«Соати сиёсӣ» аз ташаббусҳои навбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Деморкатии Тоҷикистон мебошад, ки дар доираи амалиёти муштарак моҳе як маротиба дар муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон дарсҳои кушод баргузор шуда, давоми як соат бо наврасону ҷавонон оид ба мавзӯъҳои мубрами рӯз суҳбату вохӯриҳо доир мешаванд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон.
«Соати сиёсӣ» дар тамоми муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон доир гардида, дар он шахсони соҳибтаҷриба, олимону коршиносони варзида ба ҳайси маърӯзачӣ даъват карда мешаванд. Нахустин дарси кушоди «Соати сиёсӣ» шанбеи охири моҳи апрел дар ҳама муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ доир гардида, аз ҷониби толибилмону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ҳамовозӣ пайдо намуд. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки наврасону ҷавонон ба донишу иттилоот дар мавзӯъҳои вобаста ба вазъи сиёсии ҷаҳон ва кишвари худ, татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, таъмини волоияти қонун ва ғайраҳо эҳтиёҷи зиёд доранд.
Биноан, нақшаи амалиёти муштарак оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафҳои баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонони 12-24 сола, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳувияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу омӯзгор ва инчунин, ҳавасмандгардонии шахсони дорои имконияти хуби иқтисодӣ барои татбиқи амалии барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф, дастгирии техникию ташкилии мактаби (муассисаи таълимии) хатмкардаи худ ва мутобиқ гардонидани он ба талаботи стандартҳои муосири таҳсилотро дар бар мегирад.
Тибқи мушоҳидаҳо, дар ноҳияи Ёвон ташаббусҳои ҳизбии «Соати сиёсӣ» ва «Мактаби ман» дар сатҳи хуб баргузор гашта, натиҷаҳо назаррас мебошанд. Аллакай чанде аз хатмкардагони муассисаҳои таълимии ноҳия барои ободии муассисаҳои таҳсилкардаи худ саҳми муассир гузоштанд ва ин ташаббус дар ҳудуди ноҳия ҷонибдории комил ёфта истодааст. Дар баргузории ташаббуси «Соати сиёсӣ» шахсони маъруфу шинохта бо масъулияти хосса иштирок карда, дар тарбияи наврасону ҷавонон нақш мегузоранд.
«Дарвоқеъ, «Соати сиёсӣ» ҷиҳати баланд бардоштани савияи донишҳои сиёсӣ ва сатҳи ҷаҳонбини наврасону ҷавонон нақши бориз дошта, имкон медиҳад, ки ҷавонон ба василаи муколама бо шахсиятҳои маъруф роҳи минбаъдаи худро интихоб намоянд. Ҳамчунин фаъолони ҳизб дар доираи дарсҳои кушоди «Соати сиёсӣ» аз миёни наврасону ҷавонон намояндагони ояндаи ҳизбро интихоб менамоянд, ки ин ҳам яке аз ҳадафҳои роҳандозӣ гардидани «Соати сиёсӣ» дар муассисаҳои таълимӣ арзёбӣ мегардад», – мегӯяд сарвари МТМУ №49 ноҳияи Ёвон Сабоҳат Каримзода.
Дар ин амалиёти муштарак ҷиҳати ҷалби соҳибкорону шахсони саховатманд саҳми ҳизбиён, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ хеле калон аст. Мақсад аз ин гуна ташаббус таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ ба мактабу маориф ва фароҳам овардани шароити мусоид барои наврасону ҷавонон мебошад.
Ба андешаи директори Литсейи давлатии рақами 1-и шаҳри Бохтар Шоиста Сангинова амалиёти «Мактаби ман» иқдоми саривақтӣ буда, хатмкардагони муассиса бори дигар ба мактаби таҳсилкардаи худ рафта, давраҳои мактабхонии худро ба ёд меоваранд, бо омӯзгорон вохӯрда, суҳбати самимӣ ташкил менамоянд, ки мактабу омӯзгор инҷо арҷгузорӣ мешавад ва ба ин васила проблемаҳои муассиса ҳалли худро пайдо мекунанд.
«Аз ташаббусҳои басо муҳими дигар «Соати сиёсӣ» мебошад. Вобаста ба мавзӯъҳои соати сиёсӣ омӯзгорон дар машғулияти худ гуфта мегузаштанд, аммо имрӯз хонанда ин гуфтаҳоро аз забони шахсиятҳои баруманди касбу кори гуногун мешунавад, ки таъсираш бештар хоҳад буд. Ба ташкилкунандагони ин ташаббус, хусусан ба роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон изҳори сипос менамоем, ки чунин иқдоми хеле муфидро роҳандозӣ кардаанд» — иброз намуд Шоиста Сангинова.
Дар доираи амалиёти муштараки «Мактаби ман» аз ҷониби хатмкардаи Литсейи давлатии 1-и шаҳри Бохтар, роҳбари Ширкати “3333” Умед Исматов ба муассисаи мазкур маводи сохтмонӣ дар ҳаҷми даҳ ҳазор сомонӣ барои таъмири фарши толори варзишӣ дастрас гардид. Мавсуф аз ин ташаббуси ҳизбӣ истиқбол карда, иброз дошт, ки «муҳайё кардани шароити варзишӣ барои ҷавонону наврасон хеле муҳим аст, зеро варзиш- ин солимии тану рӯҳ мебошад. Аз ин хотир тасмим гирифтам, ки дар таъмири варзишгоҳи муассиса кумак намоям. Маҳз меҳру муҳаббати мактаб, устодон, фарзандон маро водор намуд, ки ин иқдомро пеш гирам. Ҳар яки мо агар ба қадри имкон барои ободии мактабамон саҳм гузорем, беҳтарин кор мешавад. Мо набояд дар ҳалли камбудиҳо танҳо такя ба Ҳукумат ва Роҳбари давлат намоем. Ҳамчун фарди ватандӯст ҳар яки мо бояд ба қадри тавон дар корҳои ҷамъиятӣ фаъол бошем. Дар гузашта ҳам ба мактаб меомадам, аммо ин ташаббуси ҳизбӣ масъулияти маро бештар кард. Оянда низ дар чунин ободкориҳо фаъол хоҳам буд», изҳор дошт Умед Исматов.
«Ташаббусҳои ҳизбии «Соати сиёсӣ» ва «Мактаби ман» аз ҷумлаи беҳтарин иқдомҳост. Хусусан дар доираи ташаббуси «Мактаби ман», ки хеле зарурист, баъзе норасоиҳои мавҷудаи мактаб бо саҳми хатмкардагон бартараф карда мешаванд. Дар чорабиние, ки ҳафтаи сипаришуда дар муассисаи мо баргузор шуд, 15 нафар хатмкардагон ҳузур доштанд. Аллакай яке аз онҳо Суҳроб Асламов кумаки беғаразонаи худро расонид ва боварӣ дорам, ки ба ин кори хайр дигар хатмкардагон низ ҳамроҳ мегарданд» — изҳор дошт директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 шаҳри Бохтар Саломат Эргашова.
Амалиёти «Соати сиёсӣ» ва «Мактаби ман» ҳафтаи охири соли таҳсили 2021-2022 дар тамоми муассисаҳои ҳудуди вилояти вилояти Хатлон баргузор гаштанд ва ин ташаббусҳо аллакай дар тамоми гӯшаи вилоят ҳамовозӣ пайдо кардаанд.