Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод бинои нави маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ-ро ифтитоҳ намуданд

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод бинои нави маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ-ро ифтитоҳ намуданд

30-10-2025, 10:09
Хабарро хонданд: 294 нафар
Назарҳо: 0
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод бинои нави маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ-ро ифтитоҳ намуданд30 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод бинои нави маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.

Бинои мазкур бо дастгирӣ аз ташаббусҳои созандаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади истиқболи сазовор аз ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардида, дар он барои кору фаъолият шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Зимни шиносоӣ бо бинои тозабунёд ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ҳоло Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод 3 ҳазору 690 нафар аъзо дорад, ки аз ин 960 каси онро ҷавонон ташкил медиҳад. Дар ноҳия 49 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ фаъолият менамояд.

Бино аз се ошёна иборат буда, дар масоҳати 375 метри мураббаъ бо тарҳи замонавӣ аз ҷониби аъзои ҳизб ва соҳибкорони маҳаллӣ сохта шудааст.

Дар бино китобхона бо фарогирии асарҳои Пешвои миллат ва дигар китобу асарҳои мондагори олимону адибони бузурги классику муосири тоҷик, ҳамзамон 6 ҳуҷраи корӣ, бойгонӣ ва маҷлисгоҳ бо 50 ҷойи нишаст мавҷуд аст.

Ҳуҷраҳои корӣ бо компютер ва дигар лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз буда, имкон медиҳад, ки минбаъд кормандон бо азму иродаи устувор дар амалӣ кардани ҳадафу барномаҳои ҳизбӣ софдилона кору фаъолият намоянд.

Пас аз шиносоӣ бо шароити корӣ дар бинои навбунёд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод суҳбат ороста, онҳоро ба иҷрои сарбаландонаи вазифаҳои хизматӣ ва баланд бардоштани ҳисси ифтихору сарфарозӣ аз давлату миллат ҳидоят намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: