Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ду ташкилоти ибтидоии ҲХДТ таъсис дода шуд

Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ду ташкилоти ибтидоии ҲХДТ таъсис дода шуд

12-05-2022, 08:03
Хабарро хонданд: 124 нафар
Назарҳо: 0
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ду ташкилоти ибтидоии ҲХДТ таъсис дода шуд


Дар асоси талаботи Конститутсия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” ва Оинномаи ҳизб, кормандони ҶСП “Тоҷиквнештранс” ва ҶСП “Нашриёти муосир” барои таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва пайвастан ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ муроҷиат намуданд.

Дар асоси санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ вобаста ба фаъолияти ҳизбӣ 11-уми майи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи ҶСП “Тоҷиквнештранс” ҷиҳати таъсиси ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар корхонаҳои мазкур маҷлиси муассисон баргузор гардид.

Дар маҷлис роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён оид ба нақши аҳзоби сиёсии кишвар дар ташаккули давлатдории навини Тоҷикистон, хусусан нақши аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар рушду пешрафти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии кишвар ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати мусоидат дар ҳалли мушкилоти мардум ибрози андеша намуданд.

Таъкид гардид, ки вобаста ба ҷаҳони зудтағйирёбандаи муосир ҳизбиёнро зарур аст, ки фаъолияти худро бозбинӣ намуда, дар муборизаҳои иттилоотӣ баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ пешқадаму фаъол бошанд. Зикр шуд, ки обрӯ ва нуфузи ҲХДТ дар ҷомеаи кишвар ва берун аз он бо хизматҳои хастагинопазири Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам аст.

Дар кори маҷлис оид ба самтҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонун, адолати судӣ, ҳимояи манфиатҳои давлат ва баланд бардоштани фарҳанги сиёсию ҳуқуқии шарҳвандон ибрози андеша карда шуд.

Дар кори маҷлиси муассисон роҳбарияти ташкилотҳои ҳизбии “Роҳи умед” ва “Нашриёти муосир” интихоб гардида, шаҳодатномаҳои аъзои нави ҳизб дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: