Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Хатари терроризм ва экстремизм дар замони муосир

Хатари терроризм ва экстремизм дар замони муосир

9-06-2022, 10:00
Хабарро хонданд: 275 нафар
Назарҳо: 0
Хатари терроризм ва экстремизм дар замони муосир
“Амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст”,-иброз намуда буданд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш 26-уми декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олӣ.
Пешвои сулҳовари мо ҳамеша ба ин масъала диққати ҷидди медиҳанду, аз минбарҳои созмонҳои бонуфӯз ҷиҳати ҳамкории дастаҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мубориза бар зидди ин падидаи номатлуб сухан мегуянд. Зеро кишвари мо дар таърихи начандон дурӣ худ, дар ин самт таҷрибаи талх дорад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ, хуб огаҳи доранд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар натиҷаи дахолати доираҳои манфиатдори хориҷӣ, гурӯҳҳои террористӣ ва дигар ашхосу ҳаракатҳои алоҳидаи манфиатхоҳ солҳои 90-уми қарни гузашта, ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуд, ки боиси ба ҳалокат расидани беш аз 150 ҳазор нафар ва ятим мондани зиёда аз 50 ҳазор нафар кӯдакон гардид. Мардуми тоҷик ҳеҷ гоҳ он даҳшату хунрезӣ, куштору фоҷиаҳои нангинро фаромӯш намекунад. Бо доштани чунин таҷрибаи талхи таърихӣ мо ҳеҷ гоҳ иҷозаи онро намедиҳем, ки чунин гурӯҳҳои манфиатҷуву манфиатхоҳ бо ғаразҳои худ вазъи кураи заминро вахим гардонанд.
Аммо баъзан падидаҳои нав, аз қабили ҷаҳонишавӣ дар баробари таъсиррасонии хуб дар баъзе самтҳо, боиси таассуф аст, ки таъсири бади худро ба авҷ гирифтани терроризму экстремизм дар ҷаҳон мегузорад, ки кишвари мо аз ин истисно нест.
Созмонҳои террористӣ аз ҷаҳонишавӣ ва имкониятҳои бадастомадаи имрӯзаи он ғаразнок истифода намуда, бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд. Мисоли одди вазъи имрӯзаи баъзан давлатҳо, аз қабили Афғонистон, Сурия ва дигар ҳамсоякишварҳои мо, ки дар солҳои охир бо таъсири гурӯҳҳои берруна вазъи кишварашон ташвишовар гардидаанд.
Аз ин лиҳоз, сохтору мақомоти марбутаи кишвари биҳиштосои моро мебояд, ки дар якҷояги бо мардуми кишвар дар роҳи пешгирии ташвиқу тарғиби тундгароии динӣ муборизаи беамон бурда, ҷавононро ба ҳушёриву зиракӣ ҳидоят кунанд ва онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд.
Метавон гуфт, ки шарти муҳими ба даст овардани муваффақият дар мубориза бо терроризм ва экстремизм эмин нигоҳ доштани мафкураи мардуми кишвар аз ҷумла ҷавонон мебошад. Зеро ин гурӯҳҳои ифротӣ ҳамеша кӯшиш менамоянд бо роҳҳу воситаҳои мухталиф ба мафкураи мардум таъсирри бад расонданд.
Дар замони ҷаҳонишавӣ фаромуш набояд кард, ки дар назди ҳар як шаҳрванди ватандӯсту миллатдӯст вазифаи бағоят муҳим, мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ қарор дорад. Ҳодисаҳои Афғонистони ҳамсоя моро бозҳам ҳушдор медиҳад, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Зеро Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр хатти сарҳад дорад, ки 60 фоизи сарҳади умумии минтақаи Осиёи Марказиро бо ин кишвар ташкил медиҳад. Чунонки мушоҳида мекунем, вазъият дар ин кишвари ҳамсояи наздики мо ҳамоно печида ва мураккаб аст. Вазъияти ин минтақа таъсиррашро на танҳо ба кишвари мо балки, ба кишварҳои ҷаҳонӣ низ мегузорад.
Дар ин самт, фаъолият ва муборизаро набояд сари мақомотҳои ҳуқуқӣ ва маориф гузошт. Зеро ин кори дастаҷамъона аст, ҳам ҷомеа, ҳам тамоми мақомоту идора, вазоратҳо, волидон дар умум оммаи кишвар бояд фаъол бошанд. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии кишвар аз тамоми қишри ҷомеа даъват ба амал оварда буданд, ки “Бояд тадбирҳое андешем, ки дар қатори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тамоми қувваҳои солими ҷомеа ва ҳар як фарди ватандӯсту соҳибмаърифат ба муқобили ин зуҳуроти хатарнок сафарбар гарданд”
Аз ин рў, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, ки вақтҳои охир хусусияти байналмилалӣ гирифтааст, бояд барои ҳар як фарди худогоҳу худшинос ва ватандӯст фаъолияти рӯзмаъра бошаду бар зидди он муборизаи беамон барад. Дар ин ҳол, мо метавонем, миллат, давлат, кишвар ва наздикону пайвандони худро аз ин вабои аср эмин нигоҳ дорем. Аз ин рӯ, аз тамоми мардуми шарифи кишварамон, даъват ба амал меорам, ки дар ин самт ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Чихеле, ки дар боло қайд намудам, боз хотирнишон месозам, ки мо дар ин самт дар гузаштаи начандон дури таърихӣ таҷрибаи талх дорем. Хатое, ки гузаштагони мо кардаанд, онро набояд такрор кард. Алакай мардуми мо медонанд, ки ҳадафу мақсади ин гурӯҳҳои мухталиф ғайр аз хунрезӣ чизи дигаре нест. Мардуми мо алакай дарк намудаанд, ки Ватану кишвари моро касе омада обод намекунад, ғайр аз худи мо. Метавон гуфт, ки миллати тоҷик дигар ба ҳеҷ гурӯҳ ва ашхосе иҷозаи онро намедиҳад, ки вазъияти кишварамонро бад намоянду фарзандонашонро ба коми оташ кашанд.
Абдураҳимзода Лутфия Абдураҳим, судияи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: