Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Ҳисор ба муносибати Рўзи Ваҳдати миллӣ 17 иншоот ба истифода дода мешаванд

Дар Ҳисор ба муносибати Рўзи Ваҳдати миллӣ 17 иншоот ба истифода дода мешаванд

23-06-2022, 06:40
Хабарро хонданд: 1292 нафар
Назарҳо: 0
Дар Ҳисор ба муносибати Рўзи Ваҳдати миллӣ 17 иншоот ба истифода дода мешаванд


Бахшида ба таҷлили ҷашни 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Ҳисор 17 иншоот, аз ҷумла як корхонаи саноатии истеҳсоли шифери азбестӣ, чандин муассисаҳои тандурустӣ, марказҳои савдою хизматрасонӣ, сардхона ва дигар намуди иншоот ба истифода дода мешаванд. Дар ин бора 20 июн дар ҷаласаи кории раиси шаҳри Ҳисор иттилоъ дода шуд.

Тавре дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар дар ҷаласаи корӣ аз дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 18 июни соли равон зимни машварати корӣ дар ноҳияи Данғара дода буданд, ёдовар шуда, роҳбарони ташкилоту раёсатҳои давлатӣ ва бахшу шуъбаҳои ҳукумати шаҳрро баҳри иҷрои саривақтии онҳо таъкид намуд.

Дар ҷаласа зикр гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои раванди ободкориву созандагӣ, вазъи душвори кунунии ҷаҳонӣ, дигаргуниву таҳаввулоти вақтҳои охир дар сайёра, таъсири ин омилҳо ба иқтисодиёти мамлакат ва муайян кардани вазифаҳо ҷиҳати ҳалли мушкилоти бамиёномадаро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор доданд ва таъкид намуданд, ки буҳронҳои сиёсии ҷаҳони имрӯза, низоъҳои минтақавӣ, таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратии байни давлатҳо, кам гардидани истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ ва болоравии бесобиқаи нархи онҳо дар баъзе минтақаҳои ҷаҳон, инчунин паҳншавии бемориҳои сироятӣ ҷомеаи ҷаҳонро ҷиддӣ нигарон кардаанд, ки ба мамлакати мо низ бетаъсир буда наметавонад.

Раиси шаҳри Ҳисор вобаста ба дастури Президенти мамлакат ба муовинони соҳавӣ ва сардори раёсати кишоварзӣ супориш дод, ки кишоварзон ба масъалаи беталаф ҷамъоварӣ намудани маҳсулоти ғалладонагиҳо, истифодаи самараноки обу замин ва дар заминҳои обӣ ҳатман ба роҳ мондани кишти такрорӣ, бахусус картошка, маккаи дон ва лӯбиёгиҳо диққати аввалиндараҷа диҳанд. Ҳамчунин роҳбарони зергурӯҳҳои кории 35-солагии Истиқлол, ки аз ҳисоби муовинони раиси шаҳр таъйин шудаанд, таъкид гардиданд корҳои фаҳмондадиҳиро дар шаҳр тақвият бахшанд, ташкилоту муассисаҳо ва ҳар як оила барои таъминоти худ барои ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулот ва барои ду сол захира намудани маводи ғизоӣ чораҳои зарурӣ андешанд, то ки дар фасли тирамоҳу зимистон ба танқисиву муҳтоҷӣ рӯ ба рӯ нагарданд.

Ҳамзамон дар доираи корҳои ободонӣ иваз намудани симчӯбу хатҳои барқ, трансфарматори барқӣ, таъмиру мумфаршкунии роҳҳо дар назар дошта шудааст. Дар Ҷамоати шаҳраки Ҳисор барои бунёди бинои беморхонаи касалиҳои пӯст санги асос гузошта шуда, корҳо дар ин самт оғоз меёбанд.

АМИТ «Ховар»
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: