Дар шаҳри Ҳисор корхонаи истеҳсоли тракторҳо ба истифода дода мешавад11-05-2018, 09:37
Хабарро хонданд: 225 нафар
Назарҳо: 0
Май 11, 2018 08:46 ҲИСОР, 11.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои наздик дар шаҳри Ҳисор корхонаи истеҳсоли тракторҳо ба кор шурӯъ хоҳад кард. Корхонаи мазкур ҶСП «Агротехсервис» ном дошта, фаъолияти худро дар самти истеҳсоли механизмҳои кишоварзӣ, машинаҳои ғаллағундор ва тракторҳо ба роҳ хоҳад монд. Дар ин бора мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Ҳотам РАБИЕВ бо истинод ба суханони Пайрав САЙФИДДИНОВ, мутахассиси бахши саноат, сохтмон ва меъмории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, пас аз ба истифода додани корхона 43 нафар шаҳрвандон бо ҷои кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд. Қисмҳои гуногуни трактор аз Ҷумҳурии Беларус оварда шуда, дар корхонаи мазкур васлу насб мегарданд. Мавриди зикр аст, ки муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Беларус сол то сол рушду густариш меёбанд. Корхонаи истеҳсоли трактор дар шаҳри Ҳисор натиҷаи ҳамкории пурсамари ду давлати ба ҳам дӯст мебошад. Бояд гуфт, ки рушди соҳаи кишоварзиро бидуни техникаи муқтадири ҳозиразамон тасаввур кардан имконнопазир аст. Бинобар ин корхонаи мазкур дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми муносиб хоҳад гузошт. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.