Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи довталаби ғолиби олимпиадаҳои фаннии байналмилалӣ ва ё ҷумҳуриявӣ, дорандаи дастовард дар соҳаи варзиш, фарҳанг ё санъат мерасонад, ки дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии соли-2022 ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ мамлакат имтиёз дода мешавад.
Тавре аз маркази матбуоти Маркази миллии тести назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, «Тартиби додани имтиёзҳо ба довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 октябри соли 2016 тасдиқ гардидааст.
Гуфта шуд, ки ғолибияти довталаб дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ё байналмилалӣ аз рӯйи фанни таҳсилоти миёнаи умумӣ дар сурате ба назар гирифта мешавад, ки агар тибқи феҳристи ихтисосҳо ва фанҳои таҳсилоти миёнаи умумии ба ин ихтисосҳо мувофиқаткунандаи олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ фанни олимпиада ба ихтисос(ҳо)-и интихобкардаи довталаб мувофиқат намояд. Инчунин ғолибияти довталаб дар озмун ё фестивали бадеӣ ё эҷодии ҷумҳуриявӣ ё байналмилалии соҳаи фарҳанг ва санъат дар сурате ба назар гирифта мешавад, ки агар тибқи феҳристи ихтисосҳое, ки дастовардҳои довталабон дар соҳаи фарҳангу санъат ба онҳо мувофиқат мекунанд, равияи озмун ё фестивал ба ихтисос(ҳо)-и интихобкардаи довталаб мувофиқ бошад.
Ҳамчунин дастоварди довталаб дар соҳаи варзиш: дорандаи дараҷаи «Номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» ё унвони «Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон», ё «Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» буданаш дар сурате ба назар гирифта мешавад, ки агар тибқи феҳристи ихтисосҳое, ки дастовардҳои довталабон дар соҳаи варзиш ба онҳо мувофиқат мекунанд, ин дастовард ба ихтисос(ҳо)-и интихобкардаи довталаб мувофиқ бошад.
Вобаста ба ин, ба довталабоне, ки ғолиби олимпиадаҳои фаннии байналмилалӣ ва ё ҷумҳуриявӣ, дорандаи дастовард дар соҳаи варзиш ё фарҳанг, ё санъат мебошанд, тавсия медиҳем, ки бо феҳристҳои дахлдор, ки дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст, шинос шаванд.
Ҳамчунин иттилоъ дода мешавад, ки барои ба бал баргардонидани холҳои аз ҳар субтест бадастовардаашон довталабон метавонанд аз ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ва балҳо, ки тибқи натиҷаҳои ИМД-2022 бо равиши муқарраркардаи Марказ ҳисоб карда, рӯзи эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо 20 июл дар сомонаи Марказ ҷой дода мешавад, истифода намояд.
Маркази миллии тестӣ довталабони имтиёздори имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии соли 2022-ро эълон намуд
Июнь 22, 2022 12:12
ДУШАНБЕ, 22.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи довталаби ғолиби олимпиадаҳои фаннии байналмилалӣ ва ё ҷумҳуриявӣ, дорандаи дастовард дар соҳаи варзиш, фарҳанг ё санъат мерасонад, ки дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии соли-2022 ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ мамлакат имтиёз дода мешавад.