Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ АФҒОНИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОЛҲОИ 90-УМ

ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ АФҒОНИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОЛҲОИ 90-УМ

22-07-2021, 11:00
Хабарро хонданд: 190 нафар
Назарҳо: 0
ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ АФҒОНИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОЛҲОИ 90-УМ
Тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣ, ҳамчун хатари бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, имрӯз амният ва мавҷудияти аксар кишварҳои мусулмоннишинро зери таҳдиди ҷиддӣ қарор додаанд. Таҳдиди ин зуҳуроти харобиовар, акнун аз сатҳи миллӣ ва мин¬тақавӣ фаротар рафта, хусусияти умумиҷаҳонӣ касб намудааст.
Раванди ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастани ҷавонон дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон нишон медиҳад, ки насли нави ифротгароёни динӣ, хусусан, пайравони гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» роҳҳои наву пуртаъсири таблиғу ташвиқро дар байни ҷавонон ба роҳ мондаанд. Маҳз ҳамин равиши таблиғотии содаву таъсирнок ва истифодаи васеъ аз воситаҳои муосири иттилоотӣ, расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, яке аз омилҳои пайдо кардани ҷойгоҳи байналмилалии ин гурӯҳ ба ҳисоб меравад.
Мушкили аслии ҷавонони ноогоҳи кишварҳои мусулмоннишин ин аст, ки онҳо аз идеологияи аслии ифротгароёни динӣ, бахусус, аз гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» иттилоъ надоранд ва аз ин ҷост, ки ба фиребу найранги онҳо дода мешаванд. Мувофиқи тафаккур ва таълимотӣ ин гуна гурӯҳҳои ифротӣ, ягон давлати мусулмоннишин набояд ҳамчун давлати мустақил вуҷуд дошта бошад. Тибқи назари онҳо, бояд ҳамаи ин давлатҳо, маҷбуран ишғол ва ба таркиби «хилофати ягонаи исломӣ» дохил карда шуда, ҳамчун як ноҳияи «хилофат» бе чуну чаро ба халифаи ягонаи онҳо итоат кунанд. Ҳамин тавр, ифротгароён ҳеҷ гуна давлати мустақил ва истиқлолияти давлатҳои мусулмоннишинро эътироф намекунанд, балки онҳоро дар таркиби «хилофат» дидан мехоҳанд. Ин тарҳ ва ин андеша дар ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, низомномаҳо ва маълумоти таблиғотии гурӯҳҳои ифротии динӣ ба таври расмӣ, дақиқ ва возеҳ ифода шудааст. Масалан, ҳаракати ифротга¬ройи “Ҳизб-ут-таҳрир” солҳост, ки дар оиннома ва варақаҳои таблиғотии худ ба таври расмӣ назарияи «бунёди хилофати ягонаи исломӣ»-ро таблиғу ташвиқ менамояд, ки дар он давлатҳои мустақили минтақаи мо, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ, фақат ҳамчун ноҳияҳои хурди таркиби «хилофат» пешбинӣ шудаанд. Умуман, таъсиси «хилофат» ва маҷбуран ба он тобеъ кардани давлатҳои мустақили мусулмоннишин мақсади асосии оинномавии ҳизби ифротӣ ба ҳисоб ме¬равад.
Созмони даҳшатангез ва ифротгаройи «Давлати исломӣ» (ДИИШ) харитаи сиёсии хилофати исломии худро тартиб дода, онро дар расонаҳо ҳамаҷониба паҳн ва таблиғ мекунад. Агар ба он харита нигарем, хоҳем дид, ки ягон давлати мустақил вуҷуд надорад, тамоми минтақа ва давлатҳои мусулмоннишини ҷаҳон, аз ҷумла давлати мустақили мо, ҳамчун вилоят ва ноҳияҳои тобеи хилофат пешбинӣ шудаанд.
Яке аз хусусияти асосии ифротгароии динӣ, хусусан гурӯҳҳои ифротӣ дар он аст, ки аз ҳар ҷиҳат ба миллатгаройӣ пайваст аст. Масалан, гурӯҳи «Давлати ис-ломӣ» барои асоснок кардани ҳуқуқҳои халифаи мусулмонон шуданро доштани роҳбарашон - Абубакри Бағдодӣ, на салоҳияти илмӣ, ахлоқӣ ё сиёсии ӯ, балки, пеш аз ҳама, гӯё аз қавме аз аҳли қабилаи Қурайш будани гузаштагони дӯри ӯро далел овардааст. Айни замон, пайравони ин ҳаракат идомадиҳандаи ҳамон баҳси таърихи гузашта буда, ба нажоду фарҳанги ориёӣ, ҳамчун ба душмани таърихии ифротӣ нафрати беандоза доранд.
Дар замони муосир низ, ин баҳс дар сатҳҳои гуногун идома дошта, зери шиорҳои миллӣ, мазҳабӣ ва гоҳо сиёсию геополитикӣ сурат мегирад. Омӯзиши муҳит ва рӯҳияи ифротгароёни динӣ дар Ховари Миёна нишон медиҳад, ки онҳо нисбат ба мардуми ориёӣ ва ориётабор ҳамвора истилоҳҳои таҳқиромезе, чун «маҷусон», «оташпарастон»ва ғайраро истифода намуда, номҳои ориёиро «номҳои маҷусӣ» ва забони тоҷикӣ-форсиро «забони аҳли дӯзах» меноманд.
Яке аз хусусиятҳои асосии ақида ва таълимоти гурӯҳҳои навпайдои ифротии динӣ дар он аст, ки онҳо ба фарҳангу маърифат ва хусусан, ба илму ирфон назари шадидан манфӣ дошта, онро умуман эътироф намеку¬нанд. Хусусан, пешвоён ва назариясозони равияи такфирӣ, ҳамеша илму ирфони исломӣ ва адабиёту осори илмиро маҳкум намуда, дар бораи он ҳукмҳои қатъии худро эълон намудаанд. Аз назари онҳо, пайравӣ аз байнгирӣ як навъи «хиёнат» буда, изҳори ишқу муҳаббат ба Худо ва пайравӣ аз Паёмбари Ислом (с), ки аз сутунҳои асосии назарияи асли Ислом мебошанд, як навъ «хато» дар ақидаю ибодати мусулмонии худ ба ҳисоб меоянд.
Ҳамин тавр, яке аз хусу¬сиятҳои асосии ифротгароии муосири динӣ, зиддият бо мардуми ориёинажод ва нафрат ба фарҳангу тамаддуни тоҷикӣ-форсӣ мебошад.
Хусусан гурӯҳҳои такфирӣ ва ҷиҳодӣ моҳиятан тафаккури зиддифарҳангӣ ва зиддитамаддунӣ доранд. Онҳо бо ҳама гуна осори ҳунар, фарҳанг, таърих ва тамаддун дар ҷанг қарор дошта, чун як нерӯи торикию барбарии зиддитамаддунӣ, тамоми осори фарҳангиву ҳунариву таърихиро огоҳона нобуд мекунанд.
Чунончӣ, гурӯҳи ифротгаройи «Толибон»-и Афғонистон баробари ба сари ҳокимият омадан (соли 1996), ба нобудсозии осори ҳунарӣ, таърихӣ ва тамаддунии кишвар оғоз намуд. «Толибон» дастхатҳои чандҳазорсола, ёдгориҳои арзишманд ва осори гаронбаҳои таърихиро аз марказҳои фарҳангӣ, донишгоҳҳо ва осорхонаҳои Афғонистон берун кашида, чун «осори куфр» бераҳмона нобуд сохтанд. Аз ҷумла, бо тири тўпу маводи тарканда пора кардани ёдгориҳои таърихии вилояти Бомиён, аз манфуртарин амалҳои зиддифарҳангӣ ва зиддитамаддунии «Толибон» ба ҳисоб меравад. Ҳол он ки ёдгориҳои чандҳазорсолаи Балху Бомиён дар замони подшоҳони гузаштаи исломии Афғонистон, аз ҷумла дар аҳди Сомониёну Ғазнавиёну Темуриён, барҷой монданд ва уламои исломии ин сарзамин дар тӯли таърих ба хароб кардани онҳо фатво надоданд, аммо «Толибон» бо тафаккури зиддитамаддунии худ корро аз харобсозии ёдгориҳои таърихӣ оғоз намуданд.
Гурӯҳҳои ифротгаройи динии «Боку ҳаром» ва «Аш-шабоб», ки дар кишварҳои Нигер, Сомалӣ ва Малӣ фаъолият доранд, соли 2011, пас аз ишғоли шаҳри таърихии Тумбакту, бузургтарин ганҷинаи китобҳо ва дастхатҳои нодир дар Африқоро огоҳона хароб карда, бино ва китобҳои онро оташ заданд. Онҳо бо ин амали тахрибкорона, на танҳо дастхатҳои қадими бостонӣ, балки ҳазорон нусха китоби илмии даврони исломӣ ва санаду ҳуҷҷатҳои нодири таърихи ин кишварҳоро нобуд карданд.
Гурӯҳи ифротии «Давлати исломӣ» дар баъзе минтақаҳои Ироқ ва Сурия даҳшатноктарин амалҳои зиддифарҳангӣ ва зиддитамаддуниро ба намоиш гузошт, ки барои ҳамагон маълум аст. Онҳо баробари ишғоли шаҳрҳо, чун қабилаҳои ваҳшӣ вориди музейҳо шуда, ёдгориҳои ҳуна¬риву фарҳангии бостониро бо табару зоғнӯл ва арраҳои барқӣ шикастанд ва китобу мусаввараву нигораҳоро пора карданд. Хусусан, ҷанги ваҳшиёнаи ДИИШ бо фарҳангу таъриху тамаддуни башарӣ дар шаҳри бостонии Полмирои Сурия башариятро ба ҳайрат гузошт. Онҳо ин шаҳри таърихии чандҳазорсоларо, ки аз даврони Ошуриён ҳифз мешуд, ба тамом хароб карда, бинову манораву ёдгориҳоро тарконданд.
Умуман, ҷанг бо ҳунару фарҳанг, бо мактабу маориф, душманӣ бо илму огоҳӣ, нафрат ба таъриху тамаддун ва зиддият бо рушду ободӣ як ҷузъи тафаккури гурӯҳҳои ифротгаройи динӣ мебошад. Онҳо таълимоти исломиро аз фарҳанг, аз ҷумла, аз фарҳанги исломӣ ҷудо карда, онро аз арзишҳои олитарине чун илм, огоҳӣ, раҳм, шафқат, ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ, некӣ, зебоӣ, созандагӣ ва ғайра холӣ нигоҳ доштан мехоҳанд. Фаҳмиши онҳо аз ислом, дур аз фарҳанг ва арзишҳои тамаддунофарини исломӣ аст. Онҳо як «ислом»-и холӣ, танг, хашин ва торики худро сохтаанд, ки ҳеҷ умумияте бо таълимоти асили исломӣ надорад.
Бинобар ин, мавҷудияти онҳо таҳдид ба арзишҳои фарҳангӣ ва тамаддуни дунёст. Бо омадани онҳо ба сари ҳукумат, дар ҷомеа дигар барои таъ¬рих, тамаддун, илм, ҳунар, наққошӣ, озодӣ, муҳаббат, зебоӣ ва ғайра ҷой намемонад. Аз ин рӯ, ҳар як инсони бофарҳанг ва огоҳу озод, бояд шахсан дар мубориза бо ин офати азим саҳм бигирад ва ба ин муборизаи тамаддун алайҳи ҷафокорон ҳамроҳ шавад.
Ифротгароёни навпайдои динӣ, ки асосан пайравони равияи такфирӣ ва ҷиҳодӣ ҳастанд, худро фақат пайравони воқеии ислом дониста, ибодати мусулмононро дар доираи мазҳабҳо қабул надоранд ва танҳо сахтгирии диндориро дуруст медонанд. Пешвоёни ин равия, ҳам дар масъалаҳои ақидатӣ ва ҳам ибодатӣ ин мавқеъро талқин ва таблиғ мекунанд.
Масалан, пайравони мавҷи нави ифротгаро - гурӯҳи ифротии «Давлати исломӣ» бошанд, ғайр аз худ тамоми мусулмонони ҷаҳон, ҳатто уламои маъруфи олами исломро кофир эълон карда, қатли онҳоро раво медонанд ва ба ғорат бурдани моликият, зану фарзанди онҳоро барои худ дуруст мешуморанд.
Имрӯз шаҳрвандоне, ки ба сафи равия ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротии динӣ ҳамроҳ мешаванд, илова бар ҷинояткор будан, хоинони ватан ва миллат маҳсуб меёбанд. Чаро онҳоро хоинони ватану миллат меноманд? Таркиби ҷинояти онҳо ҳамчун хоини ватану миллат дар чист?
Тавре аз зикри хатарҳои ин гурӯҳҳо маълум шуд, яке аз муҳимтарин барномаҳои гурӯҳҳои ифротӣ аз байн бурдани давлатҳои мустақил дар минтақа, аз ҷумла аз байн бурдани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Илова бар ин, онҳо ба сохти давлатдорӣ, тарзи зиндагӣ, арзишҳои миллӣ ва таърихии мо муқобил буда, нисбат ба он нафрати беандоза доранд. Хулоса, ба сари қудрат омадани онҳо маънои аз байн рафтани давлати мустақил, ҷангу ҷидол, нобудии таъриху фарҳанг ва миллати моро дорад.
Пас, ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба ин гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ мешавад, бевосита дар мақсадҳои шуми онҳо ва фаъолияти зиддидавлатӣ ва зиддимиллии онҳо шарик хоҳад буд. Яъне, барои аз байн бурдани давлату миллати худ ҳамроҳ бо ифротиён меҷангад, мақсади онҳоро амалӣ мегардонад. Ҳамин тавр, ӯ ки дар муқобили давлату ватану миллати худ қарор мегирад, хоини ватан ва хоини миллат дониста мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ (26-уми июли соли 2015) дар бораи ин гуна шахсон гуфта буданд: «Аз марги баъзеашон ба падару модар маълумот расида, онҳо аз ин амали нангини фарзандонашон миёни хешу табор ва ҳамсояҳову аҳли ҷомеа дар хиҷолатанд, чунки фарзандони онҳо ҳам ба Ватан - Модар ва ҳам ба мазҳаби аҳли суннат (ҳанафӣ) хиёнат кардаанд. Дар тули таърих ягон халқу миллат хиёнат ба Ватан - Модар, давлат ва мардумро набахшидааст ва намебахшад».

Каримов Раҳим, н.и.ф. декани факултети филология Шарқи ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: