DataLife Engine > Хабари руз, Фаъолияти хизбиён > Конибодом: Табибон фаъолияти назаррас доранд

Конибодом: Табибон фаъолияти назаррас доранд


13-06-2022, 06:54. Разместил: orifi
Конибодом: Табибон фаъолияти назаррас доранд

Бо иштироки Бобоҷонзода Азимҷон Тоир -Раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи марказии шаҳрӣ” маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ баргузор гардид.

Нахуст рӯзномаи маҷлис тасдиқ гардида, аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома ҳисоботи Самиев Ҳусейнбой, раиси ташкилоти ибтидоии “ Беморхонаи марказии шаҳрӣ” оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи ҳисоботӣ аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои минбаъда шунида шуд.

Дар ҳисобот қайд карда шуд, ки давраи ҳисоботӣ барои аъзои ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи марказии шаҳрӣ” давраи амалӣ намудани ҳадафу мақсадҳои нек ба шумор меравад.

Дар ташкилоти ибтидоӣ ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соатҳои сиёсӣ, мизҳои мудаввар ва чорабиниҳои сиёсӣ-фарҳангӣ дар сатҳи баланд гузаронида шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ бо бурдани корҳои таблиғотӣ сафи аъзои ҳизб аз ҳисоби шахсони ватандӯсту хештаншинос зиёд карда шуданд.

Сипас дар музокира 3 нафар фаъолони ҳизб суханронӣ намуда, ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи бачагонаи шаҳрӣ”-ро оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи ҳисоботӣ аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои минбаъда қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Оид ба масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис дар асоси талаботи Оинномаи ҲХДТ 5 нафар аъзои раёсати ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи марказии шаҳрӣ” интихоб карда шуданд.

Бо ҷонибдории аъзои ҳизб ва овоздиҳии кушода Самиев Ҳусейн аз нав раиси ташкилоти ибтидоӣ ва Фозилова Гулбаҳор котиби ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи марказии шаҳрӣ” интихоб карда шуданд.

Оид ба масъалаи чоруми рӯзномаи маҷлис Самиев Ҳусейн, раиси ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи марказии шаҳрӣ” зикр дошт, ки дар асоси барқияи телефонии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом меъёри намояндагӣ ба Конференсияи 26-уми ҳисоботӣ-интихоботии ҲХДТ дар шаҳри Конибодом аз 30-нафар аъзои ҳизб 1-вакил муқарар гардидааст.

Бо ҷонибдории аъзои ҳизб 34 нафар аъзои фаъоли ҳизби ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи марказии шаҳрӣ” ҳамчун вакил ҷиҳати иштирок дар Конференсияи 26-уми ҳисоботӣ – интихоботии ташкилотҳои ҲХДТ дар шаҳри Конибодом интихоб шуданд.

Дар суханронии худ Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом Бобоҷонзода Азимҷон Тоир оид ба тақвияти фаъолияти дохилиҳизбӣ, таблиғу ташвиқи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат, амалишавии қонунҳо, ба хусус Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, иштироки фаъолонаи аъзои ҳизб дар пешбурди ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумати мамлакат ва дигар масъалаҳои муҳим таъкид доштанд.

Гуфта шуд, ки вазъи мураккаби ҷомеаи ҷаҳон аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки баҳри пойдории ваҳдати миллӣ талош намоем. Бо нигаронӣ аз вазъи минтақа ва ҷаҳон ёдовар шуда, қайд намуд, ки ҳодисаҳои ба вуқӯъ омада ба пойдории Истиқлолу озодӣ ва ваҳдати кишварҳои алоҳидаи ҷаҳон хатари ҷиддӣ ворид намуда истодааст. Бинобар ин ҳар як аъзои ҳизбро лозим аст,зиракии сиёсиро аз даст надода ,баҳри пешрафти кишвар ва мустаҳкам нигоҳ сулҳу ваҳдат софдилона

хизмат кунанд.

Дар фарҷом чанде аз табибони фаъол бо сипосномаи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом қадршиносӣ гардиданд ва якчанд табибони ҷавон ба сафи узви ҲХДТ дар вазъияти тантанавӣ пазируфта шудан.
Вернуться назад