҳоро дастгир ва нест мекарданд, дигар қавмиятҳои сингапурӣ низ ба зери оташ ва шамшерҳои буррои самурайҳо афтиданд-ҳамонҳое, ки кӯшиш мекарданд, хитоиҳои бадбахтро наҷот диҳанд. Чун қоида, онҳоро бе маҳкама ва тафтишот аз пулемётҳо мепарронданд, сарҳояшонро аз тан ҷудо мекарданд.
Шумораи кушташудагони ҳодисаи Сингапур то ҳол аниқ маълум нест. Тибқи ақидаи ҳукуматдорони бритониёӣ ва сингапурӣ, сухан наздик ба 100 ҳазор нафар меравад.
Аввали моҳи феврали соли 1945, вақте Ҷопон дарк кард, ки авзои ҳарбӣ-сиёсии рӯйикоромада акнун батамом ба нафъи ӯ нест ва он пойтахти ғасбшудаи Филиппин-шаҳри Маниларо нигаҳ дошта наметавонад, артиш ба нест кардани шаҳр ва сокинони он оғоз кард, ки дар натиҷа зиёда аз 100 000 шаҳрвандони мулкӣ ба қатл расонида шуданд. Гуфта мешавад, ки камаш ҳар як бистумин филиппинӣ аз дасти низомиёни ҷопонӣ кушта шуд.
Таърихнигорон ва ҳукуматҳои кишварҳое, ки замони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз ҷониби неруҳои низомии Ҷопон истило шуда буданд, масъулияти кушторҳо ва дигар ҷиноёти содиршударо, ки бархе “Холокости осиёӣ” меноманд, ба артиши императорӣ, флоти императорӣ ва дарбори императорӣ, махсусан худи император Хирохито вогузоштаанд. Профессор Рудолф Руммел, сиёсатшиноси донишгоҳи Ҳавай (иёлати Ҳавайи Амрико) тахмин мекунад, ки давоми солҳои 1937-1945 низомиёни ҷопонӣ то 14 миллион нафарро куштаанд-ин ҷо чиниҳо, кореягиҳо, малайзиягиҳо, сокинони Индонезия, Филиппин ва кишварҳои Ҳиндухитой, ҳамчунин, асирони ҳарбии мамолики ғарбӣ дар назар дошта шудааст.
Ба ақидаи ӯ, ин демотсид (яъне куштор аз ҷониби ҳукумат) аз сабаби буҳрони маънавии стратегияи сиёсӣ ва ҳарбии Ҷопон сар зада, танҳо дар Чин давоми солҳои 1937-1945 тақрибан 3,9 миллион нафар, асосан сокинони мулкӣ ҳангоми амалиёти бевоситаи ҳарбиён кушта шуда, боз 10,2 миллион нафар қурбониён дар давоми тамоми ҷанг маҳсуб мегарданд.
Дар ҳаводиси Нанкин, тибқи гузориши Додгоҳи низомии байналмилалӣ барои Шарқи Дур 300 000 нафар кушта шудаанд, новобаста ба он ки оид ба шумораи қурбониён то ҳол баҳсҳо вуҷуд доранд, вале яқин аст-сухан сари садҳо ҳазор одам меравад. Бархе таҳлилгарон шумораи 500 000 нафарро меоранд.
Мавқеи расмии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба шумораи кушташудагон 300 000 нафар аст.
Ҳодисаи Нанкин то ба ҳол аҳаммияти сиёсии худро гум накардааст, чун мавзуъҳои ҳассоси ревизионизми таърихӣ (боздиди куллии консепсияҳои таърихӣ) ва миллигароии ҷопониро, ки фоҷеаро “аз ҳад зиёд воҳимашуда ва сохтакоришуда бо мақсади тарғибот” меномад, дарбар мегирад. Ба он нигоҳ накарда, ки ҳукумати баъдиҷангии Ҷопон куштори шумораи зиёди мулкиёнро дар кишварҳои истилошуда эътироф мекунад, инкор кардани кушторҳои дастаҷамъӣ ва мавқеи ревизионизмӣ ба ин ҳодисаи таърихӣ ҷузъи таркибии миллатгароии ҷопонӣ маҳсуб мегардад. Дар Ҷопони муосир муносибати гуногун ба куштори Нанкин вуҷуд дорад, аммо қисми на он қадар зиёди сокинон далели содир шудани ин даҳшатро инкор мекунанд.
Соли 1995 намояндаи Ҳизби сотсиалистӣ Томиити Мураяма нахустин сарвазири Ҷопон гардид, ки барои амалҳои Токио дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ узрхоҳӣ кард ва Вазорати хориҷии кишвар матни ин изҳоротро бо забонҳои чинӣ, кореягӣ ва англисӣ интишор карда буд.
Солҳо баъд сарвазири дигарӣ Синдзо Абэ узрхоҳӣ ва таассуфи сарвазирони қаблӣ Томиити Мураяма ва Дзюнъитиро Коидзумиро такрор кард, аммо изҳор дошт, ки минбаъд ба чунин узрхоҳиҳо хотима бахшида шавад: “Мо бояд ба он роҳ надиҳем, ки фарзандон, наберагон ва ҳатто наслҳои ояндаи мо, ки ба он ҳаводис ягон алоқамандӣ надоранд, пайваста узрхоҳӣ ва изҳори таассуф кунанд. Ин мавқеи солим нест”,-гуфта буд ӯ.
Таърихнигори олмонӣ Торстен Вебер аз Институти олмонии таҳқиқоти ҷопонӣ (DIJ) мегӯяд, имрӯз қисми зиёди ҷопониҳо худро қурбонии танқид ва маҳкумгардии аз ҳад зиёди Чин ва Кореяи Ҷанубӣ барои ҷиноёти замони ҷангӣ ҳисоб мекунанд, чунки ин кишварҳо “таърихи худро барои мақсадҳои миллатгароӣ ва зиддиҷопонӣ истифода мекунанд”.
Равандҳои таърихӣ майл ба дигаргуниву тағйирпазирӣ доранд, такя бар ин, дар Ҷопон муборизаи идеологӣ барои муҳтавои китобҳои мактабӣ сурат гирифт. Баъд аз узрхоҳии сарвазир Мураяма дар соли 1995 гурӯҳҳои ростгарои консервативӣ (куҳнагаро)-и кишвар, ба монанди Nippon Kaigi ва Japan Society for History Textbook Reform талаб карданд, ки барои насли наврас намунаи ревизионистии ҳаводиси Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ роҳандозӣ карда шавад. Дар натиҷа Вазорати маорифи кишвар ба китобҳои дарсии таърих тағйирот ворид кард. Акнун дар китобҳои дарсӣ Ҷопон ҳамчун “қурбонии таҷовузи хориҷӣ” ба қалам дода мешавад, ки “маҷбур буд аз худ ҳимоят кунад”. Яъне кушторҳои дастаҷамъӣ (шумораи қурбониён, ба назари миллатгароёни ҷопонӣ, аз ҳад зиёд нишон дода шудаанд), аксулсадои таҷовузи беруна ҳастанд. Ба шарофати барномаи “тарбияи маънавӣ”, ки шуруъ аз соли 2018 ҳамчун фанни пурраи хониш гардид, чунин фаҳмиши тағйиршуда ҳатто ба кӯдакон ва синни миёнаи мактабии кишвар таҳмил карда мешавад.
Дар Чин 13-уми декабр “Рӯзи хотираи куштори Нанкин” қабул шудааст, ки ҳамасола қурбониёни ин фоҷеаи таърихиро ёд мекунанд.
Такя бар гуфтаҳои боло, ҳаводиси даҳшатбори Нанкин ва дигар ҷиноёти ҳарбии замони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ то ба ҳол мавзуи ҳассос ва бархӯрдӣ миёни Ҷопон ва Чин, ҳамчунин, дигар кишварҳои минтақаи Уқёнуси Ором, ба монанди Кореяи Шимолӣ, Кореяи Ҷанубӣ, минтақаи Ҳиндухитой ва Филиппин боқӣ мемонад.
Азамат ДӮСТОВ







Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: