Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » “Фарҳангчиён” маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор намуд

“Фарҳангчиён” маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор намуд

8-06-2022, 08:54
Хабарро хонданд: 125 нафар
Назарҳо: 0
“Фарҳангчиён” маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор намуд

Дар ташкилоти ибтидоии “Фарҳангчиён”-и назди шуъбаи фарҳанги ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ доир шуд. Дар кори маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Муҳаммаддовуд Ҳалимзода иштирок намуд.

Сараввал, ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Фарҳангчиён” Фахриддин Давлатов оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда шунида шуд.

Бояд қайд намуд, ки дар доираи муқаррароти оинномаи ҲХДТ раиси ташкилоти ибтидоии ”Фарҳангчиён” бо тарафдории аксарияти аъзои ҳизб аз нав раиси ташкилот интихоб гардид.

Сипас раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Муҳаммаддовуд Ҳалимзода баромад карда, оид ба таҳкими фаъолияти ҳизбӣ ва масъулиятнокии ҳар як аъзои ҳизб суханронӣ намуд. Гуфта шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо аъзои зиёда аз ниммиллионнафараи худ яке аз ҳизбҳои пурнуфуз маҳсуб ёфта, дар самтҳои фаъолияти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат нақши муассир дорад. Ҳадафҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Оиннома ва барномаҳои ҳизбӣ ба таври возеҳу равшан инъикос ёфтааст. Ҳизб сохтори комил ва шеваи фаъолияти ба худ хосро доро буда, барнома ва стратегияи давлатмеҳвар асоси фаъолияти мо аст. Қайд гардид, ки ташкилотҳои ҳизбӣ роҳандозии чорабиниҳоро баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ ва ризоияти ҷомеа ҳамеша густариш мебахшанд.

Ҳамчунон нақши аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар рушду пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати мусоидат дар ҳалли мушкилоти мардум хеле назаррас арзёбӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки вобаста ба ҷаҳони муосири зудтағйирёбанда аъзои ҳизбро зарур аст, ки фаъолияти худро бозбинӣ намуда, дар муборизаҳои иттилоотӣ баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ пешқадаму фаъол бошанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: