Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Фаъолият дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ гардид

Фаъолият дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ гардид

8-06-2022, 08:56
Хабарро хонданд: 146 нафар
Назарҳо: 0
Фаъолият дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ гардид

Дар маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ (МТБО), Илҳомҷон Ҳамидиён, роҳбари Маркази матбуот ва таҳлили Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ширкат варзида, ҳозирин аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 натиҷагирӣ карданд.

Тибқи тартиби баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ масъалаҳои зерин мавриди муҳокимаву баррасӣ қарор гирифтанд:

1. Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ аз ҷамъбасти натиҷаи фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда;

2. Тасдиқи нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбии Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ барои нимсолаи дуюми соли 2022;

3. Интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ;

4. Пешбарии вакилон ба Конференсияи XVII-уми ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ;

5. Масъалаҳои ташкилӣ.

Пас аз интихоби раёсати кори маҷлис ва ҳайати котибот дар доираи масъалаи якуми рӯзнома ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Назриев С. А. дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 шунида шуда, баъд аз муҳокима ва музокирарониҳои аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва баромади раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ Ҳ. Юсуфзода фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ гардид ва ҳозирин доир ба масъалаи якум қарори дахлдор қабул карданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ 23 нафар аъзои ҳизб ба ҳам омада, онҳо дар давраи ҳисоботӣ, дар пайи татбиқи ҳадафҳои барномавию оинномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомоти болоии ҳизбӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гаштаанд.

Дар доираи баррасии масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис бошад, нақшаи кори ташкилоти ибтидоии ҳизбии Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ барои нимсолаи дуюми соли 2022 тасдиқ карда шуд.

Дар доираи масъалаи сеюми рӯзномаи маҷлис, бо назардошти фаъолияти пурмаҳсул ва пурсамари ҳизбии раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ Назриев Сайфиддин Атахонович ва бо таклифи аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Табарова М. ва ҷонибдории ҳозирин, номбурда аз сари нав раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ интихоб гардид ва аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ин масъала низ якдилона қарори дахлдор қабул карданд.

Масъалаи чоруми рӯзномаи маҷлис низ мавриди муҳокимаву баррасӣ қарор дода шуда, аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ бо қабули қарор вакили худро ба Конференсияи XVII-уми ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ пешбарӣ намуданд.

Сипас, дар ҷамъбасти муҳокимаву баррасии масъалаҳои пешбинишудаи маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ, намояндаи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, роҳбари Маркази матбуот ва таҳлили КИМ ҲХДТ Илҳомҷон Ҳамидиён ба сухан баромада, фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии Маркази таъминоти бехатарии озуқавориро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ кард ва диққати аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбиро ба вусъатбахшии фаъолияти ҳизбӣ, риояи интизоми дохилиҳизбӣ, пешгирии истифодаи бемавриди телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби наврасону ҷавонон, нишон додани вокунишҳои саривақтӣ ба маводу матолиби муғризона ва интиқодӣ, бетарафӣ зоҳир накардан дар тарбияи дурусти насли ҷавону наврас, тавсеа бахшидани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ миёни аҳли ҷомеа дар самти пойдории сулҳу субот, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва гиромидошти арзишҳои миллӣ ва ба ин монанд масъалаҳо ҷалб намуда, фаъолияти хуби ҳизбии аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ Абитов Муҳиддинро бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ қадршиносӣ кард..
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: