Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ММТ: бақайдгирии довталабон оғоз гардид

ММТ: бақайдгирии довталабон оғоз гардид

2-03-2018, 09:24
Хабарро хонданд: 299 нафар
Назарҳо: 0
ММТ: бақайдгирии довталабон оғоз гардид

Шурӯъ аз дирӯз, 1 марти соли равон марҳилаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии (ИМД)-и соли 2018 оғоз гардид. Тавре аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, бақайдгирӣ то 15 апрел идома меёбад.

Дар ин муддат хоҳишмандоне, ки тибқи тартиби муқарраргардида барои иштирок дар ИМД ҳуқуқ доранд, новобаста аз муассиса(ҳо)-и таълимии интихобкардаашон, метавонанд ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирии барояшон наздик ё мувофиқ ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз қайд гузаранд.

Мувофиқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти шумораи умумии хатмкунандагони соли 2018 ва бо мақсади дастрасии баробар ба бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2018 дар 38 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ 42 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 16 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ ташкил карда шудааст.

Мавриди зикр аст, ки довталаб дар доираи як гурӯҳи ихтисосҳо ҳуқуқи интихоби то 12 комбинатсияи ихтисосҳоро вобаста аз муассисаҳои таълимӣ, шакли таҳсил (рӯзона, ғоибона, шабона, фосилавӣ) ва намуди таҳсил (ройгон, пулакӣ) дорад.

Соли равон ба воситаи низоми ИМД ба 34 муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва 47 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ (бо фарогирии 36 гурӯҳи мақсаднок ва 1 шуъба) донишҷӯён қабул карда мешаванд.



Барои хоҳишмандони иштирок дар ИМД-2018 тавсия дода мешавад, ки ҳангоми бақайдгирӣ дар интихоби ихтисосҳо, муассисаҳои таълимӣ, шакл ва намуди таҳсил, ҷобаҷогузории бартарии интихобҳо (яъне, дар ҷойи 1‑ум гузоштани комбинатсияи ихтисоси бештар писанд ва ба ҳамин тартиб то 12‑ум), забон ва макони имтиҳонсупорӣ, макони фиристодани даъватнома ва ғайра ба хато роҳ надиҳанд ва пеш аз ҳозир шудан ба нуқтаи бақайдгирӣ интихоби худро муайян кунанд.

Навгониҳои низом дар ин сол хизматрасонии «Пешномнависӣ» дар ҳолати бархат (онлайн) аст. Он имкон медиҳад, ки довталаб маълумоти заруриро барои бақайдгирӣ омода карда, баъдан ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ ҷиҳати расман номнавис кардани худ ҳозир шавад. Барои дастрасӣ ба хизматрасонии «Пешномнависӣ» хоҳишмандони бақайдгириро зарур аст, ки почтаи электронӣ дошта бошанд. Чунин почта барои истифода аз хизматрасонии «Худро бисанҷ» ва барқарор кардани рамзи кабинети инфиродии довталаб низ зарур аст.

Маълумоти муфассалро дар бораи бақайдгирӣ ва низоми ИМД метавон аз дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб», ки дар сомонаи Марказ http://ntc.tj/tj/ ҷойгир карда шудааст, дастрас кард.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: