Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ташаббуси нави ҲХДТ: “Роҳ ба сӯи маориф”

Ташаббуси нави ҲХДТ: “Роҳ ба сӯи маориф”

21-04-2022, 07:36
Хабарро хонданд: 1181 нафар
Назарҳо: 0
Ташаббуси нави ҲХДТ: “Роҳ ба сӯи маориф”

Ташаббуси нави ҳизбӣ –“Роҳ ба сӯи маориф” зери ҳамин унвон Нақшаи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ имрӯз байни масъулини кумитаҳои иҷроияи ҳизб ва маориф дар шаҳри Бохтар муаррифӣ гардид. Дар ин ҳамоиш раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва мудирони маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.



Мақсади амалиёти мазкур баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонони синни 12-24 сола, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳувияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу омӯзгор ҳамчунин, ҳавасманд гардонидани шахсиятҳои дорои имконияти хуби иқтисодӣ барои татбиқи амалии барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф, дастгирии техникию ташкилии мактаби (муассисаи таълимии) хатмкардаи худ ва мутобиқ гардонидани он ба талаботи стандартҳои муосири таҳсилот мебошад.

Дар ин чорабинӣ Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон рӯнамоии амалиёт ва нақша-тақвими чорабиниҳоро манзури иштирокдорон гардонид, ки тибқи он фаъолият ба таври доимӣ минбаъд роҳандозӣ хоҳад гашт.

Соати сиёсӣ

Гуфта шуд, ки дар ташаббуси аввал баргузории дарсҳои кушод зери унвони «Соати сиёсӣ» барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти асосӣ ва миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ дар назар дошта шудааст.

Дар “Соати сиёсӣ”, ки тибқи нақша дар як моҳ як маротиба доир мегардад, аслан мавзӯъҳои ба монанди асосҳо ва дастовардҳои сиёсии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ, вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон дар як моҳи охир, экстремизм ва тундгароӣ дар ҷомеаи муосир ва таъсири онҳо ба ҷомеаи солим, ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ, амнияти иттилоотӣ, идеология, асосҳои идеологии кишвар, эҳтиром ба мақоми мактаб, илму маориф ва омӯзгор мавриди омӯзиш қарор мегиранд.
Ташаббуси нави ҲХДТ: “Роҳ ба сӯи маориф”
Ба сифати омӯзгор дар “Соати сиёсӣ” вобаста ба мавзӯъҳои интихобшуда олимон, муҳаққиқон ва ё омӯзгорони соҳибтаҷриба ва собиқадори риштаи ҷомеашиносӣ, кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии (шаҳрии) ҲХДТ, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, коршиносон, ходимони сиёсӣ, собиқадорони соҳаи идоракунӣ, сиёсат ва дигар соҳаҳои дахлдор, шахсони соҳибтаҷриба, ки ба мавзӯъҳои интихобшуда робитаи касбӣ доранд, ҷалб мешаванд.

Мактаби ман

Зимнан раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иброз дошт, ки ташкил намудани вохӯриҳои мунтазами хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ зери унвони «Мактаби ман» ва бо ин васила ҷалби шахсиятҳои дорои имконияти хуби иқтисодӣ ба бунёдкорию созандагӣ ва дастгирии техникии муассисаҳои таълимӣ ташаббуси дуюм маҳсуб меёбад ва ҳавасманд гардонидани шахсиятҳои дорои имконияти хуби иқтисодӣ барои татбиқи амалии барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф, дастгирии техникию ташкилии мактаби (муассисаи таълимии) хатмкардаи худ ва мутобиқ гардонидани он ба талаботи стандартҳои муосири таҳсилот мебошад.

Гуфта шуд, ки ҳар се моҳ як маротиба вохӯрии хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ зери унвони «Мактаби ман» доир мегардад. Вохӯрии мазкур тариқи даъвати хатмкардагон тавассути дӯстон ва ҳамсинфон ташкил карда мешавад. Барои дарёфти маълумот бойгонии муассисаи таълимӣ ва шахсони наздику дӯстон истифода мегардад.

Зимнан, Сафарзода Ғазалшоҳ, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон ба дастандаркорони ташаббуси мазкур изҳори сипос намуда, дар шароити имрӯз роҳандозӣ намудани онро саривақтӣ ва муҳим донист. Иброз дошт, ки пешрафти ҷомеаи муосир ба хизмати омӯзгор вобастагӣ дорад. Ҳамчунин дар амалишавии ин ташаббус сарварони муассисаҳои таълимӣ бояд фаъол бошанд.

Ҳамчунин, чанде аз иштирокдорон низ перомуни ташаббуси мазкур андешаҳои хешро баён дошта, ба суолҳои хеш ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: