Даври иловагии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ баргузор гардид13-07-2020, 13:33
Хабарро хонданд: 333 нафар
Назарҳо: 0
12 июл дар 14 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, Бохтар ва Кӯлоб даври иловагии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ баргузор гардид, ки дар он 4405 нафар довталаб иштирок намуд. Аз ин шумора 3854 нафар ба қисми А ва 551 нафар ба қисми Б имтиҳон супориданд. Гуфта мешавад, довталабоне, ки дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ аз 15-ум то 30-юми июн барои иштирок дар ИМД худро номнавис кардаанд ва довталабоне, ки дар даври асосии қисми А имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ ва қисми Б имтиҳон дар заминаи умумии асосӣ иштирок карда натавониста, барои супоридани ин имтиҳонҳо дар даври иловагӣ ба Марказ ариза пешниҳод намуда буданд, дар он иштирок доштаанд. Бояд илова кард, ки барои ташкил, баргузорӣ ва идораи даври иловагии имтиҳонҳо низ кормандони муваққатии дар асоси озмун интихобгардида, ки бо онҳо шартномаи меҳнатӣ баста шудааст, ҷалб карда шудаанд. Барои назорат ва ёрии амалӣ расонидан дар омода кардани марказҳои имтиҳонӣ, назорати раванди имтиҳон дар марказҳои имтиҳонӣ ва мониторинги он, инчунин барои қабули қарори дахлдор дар сурати рух додани мушкилот намояндагони ваколатдори Марказ ба марказҳои имтиҳонӣ равона карда шудаанд. Инчунин, мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини шаффофият ва назорати раванди имтиҳонҳо дар ҳар маркази имтиҳонӣ комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият мекунад, ки ҳайати онро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ё ноҳияе, ки дар ҳудуди он маркази имтиҳонӣ амал мекунад, муайян ва тасдиқ кардааст. Даври иловагии имтиҳонҳо мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар бораи он пеш аз оғози имтиҳон дар ҳар як синфхонаи имтиҳонӣ ба довталабон маълумот ва барои риояи талаботу қоидаҳои муқарраршуда дастур дода шуда, баргузор гардид. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.