
ДАНҒАРА : Бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасону ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи Ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу омӯзгор, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №75 – и ҷамоати деҳоти Корез, бо иштироки мудири шуъбаи омори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара, директори Муассиаи таҳсилоти миёнаи умумии №75, Ашуров Таваралӣ, миёни хонандагон “Соати сиёсӣ” доир карда шуд.
Зимнан директори Муассиаи таҳсилоти миёнаи умумии №75, Ашуров Таваралӣ, вобаста ба маъалаҳои ҷудошуда, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва ҳуввияти миллӣ, вазъи бавуҷудомада дар ҳамсоякишвар - Афғонистон ва таҳдидҳои он ба Тоҷикистон, ҳамчунин, мавҷудияти низоъ бо Қирғизистон, фишангҳои муқовимат бо гурӯҳҳои ифротӣ суханрони намуданд.