Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Дар ТИ “Ифтихори миллат” нақшаҳо амалӣ мешаванд

Дар ТИ “Ифтихори миллат” нақшаҳо амалӣ мешаванд

22-06-2022, 07:55
Хабарро хонданд: 3042 нафар
Назарҳо: 0
Дар ТИ “Ифтихори миллат” нақшаҳо амалӣ мешаванд
Бо иштироки Юсуфӣ Хайриниссо, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии “Ифтихори миллат” баргузор гардид.

Кори маҷлис бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, тибқи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис натиҷаи фаъолияти ташкилот аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 баррасӣ шуда, нақшаи фаъолияти он барои нимсолаи дуюми соли 2022 муайян гардид.

Зимни ироаи ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ифтихори миллат” қайд карда шуд, ки бахшида ба ҷашнгирии рӯзҳои таърихию ифтихорманд барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таблиғ намудани мактаби бузурги сиёсию меҳанпарастии Пешвои муаззами миллат ба ҷавонон, арҷ гузоштан ба корномаҳои таърихии Роҳбари воқеан мардумӣ, ташвиқи арзишҳои умумимиллӣ, ҳифзи дастовардҳои беназири Истиқлолияти давлатӣ, боло бурдани ҳисси хештаншиносию мукаммал намудани донишҳои сиёсӣ, тарғиби рисолати ватандорӣ ва созандагони асили Ватан гардидани ҳар як ҷавони соҳибиродаи кишвар дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ифтихори миллат” корҳои таблиғотӣ роҳандозӣ гардиданд.

Сипас дар асоси масъалаи сеюми рӯзномаи маҷлис бо тарафдории аъзои ташкилот, Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ифтихори миллат” интихоб гардид. Ҳамзамон бо пешниҳоди аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, Қурбонов Абдуғаффор, муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ифтихори миллат”интихоб карда шуд. Инчунин тибқи масъалаҳои дигари рӯзномаи маҷлис аъзои Раёсати ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ифтихори миллат” иборат аз 7-нафар ва 8-нафар аъзои ҳизб ҳамчун вакил ба Конфренсияи ноҳиявӣ пешниҳод гардиданд.

Дар идома муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайриниссо Юсуфӣ қайд намуданд, ки имрӯз мо мардуми шарафманди тоҷик дар пешорӯи ҷашни воқеан муқаддасу сарнавиштсоз 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор дорем. Дар ин замина тамоми аъзои ҳизбро таҳният намуда, барои амалӣ намудани сиёсати комилу комёби Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барору комёбиҳо таманно намуданд. Ҳамзамон қайд намуд, ки мо аъзои ҳизб бо дарки баланди масъулият сазовори боварии ин фарзонафарзанди миллат бошем ва сиёсату ташаббусҳои меҳанпарваронаи Пешвои миллатро масъулияти ҷонии хеш қарор дода бошем.

Дар анҷом Лалоенов Самандар, аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ифтихори миллат”, барои гузоштани саҳми арзанда дар амалӣ намудани ҳадафҳои Оинномавию Барномавии ҲХДТ бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: